Талошҳо баҳри рушд
Қудусова Мафтуна Абдуҷамиловна, докторанти факултети физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Аз шогирдони шоистаи ин боргоҳи илму маърифат, ки ҳамеша баҳри пешрафт талош меварзад.
Дастовардҳои номбурда кам нест. Гирандаи Стипендияи Раиси вилояти Суғд, барандаи “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз фанни физика, ғолиби Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолиби даври ҷумҳуриявии “Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи музаффариятҳои арзишманди ин шогирди шоистаи донишгоҳи мост.
Таваҷҷуҳи Мафтуна Қудусова ба илму дониш торафт бештар мегарад, ки кам не. Ӯ маънии буданро дар ҷустуҷӯ, донистан ва расидан ба дастовардҳо медонад.
Мегӯяд, ки илм зиндагии инсонро равшан намуда, барои раҳоӣ ёфтан аз мушкилоту муаммо воситаи муҳиму осон аст.
Маврид ба зикр аст, ки Мафтуна Қудусова дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ борҳо иштирок намуда, нуфузи донишгоҳи азизи моро баланд бардоштааст, ки сутуданист.
Аз ҷумла, мавсуф соли 2021 дар озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, аз рӯи номинаи физика ва астраномия сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Имсол низ ӯ иштирокчии фаъоли ин озмун буда, дар даври вилоятӣ ҷойи якумро соҳиб шуд.
Ҳамакнун кӯшиш дорад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ низ мақоми намоёнро ишғол намояд.Мегӯяд, ки дастоварди донишҷӯён туҳфаи арзандае ба муносибати 90 – умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ хоҳад буд.
Мо ба Мафтуна Қудусова дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтари илму дониш тавфиқи пайваста таманно дорем.
Воқеан дар мавриди донишҷӯёне чун Мафтуна Қудусова бо итминон ва ифтихор метавон гуфт, ки маҳз чунин ҷавонон аз шогирдони шоистаи донишгоҳанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил