Истиқлолият - неъмати бебаҳои таърихӣ

«Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки соҳибистиқлолӣ баром мардуми сарбаланди мо давраи саъю кўшишҳои ватандўстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад». Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият – неъмати бебаҳои таърихӣ мебошад. Дар давраи истиқлолият бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қадам ба қадам бехтар кардани сатҳи зиндагии мардум Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Барои идораи иқтисодиёти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтори нави ҳукумат ташкил карда шуд. Саноати Тоҷикистон дар давраи истиқлолият давраи ниҳоят вазнинро аз сар гузаронд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 корхонаҳои муштараки – «Зарафшон», «Дарвоз», «Ҷавонӣ», «ВТ Силк» ва ғайрҳо фаъолият доранд, ки ин ҳам неъмати бебаҳои таърихии истиқлолият мебошад. Ин ҷо таъкид кардан зарур аст, ки қабули фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи тақсими 75 ҳазор гектар замин ба мардум дар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва наҷот додани мардум аз хатари гуруснагӣ тадбири ниҳоят ҷиддӣ ва саривақтӣ буд. Дар давраи истиқлолият ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни моликият, шаклҳои гуногуни ташкили хоҷагидорӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ, ичаравӣ, кооперативӣ, саҳҳомӣ ва ғайраҳо), ҳоло дар мамлакат қариб 190 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣфаъолият дорад, пешгирифтани сиёсати хусусигардонии моликияти давлатц, ба муомилот баровардани асъори миллӣ (2000), озод намудани нархҳо, бунёди корхонаҳои муштарак, бо манфиатҳои миллӣ ҳамоҳанг сохтани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, ҷорӣ намудани савдои озоди беруна ва ҳалли афзалиятноки масъалаҳои иҷтимоӣ имконият доданд, ки барои рушди устувори иқтисодиёти Тожикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими дастовардҳоиистиқлолият қадамҳои устувор гузошта шаванд. Нахустин қадамҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда шуд (2010)- Суғд, Панҷ, Данғара ва ғараҳо. Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои кулли ба вуҷуд омад.

Бо яке аз неъматьои бебаьои таърихии истиқлолият ва яке аз шартьои истиылолияти воыеии ьар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. То имрӯз истиқлоляти давлати Ҷуҳмурии Тоҷикистонро бештар аз 194 кишвари олам шинохта, зиёда аз 180 кишвар бо Тоҷикистонмуносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳанги дорад. Зиёда аз 60 давлат сафирони муқим ва ғайримуқими худро ба Тоҷикистон таъйин намуданд. Тоҷикистон узви бештар аз 80 созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Ассамбелеяи Генералӣ СММ шқабул шудани резолютсияи «Соли 2000- соли Сулҳ», «Соли 2003 – Соли байналхалқии оби тоза», «Об барои ҳаёт солҳои 2005 – 2015», «Соли 2013- соли байналхалқии ҳамкорӣдар соҳаиоб», «2018-2028- Об барои рушти устувор», ёдгории қадимаи Саразм, Иди Наврӯз, Шашмақом, Оши палов, Кӯҳҳои Помир, Боғи миллӣ, Фалак ва ғайраҳоба рўйхати таърихи ҷаҳонӣ ЮНЕСКО дароварда шудан, инчунин Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои байналхалқӣ мукофотонида шудани ва ғайраҳо далели равшани эътирофи мавқеи Тоҷикистон азҷониби ҷомеаиҷаҳонӣ аст.Тоҷикистон дар қатори 263 давлат ва объектҳои ҷаҳон мавқеъи таърихию макон ва мавқеъ дорад, дар қатори 193 давлати дунё аъзои комилҳуқуқии СММ мебошад.

Ба кор даромадани аввалин агрегати (2018), агрегати дуюм (2019) НОБ Роғун ва барқарор шудани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону ¡збекистон (2018-2022) дар таърихи халқи тоҷик воқеаи инқилоби ҳисобида мешавад. Муваффақиятҳои истиқлолият бешумор мебошад. Боз як неъмати бебаҳои таърихии истиқлолият ҷашнгирии санаҳои таърихи бо шукӯҳу шахомати махсус ҳазораи «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ, 680 – солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 675 – солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 1100 - солагии таъсиси Давлати Сомониён, 960 – солагии Ҳаким Умари Хайём, 2700 – солагии «Авесто», 2500 – солагии Истаравшан,2700 – солагии Кӯлоб, 1000 – солагии Н.Хусрав, 800-солагии Ҷ. Балхӣ-Румӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 1150-солагии А.Рӯдакӣ, 100,110-солагии Б.Ғафуров, 600-солагии А.Ҷомӣ, 2700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 3000-солагии Ҳисор, 100-солагии Шўриши Хуҷанд, 20, 25, 30- солагии Истиқлолияти кишвар, 5500 – солагии Саразм, Форуми навбатии тоҷикони ҷаҳон ва ғайраҳо мебошанд, ки ба рӯҳбаланди бузурги омма сабаб гардида, чун рамзи тантанаҳои ғояҳои инсонпарварона, сулҳ ва адолат бозгӯ шуданд.

Таҷлили ин гуна ҷашнҳои илмию фарҳангӣ аҳамияти байналмилалӣ ва таърихӣ дошта, дар тарбияи ахлоқӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон аҳамияти калон дорад. Ин гуна маъракаҳо дӯстии халқҳои кишварро мустаҳкам мекунанд. Сарвари давлат таъкид карда буданд, ки «зиёиён чароғи равшани маърифат ва нерӯи аҳлонии ҳар кишвару давлатанд». Барои ҳамин ҳам масъулияти аҳли илму фарҳанг барои оромиву осоиш, ваҳдату ягонагӣ, пойдории сулҳ ва тарбияи наслҳои ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллию ватандӯстӣ нисбат ба ҳама қишрҳои дигари ҷомеа ниҳоят калон аст. Тимсоли чунин хизматҳои олӣ ба миллату Ватани хеш осори миллатсозу талошҳои фидокоронаи устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон ¬афуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур мебошад, ки бо унвони олии ´аҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93% худуди онро кӯҳҳо ташкил мекунад, аммо дар таги онҳо тамоми элементҳои системаи химиявӣ Д.Менделеев ҷойгир шудааст. Тоҷикистон ба қавли Лауриати мукофоти байналмилалии Нобели академик Ҷорез Алферов «Тоҷикистон давлати хурд, аммо кишвари пурқувват аст, барои он, ки пойдевори саноати атомии СССР дар Тоҷикистон асос гузаштааст» (19 апрели соли 2012). Тоҷикистони офтобрӯи мо ҳақиқатан ҳам ҷаннати рӯи замин аст. Дар худуди он 25 000 дарёҳо (дарозии он 947 тош аз 10 км зиёд), 2000 кӯлҳо, обанборҳо, 14000 пиряхҳо, 93 ҳазорчашмаҳо аз инҳо беш аз 200 чашмаҳои табоботӣ, 3 вилоят, 21 шаҳр, 75 шаҳрак, 62 ноҳия, 430 ҷамоати деҳотӣ, 4500 деҳаҳои зебоманзар, 4000 кони хурду бузург (аз онҳо 400-тоаш кашф шудааст), захираи ангишт 4, 6 миллиард тонна, нафт 140 миллион тонна, газ 857 миллиард метри мукааб, кондонсат 26 миллион тонна, захираи намаки ошӣ ба беш аз 14 миллиард тонна, 42 мактабҳои олӣ, 144омӯзишгоҳҳои миёнаи махсус ва касбӣ (коллеҷ, литсей), зиёда аз 2300 корхонаҳои саноатӣ, Академияи Улум (23 муассисаи илмию пажӯҳишӣ), 60 ададмуассисаю ташкилотҳои илмӣ, зиёда аз 450 бемористоньо, 3940 мактабҳои таьсилоти ьамагонц (гуногун моликият), 55 театрҳо, 1420 китобхонаҳои оммавӣ, 40 осорхона, 120 иншоотитуристию истироҳатӣ, зиёда аз 3450 ёдгориҳои таърихию фанҳангӣ ҷойгир шудааст, ки ин файзи истиқлол мебошад.

Боз як неъмати бебаҳои истиқлолият вазифаи асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ҳозира дарПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ (24.04.2010) чунин қайд карда шудааст: «…мақсади асосиисиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яънетаъмини истиқлолияти энергетикӣ, азбунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд.Ҳадафҳои зикршуда, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимои ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошанд». Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар (26 декабри соли 2018) ҳадафи чоруми –саноатикунонии босуръат кишварро пешниҳод намуданд. Барои таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар(21.12.2022), солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлати «Солҳои рушди саноат»эълон карда шуд.

Дар асоси татқиқи васеъ ва ҳаматарафа давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба марҳилаҳои сифатан нав тақсим кардан мумкин аст, ки мазмунан аҳамияти таърихӣ доранд:

1.9 сентябри соли 1991 эълон намудани истиқлолияти кишвар - 16 ноябр-2 декабри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-воқеаҳои сиёсии дар кишвари мо, ҷанги шаҳрвандӣ, бесару самонӣ дар мамлакат, табоддулоти давлати, ҳавфи нест шудани давлати халқи тоҷик.

11.16 ноябр – 2 декабри соли 1992-Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии кишвар - 27 июни соли 1997- гирифтани пеши ҷанги хонумонсӯз, барқарор намудани хукумати қонунӣ, эҳё гардидани соҳибистиқлолияти Тоҷикистон, мубориза барои сулҳу салоҳ, имзо гузоштан ба Созишномаи умумииистиҳрори сулҳ дар Тоҷикистон.

111.27 июни соли 1997 то имрӯз, давраи бунёдкорӣ, созандагӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, амалан эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд шудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ. Дар солҳои истиқлолият дар мамлакатамон зиёда аз 1068 корхонаҳои муштарак сохта, ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар арафаи ҷашни 31-солагии истиқлол зиёда аз даҳҳо ҳазор корхонаҳои гуногун (саноатӣ, сохтмон, аграрӣ, маориф, фарҳангӣ, тиб ва ғайра) сохта, ба истифода мешаванд. Ҳар як Сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМБК, аз он чумла ш.Хуҷанд, мулоқоту воҳўриҳо, саволу ҷавобҳо ба мардуми шарафманди ин диёри кўҳан, баромаду маслаҳаҳои бунёдкорию созандагиашон барномаи амалӣ қабул шудааст. Сиёсати «дарҳои боз» (дарҳои кушод) меҳвари сиёсати хориҷии кишварро таҷассум мекунад. Дар сиёсати хориҷӣ дарҳои кушод, сулҳҷўёна ва ҳамкории баробарҳуқуқ пойдевор мебошад. Тоҷикистон бо 178 давлатҳои ҷаҳон робитаи дипломатӣ доранд. Бархе аз натиҷаҳоиин сиёсатро метавон чунин баршумурд:-ҳар сол Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтрини дунё-СУС мебошад. Дар солҳои истиқлолият (1991-2022) бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2500 ҳуҷҷати дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расодааст.

Тоҷикистон дар самти шоҳроҳи сохтмони давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бомуваффақият ба пеш меравад. Дар кишвар ислоҳотҳои гуногун мазмун давом дорад. Дар солҳои истиқлолият барои аз нав созии ҷомеаи халқи тоҷик ва гузаронидани ислоҳотҳо қариб 2000 қонунҳо ё ин, ки тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда қабул карда шуд. Тамоми тоҷикони ҷаҳон ба кишвари муқаддаси халқи тоҷик-Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтиром, умеду орзуҳои бардавом муносибат менамоянд. Дар асоси маълумотҳои охирини омори ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳон дар дунё зиёда аз 247 млн нафар мардуми форси забон ҳаёт ба сар баранд, аз онҳо 95 млн нафар тоҷикон мебошанд[7, 11].Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 млн нафар буда, сини солаи миёнаи умр 75 сол, 73 фоизи аҳоли дар деҳот зиндагони мекунанд, вакилони 130 миллат ва халқҳо дӯстона ҳаёт ва фаъолияти меҳнати пусамар мебаранд. Барои амали гардидани сиёсати давлати халқи тоҷики тамаддунсоз бо фаъоляти ташкилотчигию ташаббускорӣ, бунёдкорую созандагӣ саҳми худро гузашта омадаистодааст. Ба муносибати Паёми телевизионӣ ба ифтихори рўзи Ваҳдати Миллӣ –Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин баён карданд: «Мо истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор ногоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшау ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дўст дорем ва пайваста саъй кунем,ватани маҳбубамонро ба як гўшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем». Хулоса, ҳақиқатан ҳам, истиқлолият – неъмати бебаҳои таърихӣ, давраи сифатан нав дар таърихи тоҷикон мебошанд, таҳлил ва омўзиши ин марҳила дар таърихнигории таърихи халқи тоҷикдавом дорад. Истиқлолият марҳилаи ташаббусҳои созандагӣ мебошад!

Эркаев Сафар Абдулхайрович –иштироқчии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии ҶТ, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ