Осори Пешвои миллат - рамзи сарфарозии миллист!

Дар замоне, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ тамоми гӯшаву канори оламро ба коми худ кашидааст, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу оини ниёгон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Пешсафони ин раванд кишварҳои ҷаҳон ба мисли Амрико, Фаронса, Чин, Ҷопон ва ғайра мебошанд, ки бо доштани ниҳодҳои тавоноӣ ақлонӣ дар бозори фановариҳои ҷадид ҳарфи аввалро мезананд. Ҳадафи асосии онҳо дастёбии комил ба бозорӣ ҷаҳонӣ ва сарватҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол инҷониб тавассути ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар фазои озод парвози осоишта дорад. Раванди ҷаҳонишавӣ, яъне фарҳанг ва маданияти пешрафтаро пайравӣ кардан на танҳо ба давлат, балки ба миллат таъсири худро мерасонад. Надонистани сарнавишти миллати худ, ноогоҳӣ ва носипосӣ ба мероси маънавӣ ва фарҳангии ниёгон ба инкори ҳақиқат, бегонапарастию носипосӣ нисбат ба дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. Дар чунин вазъият нақши фарҳанг, ташвиқу тарғиби саривақтӣ, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Дар чунин маврид асарҳои Пешвои соҳибтадбиру дурандеши миллат гаронбаҳову ҳидоятгари саҳеҳ аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, мафкураи ҷомеаро заҳролуд месозанд, баъдан ҳисси нобовариро дар умқи қалби шахс ҷой дода, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Бинобар ин, мутолиа ва омӯзиши асарҳои Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон мардумро аз ҷоҳиливу ноогоҳӣ аз асли масири сиёсӣ раҳо намуда, дар замири ҳар фарди Тоҷикистон ҳисси ватандӯстиро афзун месозад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик чунин қайд карда шудааст: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат - ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».

Дар тули 30 соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи асолати миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фаъолияти босамар дар самти тарғибу эҳёи фарҳанги миллӣ ба таълифи осори гаронбаҳои пурарзиши маънавибунёд саҳм дорад. «Чеҳраҳои мондагор» аз ҷумлаи он осорест, ки зарурати донистани гузаштаро талқин менамояд ва дар қалбу шуури хонанда меҳру муҳаббат, садоқату рафоқатро бар Ватан бедор месозад. Таъкидҳои пайвастаиПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз даст надодани зиракии сиёсӣ моро ҳама вақт ҳушдор менамояд, ки ба таърихи гузаштаю наздики мамлакат, вазъи имрӯзаи он, ба ҷаҳони босуръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табии, инчунин ба хатари қувваҳои иртиҷоӣ– экстремистон, ифротгароӣ ва террористӣ аз назари ақлу фаросат нигоҳ карда, ба қадри Ватани азизамон, сарзамини аҷдодиамон, сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва неъматҳои беинтиҳои даврони Истиқлол бирасем. Ғафлат, беэътиборӣ, қадрношиносӣ, носипосии андак метавонад хушбахтию саодат ва осудагии моро халалдор созад. Шинохтани симо ва сирати миллии мо барои асолат ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ аҳамияти муҳим дорад. Ифтихор аз он дорем, ки дар кишвари ободу зебо умр ба сар мебарем, фазои ороми сиёсии моро Пешвои миллат сарвари ботадбиру заковатпеша Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонааш муњофиз аст.

Асари дигари барои халқу миллати тоҷик пурарзиш «Забони миллат - ҳастии миллат» мебошад. Агар Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошта бошад, Эмомалӣ Раҳмон тавассути таълифи асари «Забони миллат - ҳастии миллат» барои таҳким ва арҷгузорӣ ба он саҳми босазо дорад. Сиёсати босамари фарҳангӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва аз аҳли илму фазл будани сиёсатмадорони замон боис гашт, ки дар даврони Истиқлолият забони тоҷикӣ наҳзату шукуфоии бесобиқаи аҳди Сомониёнро эҳё намояд. Пешвои миллат ҳамчун ҳомии таъриху фарҳанг ҷавонони кишварро ба забондонӣ, забонпарварӣ ва забонпарастӣ даъват менамояд. Ғамхории пайвастаи роҳбари давлат ба забон ҳамчун рукни асосии давлат ва бинои асосии ҳастии миллат боис гардид, ки забони тоҷикӣ аз муҳити хонавода берун омада, то ба анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ вусъат ёфт. Асари «Забони миллат-ҳастии миллат» кулли сокинони кишварро ба ҳамин рӯҳия тарбия намуда, омӯзиш, парвариш, парастиш ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикиро дар дили ҳар фарди ҷомеа бедор месозад. Истиқлолият ва Ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ торафт таҳкиму густариш меёбад. Пешрафту пирӯзиҳои имрӯза ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Дар осори пурарзиши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба забон, оину фарҳанги ниёгон ва кӯшиш ба хотири густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ҳамчун вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат зикр гардидааст. Ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми - сарчашмаи бахту иқболи сокинони кишвар ва пешрафту ташаккули давлатдории миллӣ аст.

Асарҳои Пешвои хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон арзиши муқаддаси миллӣ дошта, пойдевори ҳастии миллати тамаддунсози тоҷик ва ба наслҳои оянда рамзи сарфарозӣ мебошад. Бинобар ин, даъват ба амал бароварда мешавад, ки ҷавонони кишвар ба ин мероси гаронбаҳои миллӣ рӯ оваранд.

Зилола Комилова сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ