Соҳаи маориф самти афзалиятноки кишвар

Дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуда, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва Ҳукумати он таҳти роҳбарии Пешвои миллат –Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҷоиз ба қайд аст, ки Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нахуст дар мамлакати мо эълон шуда, сипас дар миқёси ИДМ ҳамчун соли инноватсия қабул гардида буд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суханронии Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: “Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд”.

Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст.

Ҳамасола Пешвои миллат дар Суханронӣ дар Рӯзи Дониш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардондани низоми таълим низ таъкид ба амал меоваранд. Дар ин маврид дар суханронии имсола низ иброз намуданд, ки: “Ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад”.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҳоло аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.

Қӯзиева Н.Ҳ.-омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ