​Истиқлол – дастоварди нодири халқи тоҷик

Истиқлоли давлатӣ аз дастовардҳои нодир ва таърихии халқи тоҷик дар марзи даҳ аср маҳсуб меёбад, ки ба шарофати он Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро барои миллати тамаддунсози мо падидаи бемислу боазамати таърихӣ номида, онро рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд, унвон намудаанд.

Воқеан истиқлоли давлатӣ нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки бе доштани давлати озод таъмини пешрафт, татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва орзуву омоли таърихии халқ ғайриимкон аст. Аз ин нуктаи назар, расидан ба истиқлоли давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва раҳоӣ аз парокандагиву хатари нобудӣ муҳимтарин ва нодиртарин дастоварди халқи тоҷик дар ин давра маҳсуб меёбад.

Имсол аз истиқлоли давлатии мо, ки рӯйдоди воқеан таърихист, 31 сол пур гардид. 31 соли озодӣ, субот, фазои ором ва қадамҳои устувор сӯйи рушд.

Ҳамакнун, ки мо дар арафаи таҷлил аз солгарди навбатии ин ҷашни миллӣ қарор дорем, муҳим аст, ки перомуни музаффарият ва камбудиву дастовардҳои ин роҳи таърихӣ, таҳлил ва хулоса намоем.

Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, агар аз як тараф, ба халқи тоҷик мустақилият ва озодӣ бахшид, аз ҷониби дигар ин роҳи таърихӣ дар назди сокинони мамлакат имтиҳони душвору сангинеро дар пеш гузошт.

Акнун, ки Тоҷикистони азизи мо нафаси истиқлолро кашида, ҳанӯз шаҳди ин неъмати гаронбаҳоро начида буд, хоинони миллат ва нотавонбинони озодии тоҷикон нақшаҳо тарҳрезӣ намуда, бо иғвову дасисаҳо мамлакатро ба гирдоби ҷанг кашиданд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи моро ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор намуд. Дар ин вазъияти ҳассос ва марҳилаи фоҷиабор, ки хатари нобудшавии миллат ва пароканда гардидани давлат ба миён омада буд, маҳз заковати азалӣ, хиради баланд ва таҳаммулпазириву афкори солими халқи тоҷик замина гузошт, ки мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ муттаҳид шуда, роҳи дурустро пеш гирифтанд.

Таърих шоҳид аст, ки ин роҳ роҳи осон ва ҳамвор набуд. Роҳи пур аз тазод, нишебу фароз ва ноумедӣ ба фардои дурахшон, вале дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд ва сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор гардид.

Ҳамакнун сулҳи тоҷикон аҳамияти байналхалқӣ касб намуда, ҳамчун таҷрибаи муваффақ мавриди омӯзиши халқҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар мавриди нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсӣ ва сулҳи тоҷикон чунин таъкид намудааст:

  • “Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон комилан алоқаманд аст. Дар тӯли солҳои президентӣ ба ӯ муяссар гардид, ки сулҳу ризоиятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи баланди байналмилалиро пайдо намояд. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад”.

Воқеан муҳаббат, эътимод ва эҳтироми халқи тоҷик нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иродаи шикастнопазир, нерӯи қавӣ ва иродаи устувору мустаҳками Пешвои муаззами миллат, ки ба мардуми тоҷик беҳтарин неъмат – озодӣ ва сулҳро эҳдо бахшид, сарчашма мегирад.

Устуворӣ ва садоқат дар қавли таърихӣ - “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам”, ки дар ҳамон марҳилаи душвор машъали умеди сокинони мамлакатро фурӯзон намуд, сарчашмаи меҳру иродати халқи тоҷик ба Роҳбари олии мамлакат унвон мешавад.

Қадамҳои устувор ба сӯйи тараққиёт, иқдоми созанда ба хотири рафъи монеаву мушкилот, ташкили садҳо корхонаву муассиса, ҷойҳои нави корӣ, тадбирҳои муҳиму муфид ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, некӯаҳволии сокинон, дар маҷмуъ ташаббусҳои судманд баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум аз дастоварди муҳими халқи тоҷик давоми солҳои истиқлол аст, ки аз сиёсати хирамандона ва дурбинонаву ояндаофари Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.

Муҳимтарин дастовард дар ин давра таъмини фазои ором ва амнияти миллист, ки натиҷаи он хотири осудаву ҷамъи сокинони сарбаланди кишвар аст.

Имрӯз, ки дар арафаи солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ қарор дорем, зарур аст, ки беш аз пеш ба қадри сулҳ бирасем ва аҳамияти ин дастоварди нодири таърихиро дуруст дарк намуда, ҷиҳати ҳифзи он саҳмгузор бошем.

Бигзор, сулҳи тоҷикон поянда ва истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ҷовидон бод!

Мирзосодиқ САНГИНОВ, омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ