90 солии дастовардҳо

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз нахустин марказҳои маълумоти олии ҷумҳурӣ ҳисоб меёбад, аз рўзҳои аввалини таъсисёбиаш сар карда то ҳол вазифаҳои хешро дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумот, тадқиқоти соҳаҳои мухталифи илм ва парвариши кормандони илмию педагогӣ бо сарбаландӣ иҷро карда меояд».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Ба таъсиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли равон 90 сол пур мешавад. Ин замон дар назди таърих вақту давраи зиёд агарчӣ набошад, вале дар назди фаъолияти ин боргоҳи таълиму тадрис ва илму маърифат давраи хеле бисёр муҳим маҳсуб меёбад. Дар ин давраи таърихӣ донишгоҳ чанд маротиба ивази ному мақом намудаву фаъолияти худро идома додааст. Аз ҷумла, агар соли 1932 Институти олии педагогии Хуҷанд дар заминаи курси дусолаи муаллимони мактабҳои миёна таъсис ёфта бошад, пас соли 1938 унвони Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров гирифт. Бо ин унвон донишгоҳ то соли1991 фаъолияти пурсамар намуда, барои тайёр кардани омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтахассус ба халқу давлат хизматҳои шоистаро таъмин намуд. Бешубҳа дастпарварони донишгоҳ дар ин замон ҳамчун сиёсатмадонрон, арбобони ҳизбию давлатӣ, ҳарбӣ, дипломатҳо, олимон, нависагдагону шоирон, рӯзноманигорон, ҳунармандон, ихтироъкорон, рассомону эҷодкорон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию мадании кишвар саҳми боризи худро гузошата, ҳамчун номбардорони ин боргоҳи маърифат фаъолият бурдаанд.

Албатта бояд таъкид намуд, ки дар таъсису ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ин боргоҳи бонуфузи маърифат шахсият ва фарзандони фарзона ва ташаббускору роҳнамо саҳми босазо гузоштаанд. Дар ин замина саҳми босазо ва маслиҳату ҳидоятҳои муфиди Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров низ назаррас аст. Дар ин бобат доктори илмҳои таърих, профессор Ғафур Ҳайдаров таассуроти худро доир ба сӯҳбату вохӯриҳо ва мулоқотҳояшро дар рисолаи “Тақдирҷунбон” чунин баён менамояд: “Ду фарзанди фарзонаи халқи тоҷик – Бобоҷон Ғафуров ва Султон Умарӣ ҳам мактаби олии имтиёзнок – университет (Дорулфунун) таъсис ёбад. Ин андешаҳои наҷибро борҳо аз забони худи он мардони хирад шунида будам. Бинобар ин ҳалли масъалаи ба ИДПЛ (Институти давлатии педагогии Ленинобод) додани статуси университет (соли 1991) саҳми ҳардуи ин алломагон хеле ва хеле калон мебошад”.

Доир ба таваҷҷӯҳи аллома Бобоҷон Ғафуров ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд зиёд буда, моҳи майи соли 1966 ба донишкада ташрифи эшон мушоҳида мешавад. Ҳангоми мулоқоти худ академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада чунин қайд намуда буд: “Институти педагогии Ленинободяке аз мактабҳои олии аввалини Тоҷикистон дар сабзи расонидани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ шӯҳрат пайдо кардааст, дастпарварони вай дар куҷое, ки набошад, ба эҳтироми халқ сазовор гардидаанд”.

Аллома Бобоҷон Ғафуров аз рӯзҳои аввали Сарвари сиёсии ҳизбию давлатӣ расидан дар солҳои 1946-1956 ва баъди он ба вазифаи Директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ будан дар солҳои 1956-1977 ҳамеша аз фаъолияти донишкада ва тарбияи мутахассисон, бахусус олимон ва дастпарварони соҳаи гуманитарию ҷомеашиносӣ бохабар буд. Бобоҷон Ғафуров хатмкардагони болаёқати соҳаи мазкурро барои таҳсил ба аспирантура тавсия менамуд, аз ҳоли онҳо бохабар мегардид, барои дифои рисолаи номзадӣ кӯмак мерасонд. Ҳамзамон бо устодони донишгоҳ робитаҳои мустақими бевоситаю хаттӣ дошта, ба дифои рисолаи докториашон дасти мадад мерасонд, барои татқиқоти минбаъдаи онҳо роҳнамоӣ мекард. Ҳангоми мулоқоти худ бо устодону донишҷӯёни донишкада Бобоҷон Ғафуров чунин қайд намуда буд: “муаррихони тайёркардаи шумоён писандидаи ҷомеаъанд.Ман мехостам, ки таърихшиносон ва ҷомеашиносони донишкадаи Ленинобод ба татқиқи проблемаҳои ҳалталаби таърихи умумии башар, Тоҷикистони муосир ва сарнавишти ниёгонамон, алалхусус, таърихи инкишофи ноҳияҳои шимолии ҷумҳурӣ фаъолтар ширкат варзанд. Саҳифаҳои бисёри таърихи кӯҳани тоҷикони байни ду водиҳои Фарғонаю Зарафшон ва ҳодисаҳои аҷоибу ғароиби дар ин ҳудуд то ҳол ҳамаҷониба омӯхта ва ҷамъбаст карда нашудаанд”.

Ҳамин тариқ, бо чунин ҳидоятҳои мондагор ва ғамхоронаи аллома Бобоҷон Ғафуров буд, ки олимон ва муҳаққиқони варзидаи минбаъда, аз ҷумла Ғафур Ғайдаров, Абдураззоқ Турсунов, Шарифҷон Аҳмадов, Ҳабибулло Холҷӯраев, Наримон Акрамов, Ӯктамҷон Пӯлодов, Абдулмаҷид Қодиров, Турдибой Рӯзиев, Саъдулло Абдуллоев ба гирифтани дараҷаи илмии докторӣ комёб шудаанд.

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар фаъолияти пурсамари донишкада ва самти таълимиву илмии худро дигар карда, саҳифаи наверо оғоз намуд. Раёсати донишкада тасмим гирифт, ки ба Комитети Марказии ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз 30 марти соли 1991 мактуб навишта, иқтидори илмиву зеҳнӣ ва таълимии донишкадаро ба инобат гирифта, онро ба донишгоҳ табдил додан кӯмак намояд. Аз ҷумла, дар мактуби мазкур чунин мазмун омадааст, ки онро аз рисолаи профессорон С.Абдуллоев ва Ҳ.Холҷӯраев, ки ба таърихи донишгоҳ бахшида шудааст, иқтибос меорем: «Мо, иштирокчиёни ҷаласаи кушоди ҳизбии Донишкадаи давлатии омўзгории ба номи С.М.Киров, ки 30 марти соли 1991 баргузор гардид, аз номи намояндагони бисёрҳазорнафараи ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷўён ба Шумо дар мавриди дархостимақомоти ҳизбӣ ва давлатии вилоятӣ оиди табдили донишкадаи мо ба донишгоҳидавлатӣ муроҷиат менамоем.

Ба иртиботи ин, қаноатмандии амиқи хешро изҳор намуда, итминон дорем, ки масъалаи мазкур, ки муддати дуру дароз аз ҷониби ходимони илмӣ – омўзгорӣ, оммаи вилоят ба миён гузошта мешавад, аз ҷониби Шумо дастгирӣ ва таваҷҷўҳи заруриро пайдо намуда, дар мўҳлатҳои наздиктарин ҳалли мусбати худро меёбад.

Имрўз маҳз донишкада, ки дорои шумораи зиёди донишмандони соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ, пояи зарурии таълимию моддӣ, тадқиқотӣ мебошад, нақши ҳалкунанда дар тайёр кардани мутахассисони гуногунихтисос, инкишофи илмҳои бунёдӣ хоҳад дошт.

Таъсиси донишгоҳ дар шимоли Тоҷикистон, ба андешаи мо, барои рушди фарҳангии миллат мусоидат намуда, шаҳодати ғамхории навбатии ҳизбу ҳукумат барои инкишофи ҳаёти маънавии халқ хоҳад шуд. Ба ҳалли мусбати масъала аз ҷониби Шумобоварӣ дорем, то ки дар рўзҳои наздиктарин кори омода намудани ҳайати профессорону устодон, пояи таълимию моддӣ барои кушодани факултаҳои нав ва гузаронидани маъракаи қабули донишҷўён дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вусъат дода шавад”.

Пешниҳодҳоиҷомеаи донишгоҳ ва кумитаҳои намояндагии халқии вилоятӣ, ҳизбиро ба назар гирифта, бо қарорҳои махсус дар донишгоҳ факултетҳои тиббию иқтисодӣ таъсис дода шуданд. Тибқи қарори Президенти Тоҷикистон кумитаҳои иқтисодӣ, Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати молияи кишвар барои аз ҷиҳати моддию техникӣ таъмин намудани додани донишгоҳ муаззаф шуданд. Аз моҳи июни соли 1991 то моҳи апрели соли 1997 Донишгоҳ фаъолият бурда, барои вусъат додани он тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида шуд.

Дар ҷавоб ба мактуби Президенти Тоҷикистони Қаҳҳор Маҳкамов бо фармони худ аз 13 июни соли 1991 дар бораи табдил додани Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М.Киров ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба тасвиб расид. Ин иқдоми муҳим тамоми устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро рӯҳбаланд намуда, барои боз ҳам вусъат додани кору фаъолиятро дар самти илму тадқиқот, омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мувофиқ ва ба роҳ мондани таълиму тадриси муфид замина гузошт. Зеро ба ин гуна шароити ба талаботи замон ҷавобгӯ иқтидори моддию техникӣ ва зеҳнии ҳайати профессорон ва устодони донишгоҳ мерасид.

Дар рисолаи “80 зинаи камолот”, ки ба 80-умин солгарди таъсиси донишгоҳ бахшида шудааст, қайд мегардад, ки “Мо намояндагони мактабҳои олию миёна, муассисаҳо, ташкилотҳо корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва вилояти Ленинобод имрўз гувоҳи воқеаи муҳими таърихӣ-таъсиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гардидем.

Дар вуҷуди мо футуҳоти фарҳангу хирад амри маъруф гардид, ғунчаи орзуи аҳли маърифат шукуфт

Таъсиси дуюмин донишгоҳ дар ҳаёти илмӣ, маданӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба аҳамияти фавқулодда бузург молик аст. Он ба вусъати ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз як тараф, илм, маориф, маданият, адабиёт, санъат, аз тарафи дигар, иқтисодиёт ва саноат мусоидат хоҳад кард. Донишгоҳ ҳазорон нафар ҷавонону наврасонро, ки ояндаи моянд, аз илму ҳунар комёб намуда, сатҳи зиндагии одамонро баланд хоҳад кард…”

Ҳамин тариқ, донишгоҳ дар замони ибтидои соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои муҳими моддию техникӣ, илмию татқиқотӣ ва маданиро соҳиб гардид.

Пеш ва беш аз ҳама ташрифҳои пай дар пайи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1996 то ҳол ин ҷониб ҳафт маротиба сурат гирифтааст гувоҳи ин гуфтаҳост. Ин ташрифот ва боздидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳи боиси боз ҳам вусъат пайдо кардани кори таълиму тарбия ва илмию татқиқотии устодонро тақвият бахшид. Аз ҷумла, 19 июни соли 1996 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ташриф оварда, аз фаъолияти он ошноӣ пайдо намуданд. Ҳини ин сафар бо қарори Шӯрои олимони раёсати донишгоҳ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дода мешавад.

Пас аз як соли он, яъне соли 1997 бахшида ба 65-солагии донишгоҳ бо пешниҳоди ретори донишгоҳ Арбоби илм ва техника, доктори илмҳои таърих, профессор С.Абдуллоев ва ҳайати профессорону устодон ба Ҳукумати кишвар оид ба Донишгоҳи давлатии Хуҷандноми академик Бобоҷон Ғафуров дода шудан баромад. Ин пешниҳод аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта шуда, 26 апрели соли 1997 бо қарори Ҳукумат Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номгузорӣ гардид. 30 апрели соли 1997 бахшида ба 65-солагии донишгоҳ ташрифи дуюмини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин боргоҳи илму маърифат суръат гирифт. Ҳангоми таҷлили тантанаи 65-умин солгарди донишгоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи устодон ва донишҷӯён мулоқот намуда, чунин қайд карда буданд: “Як сол қабл аз ин ҳангоми мулоқоти мо бо зиёиёни вилоят, ки дар толори ҳамин донишгоҳ сурат гирифта буд, пешниҳод шуда буд, ки ба донишгоҳ номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад. Хушбахтона, имрўз ин нияти хайр ҷомаи амал пўшид. Ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шудани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маънои басо рамзӣ дорад. Ин марди фозилу донишманд ва сиёсатмадори дурандеш дар роҳи ба оламиён муаррифӣ намудани тамаддун, таърих ва илму фарҳанги тоҷикон хизматҳои бузурги пурарзишро анҷом додаст…

Ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи Бобоҷон Ғафуров аз як тараф, маънои гиромидошти хотираи ўро дошта бошад, аз ҷониби дигар ба он умедест, ки дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат давомдиҳанда ва номбардори сазовори кору зиндагии ин шахсияти барҷастаи миллатамон мешаванд ва барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони воҳид ва ягонаамон содиқона хизмат мекунанд”.

Ҳамин буд, ки ҳамасола барои ҳифзу гиромидошти академик Бобоҷон Ғафуров дар донишгоҳ чораву тадбирҳои муҳими имлмиву татқиқотӣ, табиявию маърифатӣ тайи чанд соли охир дар моҳи декабр роҳандозӣ мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси устодони донишгоҳ хонишҳои ғафуровӣ ташкил гардида, мизи мудаввар, сӯҳбату ворӯрӣ, конфронсҳо баргузор гардида, мақолаҳои илмиву оммавӣ, рисолаву маҷмуаҳо ва пажӯҳиши муаррихон роҳандозӣ мегарданд. Бо ин мақсад ному гиромидошти фарзонафарзанди халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар донишгоҳ ҳифзу нигоҳ дошта мешавад. Дар баробари ин ҳамкориҳои илмию амалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуда, дар осорхонаи номбурда баҳри ёдбуди ин алломаи машриқзамин конфронсу ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ бо истироки раёсат ва устодони донишгоҳ баргузор мегардад.

Дар банди чоруми моддаи даҳуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" омадааст, ки "тасдиқ кардан ё тағйир додани мақоми муассисаи таълимӣ дар асоси хулосаи аттестатсияи давлатӣ амалӣ мегардад". Маҳз дар ҳамин асос аз 25 январи соли 2021 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, ба худ мақоми "Муассисаи давлатии таълимӣ"-ро гирифт. Аз ҳамин замон оғоз дар ҳамаи санадҳои расмии меъёрии ҳуқуқӣ, дар муҳр ва дигар санадҳои донишгоҳ онро мавриди амал қарор доданд ва ҳангоми сабти ном онро "Муассисаи давлатии таълимии (ё МДТ) "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" қайд менамоянд.

Ҳамин тариқ, новобаста аз тағйири ном ва мақом Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз соли 1932 ин ҷониб фаъолият дорад, ки барои хоҷагӣ ва бозори меҳнати кишвар мутахассисонро дар самтҳои ризоию табиатшиносӣ, дақиқу ҷомеашиносӣ омода месозад ва дар ҷода дар байни мактабҳои олии кишвар мавқеи устувор дорад.

Саидқул Маҳкамов, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ