Паёми Пешвои миллат - раҳнамо сармашқи фаъолият

Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, Паём додан, яъне, мустақилона муайян кардани сарнавишт, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагон дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то ба ҳол роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Дар Паёми имсола ҳам шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози наву баландарзиш гардидем, ки моро ба шукуфоиву ободонии бештар мерасонанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳо дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли он ҳарф заданд.

Сарвари давлат зикр карданд, ки соли 2022 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таърихӣ буд. Новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 сокинони кишвар бо меҳнати ҳалолу софдилона дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятҳо ноил гаштанд. Чунончӣ, дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳувият ва ифтихори миллии ҳар як сокини мамлакат баланд аст.

Дар баробари зикри дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пешравиҳои бахши инфрасохтори соҳаи маориф, рушди имкониятҳои сайёҳӣ, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои терроризму экстремизм ва ҳифзи суботу оромии кишвар, нуктаи меҳварии Паёми Пешвои муаззами миллат ин масоили марбут ба таҳкими маърифатнокии аҳли ҷомеа-рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо маҳсуб меёбад. Маҳз барои тақвият бахшидани ин раванд Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки “...ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.”

Воқеан, китоб сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар арзёбӣ мегардад. Тавсифи китоб дар осори бузургони мо мавқеи калидӣ дошта, пешрафти маънавии миллат аз он сарчашма мегирад. Китоб махзанест, ки барои кушодани дарҳояш омӯхтани рамзҳо шарт нест. Дохил гардидан ба ин масир насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад. Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид менамоянд: «Кас ҳамон вақт ҳукмрони олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад». Ба ин маънӣ Расул Ғамзатов мефармояд: «Халқи бе китоб мисли инсонест, ки оина надорад вай рӯйи худро дида наметавонад».

Таваҷҷӯҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобхонӣ ин ҷалби бештари хурду бузурги кишвар ба мутолиа мебошад, зеро омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани аҳли ҷомеа маҳз китобдӯстӣ буда, ин ганҷинаи беминнат қобилияти сухандониву суханрониро сайқал, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ҷониби дигар оммавигардонии ин шуғли писандида эҳёи анъанаи неки ниёгони пурифтихорамон мебошад, зеро тоҷикон миллати китобдору соҳибтамаддун эътироф гардидаанд. Ин нукта низ дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр шуд: “Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда, ба шумор мераванд”.

Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқ, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар соҳибватан мебошад ва ин масъала дар Паёми Президенти мамлакат махсус зикр гардид. Барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо, муаррифии ҳар чӣ бештари мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар ба аҳли олам ба масъулин дастурҳо дода шуд.

Зимнан, мо, кормандони соҳаи маориф Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолият қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷидду ҷаҳд хоҳам кард.

Манзура АКИЛОВА,

сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони русии

МД «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Fафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ