Патриоти Ватани худ бояд бошем!

Барои халқи тоҷик анъана гардидааст,ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паем ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дорад. Паём ба Маҷлиси Олӣ барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Яке аз масъалаҳои афзалиятнок дар Паеми имсола масъалаи маориф маҳсуб гардид.Таъкид гардид,ки пешрафти давлату миллат аз рушди соҳаи маориф вобастагии калон дорад.Барои ин мебоист ба сатҳи таълиму тарбия, дараҷаи касбомӯзии ҷавонон , баланд бардоштани соҳаи иқтисодиети рақамӣ таваҷҷӯҳи хоса дод. Ва ин албатта бояд тавассути роҳандозии барномаҳои гуногуни давлатию хоричӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Дар як нуқтаи худ Ҷаноби Олӣ зикр намуданд,ки мо бояд ташаббускор-патриоти соҳаи худ бошем,то ки барои рушди ватани худ саҳми арзанда гузорем.Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро зарур аст,ин гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода,барои баланд бардоштани ин соҳаи афзалиетноки кишвар ташаббускор бошем. Ба таълиму тарбия,касбомӯзии насли ҷавони миллати бузург,нерӯи созандаи кишварамон қувваю дониши худро равона карда,онҳоро ба рушди кишвари ҷавонон-Тоҷикистони азизамон сафарбар намоем. То ки ҷавонон минбаъд обрӯи давлати худро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуда,парчамбардори ватани худ гарданд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавассути доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ дар кишвар мебошад.

Ҳакимова З.А., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ