​Маориф омили асосии таҳкими давлат

Чун анъана суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон, сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро аст, ки бо воситаи он мавқеи сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати муосири давлат хеле бузург аст.

Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ, махсус қайд менамоянд, ки “дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавииунсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориётабор будани худ ифтихор кунем.”

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карданд.

Аз ақлу хирад ва сабру таҳаммули миллати куҳанбунёдамон ифтихору шукрона мекунем, ки маҳз ба шарофати иродаи қавии мардуми шарифи кишвар давлати ҷавони тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидем.

Дар баробари ин, бояд, гуфт, ки сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раванди миллатсозиву давлатсозиро дар мамлакат тавсиа бахшид. Аз ин лиҳоз, ҳангоми дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушдимуназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳпарварӣ тарбия намоянд.

Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар суратипойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад.

Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.

Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъимуҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дар назардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Дар ин асос ҳоло дар низоми маориф ислоҳоти соҳа консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст.

То ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дар назардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар як мавзӯидарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд.Инчунин, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд. Низоми муосири таълим, ки хоси даврони истиқлолият мебошад, барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамоянд.

Ҳоло дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳоинави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст.

Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳатиомӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.

Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаивасеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ - Алиева Мунзифахон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ