Маориф-омили рушди ҷомеа

Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба чор ҳадафи стратегӣ – раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ҳоло тамоми мардум шукронаи Истиқлолияту Ваҳдат мекунанд ва дар ҳар гӯшаю канори қаламрави мамлакат бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудаанд.

Дар давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун гардида, садҳо мактабу иншоотҳои замонавӣ қомат афрохтанд. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Санаи 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки бо дарси сулҳ шуруъ гардидани соли нави хониш барои мо - мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳаммияти махсус дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд.

Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳаллу фасл намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки онҳо масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.

Соҳаи маориф дар фаъолияти ҳамарўза ва ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ Ҳукумати мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта ва он барои рўз то рўз баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии сатҳи мухталиф бо мақсади омода сохтани мутахассисони варзида нигаронида шудааст.

Бердишукуров А.А.- мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ