Арзишҳои тарбиявии асарҳои Пешвои миллат Осори арзишманди Пешвои миллат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд. Яке аз ин гуна асарҳо “Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён” мебошад, ки дар он таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмӯҳтавои олимони ватанию хориҷӣ бо риштаи таҳқиқи кашида шудааст. Агар фарогири массоили таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қавми ориёнажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён мебошад.

Омӯзиши ин асар дар мавриди тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ватанпарвариву ваҳдатгароӣ беназир аст.

Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллат ба ахлоқ ва дониши онҳо сахт марбут аст, омӯзиши таърихи ниёгонро яке аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб медонанд. “Як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешрӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд”.

Пешвои миллат сарчашмаи наби тарбиявро дар омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих аз ҷониби насли муосир медонад. ӯ таъкид менамояд, ки дар камолоти инсон ва ҷомеа донистани таърихи гузашта аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Масалан, барои мо ҷавонони имрӯза донистани он муҳим аст, ки гузаштагони бонангу номуси мо дар ҳама ҳолатҳои тоқатфарсо, ҳатто таҳти тасарруфи дигар давлату халқият буданаш волоияти забону фарҳангашро пос медошт ва намегузошт, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Назари нек, муҳаббат ва самимияти комиле, ки Пешвои миллат нисбати таърихи халқи тоҷи дорад, ибрати бузургест ба мо ҷавонони имрӯза.

Пешвои миллат дар яке аз асари пурарзиши худ “Аз Ориён то Сомониён” аз умқи қалбашон чунин гуфтаанд: “Ман аз саҳифаҳои кӯҳани таърихи диёр аз осори шаҳистонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду ҷанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақаҳои таърих панде биомӯзам”.

Пешвои миллат бо таълифи китоби хеш насли имрӯзаро даъват менамояд, ки аз корномаи гузаштагон ибрати ватандорӣ лмӯзанд.

Китоби дигари Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Дар ин китоб Пешвои миллат дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчун фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву длери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ ва ватанориро такмил медиҳад.

Чеҳраҳои мондагор беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чӣ аз лиҳози мазмуну мундариҷа, ва чӣ аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст, ки дар зоти худ ноҳамтост. Дар ин китоб 25 нафар чеҳраи мондагори тамаддуни олам, барои имрӯзиён муаррифи гардидаанд. Дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат дар бораи Зардушт – паём бари оини ростин, Монӣ – наққоши беҳамто, Маздак – пешвои мардумдӯсти Эрони бостон, Муҳаммад паёмбари дини бар ҳақ, Имоми Аъзам асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро Исмоили Сомонӣ – абармарди хтрад ва сиёсат бо санаду далелҳои раднопазири таърихӣ изҳори назар мекунад. Омӯзиши зиндагиномаи ин чеҳраҳои ҷаҳонӣ ба мо ҷавонони имрӯза нерӯ, боварӣ ва эътимод ба худ эҷод мекунад. Ҳамин тариқ, китоби “Чеҳраҳои мондагор” мо тоҷиконро бо таърихи воқеии миллати тоҷик, корномаҳо, ва пойдории миллати мо ошно месозад.

Бобоҷонова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ