​Гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ мекунем

Чӣ хеле, ки маълум аст, санаи 23 декабри соли ҷорӣ Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамасола бо Паеми худ ба Маҷлиси олӣ баромад карда,қайд намуданд, ки соли 2022 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқи тоҷик як соли пурбарор буд.Ба гуфти Ҷаноби Олӣ:”Стратегияи миллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароидавраи то соли 2030” ва “Барномаи миенамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд”.

Бояд гуфт, ки Пешвои муаззаит миллат дар ҳамаи баромадҳояшон басоҳаи маориф диққати махсус медиҳанд ва ҳамаи дастуру супоришҳояшон ба манфиати кор буда дар пешрафт ва рушди ин соҳа нақши муҳим мебозад. То имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои мӯҳтарам Пешвои миллат барои пешрафти соҳаҳои илму маориф корҳои зиед ба анҷом расонида шуд, ки Президенти кишвар дар ин бора дар Паемашон қайд намуда, таъкид карданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунеду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.Боиси хушнудист, ки дар баробари ин, мӯҳтарам Президент супориш доданд, ки маоши омӯзгорон баланд бардошта шавад.

Аз ин рӯ, мо, омӯзгоронро зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии донишҷӯен кӯшиш ба харҷ диҳем, тадбирҳои иловагиро ба роҳ монем ва дар баробари ин ба тарбияи онҳо диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешем. Мо бояд андешаҳои сарвари давлатро дар бораи роҳҳои таъмин кардани пешрафти давлатамон, ободии Ватан ва, муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифатизиндагии мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон сармашқи кори худ қарор дода, фаъолиятамонро дар ин самт пурзӯртар намоем, то ин ки кишвари азизамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем. Шиори мо: “ТОҶИКИСТОН – БА ПЕШ!”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ