​Роғун - мазҳари иқтидори давлат

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон як қатор рӯйдодҳое ҳастанд, ки бо хати заррин сабт гардида, ҷиҳати таъмини зиндагиии шоистаи сокинон заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ба истифода додани чархаҳои якум ва дуюми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” аз зумраи чунин воқеаи нодир ва фараҳбахш аст, ки дар самти расидан ба истиқлоли энергетикӣ нақши муҳим дорад.

Ин воқеаи таърихӣ, ки воситаи муҳими расидан ба некӯаҳволии мардуми тоҷик унвон мешавад, маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваста, афсона ба ҳақиқат мубаддал ёфт. Агар бузургии Пешвои муаззами миллат намебуд, дар мавриди “Роғун” сухан кардан ғайриимкон буд.

Воқеан маҳз тавасссути такопӯиҳо ва мавқеи устувори Роҳбарии олии мамлакат монеаҳо ҷиҳати бунёди иншооти аср “Роғун” бартараф гардиданд.

Аз ҷониби дигар, оғози бунёди НБО “Роғун” натиҷаи тафаккури созанда, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пешвои муаззами миллат мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.

Аз файзи истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам оврадани шароити арзанда барои сокинон тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шуд. Дар ин замина, ҷиҳати расидан ба се ҳадафи муҳими стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ силлсилаи ташаббуси созанда роҳандозӣ гардид, ки аз хираду заковати Пешвои муаззами миллат маншаъ мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки бо бунёди комили НБО “Роғун” ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд.

Ба кор андохтани НБО “Роғун” аҳамияти минтақавӣ, байналмилалӣ ва фаромиллиро дорост. Барқи Роғун ба хонаи ҳар як сокини мамлакат ворид гашта, онро рўшан месозад, зиндагиамонро шукўҳу шаҳомати нав мебахшад. Ҳар яки мо бояд фахр кунем, ки фарзандони бо ору номус ва соҳибкасби Тоҷикистон бо роҳбари ояндабини худ қодир ҳастанд ҳар гуна муаммоҳои ҷомеаи имрўзаи моро ҳал кунанд.

Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашиданд. Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар Рўзи Президент, дар рўзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шудани чархаи якуми НБО “Роғун” моҳиятан рамзиву амри воқеият аст, зеро агар истодагарӣ, пофишориҳо ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ мавқеи устувори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ин қадами устувор гузошта намешуд.

Соли 2019 санаи 9 сентябр маҳз дар Рўзи Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Он рӯзи нусратбор чархаи дуюми НБО “Роғун” низ ба кор андохта шуд.

Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср дар дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азизамон ҷойгир шудааст. Бунёди НБО «Роғун» шаҳодати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат буда, исботгари он аст, ки халқи тоҷик халқи тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама мақсадҳова ормонҳои таърихии хеш ноил гардад.

Имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи нерӯи барқ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ба истифода додани чархҳои якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ин рамзисозандагиву якпорчагии мамлакат ба шумор меравад.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, НБО “Роғун” иншооти ҳаётан муҳим буда, мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.

“Роғун”-ро иншооти тақдирсоз мегӯянд. Воқеан ин нерӯгоҳ тақдири миллати тоҷикро аз нурва равшанӣ хоҳад сохт. Ин иншооти аср, пеш аз ҳама, кишвари азизи моро аз камбудии барқ наҷот дода, ниёзи дохилиро ба барқ пурра таъмин хоҳад кард. Аз ин ҷҳат, “Роғун” кафили истиқлолияти энергетикии мост. Он муҳарриқи иқтисодиёт ва тавсеабахши саноат аст. Гузашта аз ин, “Роғун” истеҳкомбахши ҷойгоҳи минтақавии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ба таъбири дигар, “Роғун” мазҳари иқтидори давлат ва миллатимост. Аз ин рӯ, “Роғун” сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост.

Абдунаим Бердишукуров,

мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ