​Роғун – неруи тавонои таҳкими истиқлолият

Дар лаҳзаҳои душвору сарнавиштсози ҳар як халқу миллат фарзандони ҷонҳисору далер, ватандӯсту фарзона ва мардумпарвае ба арсаи сиёсат меоянд, ки бо ҷасорат ва кору пайкори худ раванди таърихро тағйир медиҳанд ва онро ба маҷрои солиму созанда ва бунёдкорӣ равона месозанд. Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу душвортарини таърихӣ – поягузории нахустин хиштҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсат омада, дар эъмори бинои муҳташами соҳибистиқлолӣ хизмати беандоза бузургро ба анҷом расониданд.

Хитобаи машҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ба Шумо сулҳ меорам ва омода ҳастам дар роҳи таъмини сулҳ, оромӣ, ваҳдат, амният ва пешрафти ватанам ҷони худро нисор намоям” чеҳраи ин марди бузургро чун сиёсатмадоре, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсозу ҳалкунанда зимоми давлату давлатдориро ба дасти худ гирифта, масъулияти басо бузургро нисбат ба тақдири миллат, давлат, Ватан бо тамоми маънояш дарк менамояд, ҷилвагар намуд.

Аслан вожаҳои офтоб, сулҳ, сафову рӯшноӣ ҳаммаъноянд, ки фалсафаи аслии ҳастии зиндагӣ, маънои ҳаёту мамоти инсон ва аҳли башар дар онҳо нуҳуфтаанд. Пас аз хитобаи “Ман ба Шумо сулҳ меорам”-и Пешвои муаззами миллат, ки воқеан дар кишвари мо сулҳу сафоро таъмин ва устувор намуд, ватани азияткашидаи моро аз вартаи ҳалокат, миллатро аз парокандашавӣ наҷот дод, тоҷиконро аз ғурбату ғарибӣ, бекасӣ ва хориву зорӣ раҳонида ба ҳам овард, идомаи кору пайкори бесобиқаи Сарвари давлатро бо шиори дигаре метавон ифода намуд ва онро маҷозан чунин номид “Ман ба Шумо сафову рушанӣ меорам”.

Воқеан дар қатори дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии мамлакат муҳимтарин ҳадаф ва мақсади Пешвои миллат аст ва он дар меҳвари сиёсати иқтисодӣ ва таҳкими истиқлолияти воқеии давлати ҷавони мо қарор дорад. Зеро аз татбиқи амалии он иҷрои дигар ҳадафҳо вобастагии муҳим дошта, Роғунро ҳамчун Кохи бузурги нур метавон неру ва омили муҳими таҳкими истиқлолият номид.

Бунёди НБО-и “Роғун” бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гиддоэнергетикии Тоҷикистон – сохтмони муҳташами аср ба шумор рафта, Сарвари давлат чунин таъкид менамоянд, ки “Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба Роғун аст”.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи НБО-и “Роғун” ҳанӯз соли 1978 омода гардида, пас аз ба истифода додани НБО-и “Норак” бо дастури Вазорати энергетикаи ИҶШСсохтмони он шурӯъ гардида буд. Бунёди неругоҳ то барҳамхӯрии ИҶШС ва оғози даргириҳои солҳои 90-умиасри гузашта дар ҷумҳурӣ идома ёфта, то ин давра, яъне соли 1992 ба маблағи 820 млн доллари амрикоӣ корҳо анҷом дода шуда буданд. Пешбинӣ шуда буд, чархаи (агрегати) аввалини неругоҳ соли 1993 ба кор медаромад, аммо бо сабаби шиддат ёфтани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва нарасидани маблағ соли 1990 кор дар сохтмон қатъ гардид.

НБО-и “Роғун” на танҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва стратегии дохилиҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дошта, он на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба рушди иқтисодиёти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ такон бахшида, ҳамчунин имконият ва шароити ба кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон содир намудани барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзонро фароҳам меорад.

Ғояи бунёди НБО-и “Роғун”-ро ҳанӯз дар давраи шӯравӣ роҳбарияти Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пешниҳод карда буданд. Ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ба ин кор манфиатдор буд, зеро тавассути обанборҳои Роғун ва Норак имкони танзими бисёрсолаи оби дарёи Вахш ба даст омада, ба ин васила беш аз 300 ҳазор га заминҳои ташналаб дар ҳудуди Ӯзбекистон шодоб гашта, ин ҷумҳурӣ метавонад киштзорҳои беканори худро дар солҳои камборишӣ бо об таъмин намояд.

Хушбахтона дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Роҳбарияти олии кишвар тамоми садду мушкилоти бунёди ин иншооти сарнавиштсоз бар нафъи мардуми Тоҷикистон ва тамоми минтақа ҳал гардид. Пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромадани НБО-и “Роғун”он метавонад ҳамасола 13,1 млрд. киловатт соатбарқ истеҳсол ва даромад аз фурӯши барқ дар давоми се сол тамоми хароҷоти сохтмонро пурра мепӯшонад.

16-уми ноябри соли 2018 чархи аввали НБО-и “Роғун” ва чархи дуюми он 9-уми сентябри соли 2019 ба кор даромада, он ба манфиати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тамоми минтақа кор мекунад.

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмончиёни НБО-и “Роғун, ки 13-уми июли соли равон баргузор гардид, далели таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва ҳамешагии Сарвари давлат ба ин иншооти аср мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сохтмончиён таъкид намуданд, ки “Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ буда, саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО-и “Роғун” эътимоди қавӣ доранд”.

Бунёдгузори НБО-и “Роғун” – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи бунёдгарони иншооти мазкур баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки номи қаҳрамонони ин сохтмон дар таърихи навини Тоҷикистон сабт гардида, мардуми шарифи тоҷик ба меҳнати содиқонаи фарзандони сарсупурдаи миллат баҳои сазовор медиҳанд.

Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, доктори илмҳои таърих, профессор, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ