Муқаддимаи диншиносӣ

Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби тоза интишор ёфт, ки ҷиҳати таҳкими дониши динии донишҷӯён нақши муассир мегузорад.

Муаллифони китоб мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дотсент Абдунаим Бердишукуров, устодон - Қорихонов Саидваққосхон ва Ҷӯраев Манучеҳр мебошанд.

Китоби тозанашр фарогири масоили муҳими илми диншиносӣ буда, дар он шуруъ аз мафҳум ва моҳияти дин то анвои динҳои ҷаҳон ва таълимоти асосии он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Китоби мазкур бо назардошти зарурияти саводи динӣ дар раванди бадалшавии идеологияҳо ва шиддат ёфтани муборизаҳои сиёсӣ бо истифода аз нуфузи дин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҷомеа таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, ки китоби мазкур ба хонандагони макотиби миёна, донишҷӯён, омӯзгорон ва алоқамандон тавсия мешавад.

Пайдо намудани маълумоти илмӣ дар бораи дин, шинохти дурусти дин ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ ҳадафи нашри китоб унвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки китоби мазкур ҷиҳати даст ёфтан ба дониши мукаммал ва маълумоти аниқу саҳеҳ вобаста ба илми диншиносӣ барои хонандагон хидмати арзишманд анҷом медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ