​Роғун-нишони ватандӯстӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон

Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,

Авроди забони ман каломи Ватан аст.

Ман восифи ишқи Ватани маҳбубуам,

Феҳрести китоби ман мароми Вата наст.

Ватандӯстӣ ин меҳру муҳаб­бат, садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.

Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фар­ҳан­ги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиат­ҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлат­ҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

Хушбахона ба сари давлати тоҷикон марде, ки дар ҳақиқат Ватани худро дуст медорад ва баҳри пешрафт ва гулгулшукуфии он кӯшиш ба харҷ дода истодааст бо ном Э. Раҳмон омаданд.Чӣ хеле, ки медонем Сарвари давлат дар рӯзи қасам ёд кардан чунин гуфтаанд, ки « То ҷон дар бадан дорам барои Ватани маҳбубам содиқона хизмат менамоям» .Ин марди Ватандӯст ба худ мақсад гузоштанд, ки Тоҷикистони азизро бо баробари баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул боз барои мардуми тоҷикамнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро таъмин менамоянд.Тоҷикистон макони зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ мебошад. Ин имконияти бузурги энергетикӣ метавонад, ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Бо мақсади самаранок истифода намудани ин неъмати Худованд Сарвари давлат тасмим гирифтанд калонтарин НБО Роғунро , ки сохтмони он охири солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шуда бо сабабҳои гунонун нотамом монда буд ба кор дароварда мардумро бо захираи энергетикӣ таъмин намоянд. Барои ин мисли шамси тобон тафаккури мардум ва дар онҳо ҳисси ватандӯстиро бедор намуданд.

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср ба ҳисоб рафта аҳмияти зиёди сиёсиву иқтисодӣ дорад. Зеро, бидуни барқ ягон соҳа пеш намеравад. Аз нигоҳи иқтисодӣ таҳлил намоем, дар Тоҷикистон корхонаҳои саноати ба кор даромада иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад далатамон ба кишварҳои пешрафтаи дунё дохил мешавад. Ин ҳадафи бузурги Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонро дастгири намуда, мардуми бонангу номус, саховатманду ҷавонмарди тоҷик аз як гиребон сар бароварда, ба хотири таъминоти мунтазами барқ ва ободии Ватан вобаста ба тавоноии худ саҳми арзанда гузоштанд.

Бо бунёди НБО «Роғун» Тоҷикистон истиқлоли энергетикиашро ба даст оварда метавонад. Ба кор андохтани НБО «Роғун» ягона роҳи бадастдарории истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Мардуми тоҷик чандин солҳо буд, ки аз набудани барқ азият мекашиданд ва иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ ҳисороти азиме дид. НБО-и Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО-и Роғун аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадомашон 600 мегаватро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин аз сатҳи замин (гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ба иқтидори 3600 мегават (беш аз 17 миллиард киловатт соат)-ро доро буда, калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО-и Норак якуним маротиба зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш аст.

Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун, аллакай, дар хоиаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем. Ташаббусҳои созанда, иқдомҳои наҷиби ҳар фарди баору номус, ватандӯст бобати саҳмгирӣ дар бунёди нерӯгоҳ имрӯз ба натиҷаҳои дилҳоҳ боис шуда истодааст. Ба кор даровардани ду агрегати НБО«Роғун» орзуву омоли деринаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид.

Хулоса, фардои дурахшони Тоҷикистону тоҷикистониён аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Мардуми мо дорои нерӯи бузургу иродаи тавоност ва ин нерӯгоҳро месозад. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад.

Дар навои мавҷи Роғун даъвати мардони кор,

Бо садои мавҷи Роғун раҳсипор бояд шавем.

Равшании нури «Роғун» неъмати дарёи Вахш,

Мо ба кори кашфи «Роғун» устувор бояд шавем.

Давлате дар Осиё пуриқтидор бояд шавем,

Давлате дар Осиё пурифтихор бояд шавем.

Пӯлотов П.Р.-декани факултети физикаю техникаи ДДХ, номзади илмҳои химия

Луғмонова Ш.О.-мудири кафедраи назарияи физикаи ДДХ, номзади илмҳои физика-математика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ