​Роғун - роҳ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ

Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки онро Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон муайян намуда буд. Ёдовар бояд шуд, ки дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар бунёди НБО-и “Роғун” аҳамияти аввалиндараҷаро касб намуда, сохтмони он барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳим ва стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.

Қайд кардан бо маврид аст, ки ҳанӯз дар солҳои 20-30-уми қарни гузашта дар натиҷаи ҷараёни ислоҳоти гуногуни хоҷагии халқи мамлакат инқилоби маданӣ амалӣ гардид. Яке аз самараи он таъсиси марказҳои нахустини илмӣ-тадқиқотӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1933 Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС таъсис ёфт. Олимони маъруфи ин маркази бузурги илмӣ дар қатори соҳаҳои дигар дар самти бозёфти захираҳои тавлиди қувваи барқ пурсамар фаъолият намуда, сохтмони силсилагэсҳо дар рӯдхонаи дарёи Вахшро пешниҳод намуда буданд.

Нақшаи лоиҳаи сохтмони НБО-и “Роғун” дар замони мавҷуди-яти давлати абарқудрати шӯравӣ дар соли 1972 омода шуда, сохтмони ин иншооти бузурги аср ҳанӯз аз 27-уми сентябри соли 1976 ба таври расмӣ оғоз карда шуда буд. Бояд қайд кард, ки НБО-и “Роғун” низ аз ҷумла силсила нерўгоҳҳо маҳсуб меёбад, ки дар дарёи Вахш сохта шуда, бузургтарин нерӯгоҳ дар ин дарё ба ҳисоб меравад. Мебоист тибқи лоиҳаи соли 1980 тасдиқ кардаи ҳукумати шўравӣ нерӯгоҳ 6 агрегатро, ки ҳар кадоми он дорои иқтидори тавлиди 600 ҳазор кВт нерўи барқ буд. Сохтмони иншооти мазкур дар замони шӯравӣ оғоз гардида, то ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, қариб 40 фоизи корҳо ба итмом расонида шуда буданд.

Инак, 9 сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо истиқлолият ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории ватани азизамон камари ҳиммат бибандем. Масъалаҳои сохтани нерўгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ мебоист ҳалли худро ёбанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуд, ки саҳми сарвари давлат дар он беҳамтост. Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла гидроэнергетикаи Тоҷикистони соҳибистиқлол рушди босуботу бонизоми ояндаи кишварро бе нерўгоҳи обии Роғун тасаввур кардан номумкин аст. Бе нерўгоҳи Роғун дар ояндаи наздик обанбори Норак аз лой ва сангу шағал пур мешавад.

Аз соли 1991 то 2011 дар ҷумҳурӣ 265 нерўгоҳи хурди обӣ бо иқтидори умумии 23,3 мегаватт сохта, ба кор даровард шуд. Танҳо дар соли 2011 дар ҷумҳурӣ 30 нерўгоҳи хурди обӣ бо иқтидори аз 15 то 4300 киловатт сохта, ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон 7339 киловаттро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ноҳияҳои дурдасти кишвар 305 нерўгоҳи хурд ва 2432 таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ мавриди истифода қарор дорад. Ғайр аз ин, ҳоло Барномаи дарозмуддати бунёди нерўгоҳҳои хурди барқӣ барои солҳои 2009-2020 мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар доираи он бояд 189 нерўгоҳи хурди обӣ бунёд ёбад. Аз он 16 нерўгоҳи хурд дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, 46 дар вилояти Суғд, 44 дар вилояти Хатлон ва 83 нерўгоҳ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Дар ҷаҳорчўби ин барнома аллакай сохтмони 73 нерўгоҳи хурди обӣ ба поён расидааст. Шумораи зиёди нерўгоҳҳои хурди дигар аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ ва ташаббускорони инфиродӣ бунёд меёбанд, ки дар ин барномаи давлатӣ ба инобат гирифта нашудаанд. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ идома дорад.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд: «Роғун умри Норакро сад солаҳо дароз мекунад». Солҳои 2007 ва 2008 бо ташаббусу пешкорӣ ва азму иродаи уствори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии иншооти мавҷудаи нерўгоҳи Роғун ва омодагӣ ба идомаи сохтмону таҷҳизи он бо нерўи худӣ ва маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон дубора оғоз ёфт.

Сарвари давлат бо мақсади дурахшон гардондани ояндаи модари тоҷик ва насли он дар қатори соҳибзабонон бо меҳнати фидокорона дар бунёди шохсутуни маъбади бузурги меҳру мухаббат саҳм гузоштанд. Овардани як лаҳзаи таърихӣ барои исботи ин гуфаҳо кифоягӣ мекунанд. Моҳи октябри соли 2016 ин лаҳзаҳо яке аз марҳалаҳои муҳими сохтмони НБО-и «Роғун» буд. Ҳама шоҳид будем, ки Сарвари давлат якуним соат бо идора кардани техникаи вазнин — булдозер дар иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузоштанд. Аз амалҳои наҷиби Сарвари давлатамон илҳом гирифта, мардуми Суғду Бадахшон, Рашту Хатлон, Вахшу Ҳисор, ки онҳоро дар марзи дўстиву рафоқат – сохтмони иншооти Нерўгоҳи барқи обии Роғун номуси ватандорӣ гирд оварда буд, барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ хизмати шоиста карданд. Он рўз, рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони меҳани азизамон буд.

Натиҷаи заҳматҳои шабонарўзии халқи меҳнатқарини тоҷик бо сарварии Пешвои миллат буд, ки агрегати якуми ин иншооти муҳим санаи 16 октябри соли 2018 ба кор дароварда шуд ва боби наве дар рушди давлатдорӣ боз гардид. Бо оғози ба кор даромадани агрегати якуми ин иншооти бузург миллати точик боз ҳам аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва хунари волои ниёгони хеш ёдрас мегардад. Ин рўзи таърихӣ рўзи натиҷагирӣ аз заҳмати бунёдкорона мебошад ва ҳар як хонадон бо нуре таъмин мегардад, ки дар ҳамин нерӯгоҳ истеҳсол мешавад. Фаро мерасад он лаҳзае, ки ҳамакаса бо фахр бигўем: - «Эҷоди "Шоҳнома"-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо каломи ноби тоҷикӣ тамоми дунёро нури маърифат бахшида бо-шад, имрӯз эҷоди Нуристони Роғун оламро нурафшон менамояд». Дар воқеъ, қабл аз ҳама дар сохтмони “Роғун” саҳми Пешвои маҳбуби миллат басо бузург ва назаррас аст, зеро ӯ тавонист бо азми қавӣ рӯ ба мушкилоти сангини замон оварда, дар ҳаллу фасли масъалаҳо заҳматҳои шабонарӯз кашида, Роғунро ба иншооти миллӣ табдил диҳад. Инак, мо бо сарварии Пешвои миллатамон ба ин рӯзи нек расидем. Иншооти мазкур баъд аз истиқлолияти давлатӣ бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик маҳсуб мешавад.

Дар воқеъ мушкил аст, вале қудрату тавоноӣ дар дасти мардум аст, мардуме, ки муттаҳид ва якдилу якмаром бошад. Хушбахтона мардуми Тоҷикистон аҳамияти нерўгоҳи Роғунро барои имрўзу фардои Ватани азизи худ хуб дарк мекунад. Моҳияти таъкиди сарнавиштсози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки «Роғун ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст», дар ҳар дақиқаи кори бинокорон, ҳар тапиши набзи Роғун ва ҳар орзую нияти неки аҳолии кишвар таҷассум ёфта, шӯълаи умеди моро ба фардои ободу осуда беш аз пеш фурўзон мегардонад. Он рўз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи зарин давлати тоҷик он ҷилои тоза пайдо намояд.

НБО-и “Роғун” дар силсилаи нерӯгоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди он 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон аст, ки иқтидори он 3600 мегаватт мебошад. Тибқи нақшаи сохтмони ин иншооти бузурги аср агрегати нахустин 16 ноябри соли 2018, дуввумаш моҳи апрели соли 2019 ба кор шурӯъ намуда, корҳои сохтмони соли 2024 пурра ба анҷом мерасад. НБО-и “Роғун” метавонад кишвари азизамонро ба истиқлолияти комили энергетикӣ бирасонад. Ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафхуми бузург буда, дар саҳфаи таърих бо хатти зар сабт мегардад. Маҳз бо шарофати истиқлолият, фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву суботи кишвар миллати тоҷик дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор ниҳода, чунин иншооти муҳими аср бунёд ёфт ва месазад шукргузорӣ аз ин неъматҳои пурарзиш кунем.


Нурматов Шодмон - докторант PhD

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ