Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳкими қонунгузории миллӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи тамоми муносибатҳои ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд.

Конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, набояд ба он мухолифат намоянд.

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Коститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайсиРаиси Комиссияи конститутсионӣ машғул гардид ва новобаста аз вазъи душвору ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омўзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта, аъзоёни Комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристод. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омўхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рўзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни Комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарўза эҳсос мекунем.

Ҳанўз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгўӣ намудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кўтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи таърихӣ ва фаромўшнашаванда мебошад, чунки дар ин рўз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро Сарвари давлати худ интихоб намояд. Ба хизматҳои барои халқ намудаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо шоҳидем, ки он ба таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлати мутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандиро хомўш созем.

Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсия барои инкишофи босуръати давлатҳои абарқудрати дунё заминаи ҳуқуқии боэътимод гузоштааст. Конститутсияи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 таърихи тулонӣ дошта, инқилоби буржуазӣ сабаби асосии қабули онҳо гардидааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бо мутобиқгардонӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат то ҳол амал мекунанд, ки аз муҳимият ва боэътимод буданашон шаҳодат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳилаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шўравӣ чор маротиба Конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.

Дар муқоиса бо конститутсияҳои замони Шўравӣ Конститутсияи соли 1994 хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуд, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳилаи мавҷудияти Конститутсия зиёда аз 18 Кодекс ва 350 қонун қабул карда шуданд, аз ҷумла Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, андоз, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи маориф, Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ғ., кибарои таъмини суботу оромии ҷомеа ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузоштанд.

Аз ин лиҳоз метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пўшонид ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.

Се маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (солҳои 1999 2003 ва 2016) шаҳодат аз он медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил меёбад.

Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам устувор гардад.

Мавҷудияти 28-солаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз қонститутсияҳои мукаммал ва беҳтарини дунё аз лиҳози фарогирии меъёрҳои демократии худ маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро тамоми давлати дунё пазируфтаанд. Имрўз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои мустақиман судманд, дўстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Ба мақсади риоя ва ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ таъсис дода шудааст. Барои вайрон кардани меъёрҳои Конститутсия дар қонунҳои соҳавӣҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Иброҳим Ҷабборов, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ