​Покбин аз назари пок ба мақсуд расид

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” яке аз куҳантарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта,дар остонаи ҷашни 90-солагии мелоди худ қарор дорад.

Аз оғози фаъолияти худ ин “Даргоҳи муқаддас” чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд соли 1932 таъсис ёфта,соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро гирифт ва соли 1991 ба мақоми Донишгоҳ соҳиб гардид.

Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми апрели соли 1997 қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузоштани номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба тасвиб расид ва он 30-юми апрели соли 1997 бахшида ба ҷашни 65-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи аллома- Бобоҷон Ғафуров ниҳоят рамзӣ буд,зеро ӯ тавонист тамаддун,таърих ва илму фарҳанги тоҷиконро тавассути хизматҳои беназираш ба оламиён муаррифӣ намояд.Аз ҷониби дигар,ба умеде, ки дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат давомдиҳанда ва номбардору сазовори кору пайкори ин шахсияти барҷастаи миллатамон мешаванд ва барои пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд.

Зиндагинома ва умри бобаракату ибратомӯзи номзади илмҳои фило­логӣ, дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримова Моҳинисо Абдуқаюмовна маҳз ба пайроҳаи ҳамин гуна шахсиятҳо сарчашмаю маънӣ мегирад, ки саропо иморати азими маънавиёту инсонгароиро дар худ таҷассум намудааст.

Моҳинисо Каримова аз шахсонест, ки худ месўзаду дигаронро ба сўхтан намедиҳад, бори вазнинро ба дўши худ мегираду дигаронро сербор кардан намехоҳад. Ҳамин гуна хусусиятҳои муаллимаро устодони гавҳаршинос, шодравон - Темурхон Мақсудову Юсуфҷон Салимов ба назари эътибор гирифта, ӯро баъди хатми факултаи таъриху филология, соли 1970 ба кафедраи забони тоҷикӣ ба кор қабул намуданд.

Омўзгори болаёқат - Моҳинисо Каримова фаъолияти меҳнатии худро соли 1970 пас аз хатми факултаи филологияи ИДПЛ ба номи С.М.Киров (ҳоло МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”) ба сифати ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ оғоз намуда, аз соли 1980 чун муаллими калони кафедраи услуби таълими ибтидоӣ дар роҳи таълими самарабахши наҳви забони адабии ҳозираи тоҷик ҳиссагузорӣ кардааст. Мавсуф дар ин муддат баробари эътибори кофӣ додан ба сифати машғулиятҳо худро чун кошифи асрори пайванди сухан низ муаррифӣ намуд. Ҳар гоҳ ки мо, ҳампешагон ба машғулиятҳои омўзгори писандидаи шогирдон М. Каримова ширкат меварзем, беихтиёр ин гуфтаҳои Рукниддини Авҳадӣ ба хотир мерасанд:

Нест оби ҳаёт ҷуз дониш,

Нест боби наҷот ҷуз дониш.

Бешак, устоди толибилмони ҷавон М.Каримова маҳз тавассути дониши амиқу ҷустуҷўҳои пайваста дар дилҳои шогирдон маъво гирифта, сазовори эҳтироми онҳо ва ҳамкорон гаштаанд.

Ин устоди соҳибистеъдод ҳамешагӣ дар ҷустуҷӯ буданду раҳнамои шогирдон дар роҳи илм гардидаанд.

Имрӯз муаллима ҳамчун устоди комилу олимаи нозукфаҳми соҳаи забоншиносӣ эътироф шудааст. Вай мутахассиси шинохтаи соҳаи наҳв (синтаксис)-и забони адабии тоҷик аст. Ба ин сатҳ туфайли меҳнати сахту ҷиддӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ расидааст. Вай сахт меҳнат мекунад, ҷустуҷў мекунад, худро дареғ намедорад. Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳнатқариниву фурӯтанӣ барои бурдани тадқиқоти илмӣ дар яке аз соҳаҳои душвору мураккаби наҳви забони адабии тоҷик-хусусиятҳои сохторию маъноӣ, имконоти функсионалии ҷумлаҳои содаи ҳикоягӣ имкон фароҳам оварданд. Олимаи нозуксанҷ - Моҳинисо Каримова пайваста дар самти таҳқиқи хусусиятҳои махсуси ҷумлаи содаи ҳикоягии забони тоҷикӣ фаъолият намуда, натиҷаи онро манзури аҳли илми забоншиносӣ кард ва ниҳоят моҳи июли соли 1997 он андешаҳоро дар шакли рисолаи номзадӣ таҳти унвони “Хусусиятҳои сохторию маъноӣ ва имкониятҳои функсионалии ҷумлаҳои содаи ҳикоягӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик”бомуваффақият дифоъ кард. Рисолаи номзадии Моҳинисо Каримова аз тарафи олимони номвар, аз ҷумла, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Шарофиддин Рустамов баҳои баланд гирифт.

Моҳинисо Каримова солҳои тўлонӣ чун методисти кордону соҳиб­таҷриба толибилмонро дар таҷрибаи педагогӣ роҳбарӣ карда, нозукиҳои ин касби пуршарафро ба шогирдон омўзондааст. Садҳо шогирдони эшон, ки тавассути заҳмату ранҷҳои зиёд ба камол расидаву аз зумраи омўзгорони соҳибистеъдод гардидаанд, ҳамеша номи роҳбарашонро боэҳтиром ба забон мегиранд ва ифтихор мекунанд, ки маҳз мактаби таҷрибаи бойи Моҳинисо Каримоваро гузаштаанд.

Ба қалами ў зиёда аз понздаҳ дастурҳои таълимиву методӣ (Забони адабии ҳозираи тоҷик (маҷмӯи машқҳо барои машғулиятҳои лабораторӣ),”Маҷмӯи машқҳо аз забони адабии ҳозираи тоҷик”,қисми 2, “Синтаксис” ва мақолаҳои пурарзиш гардидаанд, ки ҳар яке қимати баланди илмӣ доранд.

Маҳорату кордонӣ, қобилияту истеъдод ва ташкилотчигии омўзгорро ба назар гирифта, раёсати донишгоҳ ўро соли 1997 ба ҳайси иҷрокунандаи мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои ҷамъятии факултаи ҳуқуқшиносӣ тайин намуданд. Мавсуф дар як муддати кўтоҳ омўзгорони соҳибистеъдодоро сарҷамъ намуда, яке аз кафедраҳои беҳтаринро дар факулта ташкил дод.

Ба зиндагӣ бо назари одами комил нигаристан аз хусусиятҳои хоси Моҳинисо Каримова аст. Ӯ ба меъёрҳои зиндагиаш, ки аз “гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек”-и аҷдодон сарчашма мегирад, қавитар муътақид буда, чу устод ба шогирдон вуҷуди маънавии худро бутунтар мебахшад, чун ҳамкор дастгиру ҳамдам, пешоҳанги амалҳост, ҳамчу модар ҳамто надорад. Ҳамин аст, ки Моҳинисо Каримова сазовори ҳурмату эҳтироми хосу ом аст.

Каримова Моҳинисо яке аз занҳои фаъол ва ташкилотчии намунавӣ мебошанд. Солҳои 2000-2011 ҳамчун раиси Шўрои бонувони Донишгоҳ фаъолият дошт ва мавқеи занҳои ҷомеаи донишгоҳро дар бисёр самтҳо боло бардошт. Ташкили суҳбату вохўриҳо, конфронсу мизи мудаввар доир ба масъалаи мавқеи зан ва духтарон дар мавзўъҳои мухталиф қобили қайд аст.

Хислатҳои ташкилотчигӣ ва қобилияти эҷодкорӣ доштани ин инсо­ни шарифро ҳангоми дар вазифаи ноибдекани факултети ҳуқуқшиносӣ (1998-2000), мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои ҷамъиятии факултети ҳуқуқшиносӣ (2006-2007), мудири кафедраи МТИ- факултети педагогӣ (солҳои 2008-2012) фаъолият бурданашон мушоҳида кардаем.

Устоди меҳрубони мо покбину покназар, ҳалиму хоксор, меҳнатқарину дӯсти содиқ ва маслиҳатгару раҳнамои насли ҷавони факултети таҳсилоти ибтидоӣва педагогикаи махсус аст.

Мисрае аз байти машҳури Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ - «Покбин аз назари пок ба мақсуд расид» тавсифгари беҳтарини аъмоли ӯст.

Дарарафаиxашни90-солагии Донишгоҳи азизамон, ба устоди устодон, инсони нексиришту покмаҳзар, фидоии соҳаи маорифи кишвар-Моҳинисо Каримоватансиҳатb, барору осоиши зиндагиро таманно намуда, хоҳони онем, ки ба бахти мо-ҳампешагон, шогирдон, саломату сарбаланд ва раҳнамои ҳамешагb бошед.

Раҳмонова Д.З., дотсент, мудири кафедра

Тоҳирова М.Ғ.-сармуаллима ва аҳли аъзоёни кафедраи назария ва методикаи таълим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ