Олими илми кайҳоншиносӣ

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷалол Латифов, профессори факултети физика ва техникаро ҳамчун инсони наҷиб ва олими сермаҳсул шинохта, аз эшон шахсияти соҳибэҳтиром ва устоди ғамхор ёд мекунанд. Ҳарчанд аз марги ин шахси накӯном чанд моҳ гузашта, аммо ному ёди ӯ мондагор аст.

Ҳамкорону дӯстон, шогирдону пайвандон аз аъмоли нек ва наҷиби марҳум нақл карда, рафтору гуфтору кирдори ин устоди асил ва роҳнамои беминнатро намунаи ибрат унвон мекунанд.

Агар ба саҳифаҳои зиндагии Ҷалол Латипов назар кунем, мебинем, ки шодравон як инсони масъулиятшинос, серталаб ва сермаҳсул будааанд. Ҳеҷ гоҳ аз дастоварду муваффақиятҳо қонеъ нагардида, баръакс пайваста меҳнат ва заҳмат кашидаанд.

Номбурда пас аз хатми мактаби миёна соли 1956 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил мешавад. Моҳи декабри соли 1957 садорати Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон даҳ нафар донишҷӯёни бахшҳои гуногуни факултаи физикаро барои мушоҳидаҳои оптикии аввалин радифи маснӯъи Замин, ки 4 октябри соли 1957 сар дода шуда буд, ҷалб менамояд. Ба ингурӯҳ дилбохтаи илми кайҳоншиносӣ ва шавқманди фаъоли сирру асрори осмони ситоразор Ҷалол Латифов низ шомил мегардад.

Шавқу завқи илмдӯстӣ ва дониши мукаммали Ҷалол Латифов ба раиси имтиҳоноти давлатӣ-кайҳоншиноси маъруфи олам, сарвари Пажӯҳишгоҳи астрофизика - Пӯлод Бобоҷонов писанд гардида, ӯро барои идома додани фаъолияти илмию меҳнатиаш ба Пажӯҳишгоҳ даъват менамояд.

Ҳамин тавр, хатмкунандаи шӯъбаи физикаи ДДТ ба номи В.И.Ленин моҳи сентябри соли 1961 корманди лабораторияи ионосфераи Пажӯҳишгоҳ таъин мегардад. Муҳаққиқи ҷавон бо ҳамкории устоди худ аз рӯйи равияи муайян намудани суръат ва самти шамоли атмосферӣ дар баландии 100-110 км корҳои илми-тадқиқотиро бомуваффақият идома медиҳад. Дар тӯли ду соли фаъолияти илмиашҶалол Латифов дар чандин конфронсҳову симпозиумҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, дар ин мӯҳлати кӯтоҳ 5 мақолаи илмиро доир ба самти шамоли атмосферӣ дар маҷаллаҳои илмӣ дарҷ менамояд.

Ба Ҷалол Латипов имконпазир мегардад, ки бо тавсияи садорати Пажӯҳишгоҳ дар бадали як сол (1963-1964) коромӯзиро дар шаҳри Москва, дар Пажӯҳишгоҳи магнитизми Замин ва паҳншавии радиомавҷи Академияи илмҳои СССР (ИЗМИРАН) пурсамару пурфайз гузаронад. Натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ дар шӯъбаҳои гуногуни ин Пажӯҳишгоҳ бо он анҷомид, ки олими ҷавон Ҷалол Латифов самти равиши илмии пештараашро тағйир дода, бо тадқиқи масоили актуалии замон - паҳншавии радиомавҷ ва омили асосии он, хусусиятҳои қабатҳои ионосфераи баланди атмосфераи Замин шавқу рағбати калон зоҳир менамояд.

Ин буд, ки устодонаш Пӯлод Бобоҷонович ва Лев Николаевич Рубсов хоҳиши шогирдашонро ба назар гирифта, ба шаҳри Ашқобод, Пажӯҳишгоҳи физикаи Замин ва атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон, ки дар масоили тадқиқи қабатҳои поёнии ионосферӣ дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи баланд дошт, ба аспирантура равон месозанд. Ӯ таҳсилро аз соли 1966 таҳти сарварии олими намоёни соҳаи физикаи ионосфера, доктори илмҳои физика-математика, профессор Ораз Овезович Овезгердиев фаъолона ва бо шавқи калон идома дода, ба омӯзиши робитаи қабатҳои ионосферӣ бо таъсири селаҳои зарраметеорҳо (шиҳобҳо) машғул мегардад.

13 июни соли 1974 Ҷалол Латифов дар Шӯрои илмии аттестатсионии назди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Зарраметеорҳо ва қабати Е-и ионосфера” дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои физика-математикаро сазовор шудаанд.

Марҳум дар вазифаҳои гуногун, шуруъ аз лаборанти оддӣ то садри факултету мудири кафедра фаъолият бурда, дар ҳама ҳолат шахсияту ҳайсияти худро ба дараҷаи олӣ ҳифз намуда, ба дастовардҳои наҷиб ноил шудаанд.

Имрӯз шогирдони устод Латипов - Абдураҳмон Қодиров, Саидқаҳҳор Ёқубов, Мақсудҷон Зиёбоев, Абдурауф Шамсиев, Раҳимҷон Назаров, Ғафурҷон Усмонов, Комилҷон Мирҷамолов, Қаршибой Исмонқулов, Мӯъминҷон Шамсиддинов, Ҳакимҷон Тошхӯҷаев, Ҷӯрабек Юсуфов, Аҳмадҷон Домуллоҷонов, Камолиддин Қозиев ва дигарон соҳиби унвонҳои илмӣ гардидаву кору пайкори устодашонро идома медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷалол Латифов давоми фаъолияти илмию омӯзгории худ зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 7 дастури таълимию очеркҳои таърихӣ (монографияҳо) ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию оммавиро дарҷ намуданд.

Меҳнати пурсамари устод бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ҷумҳуриявии “Дониш” ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудааст.

Ҷалол Латифович дорандаи нишони Кумитаи давлатии маорифи СССР “Барои муваффаққиятҳои аъло дар меҳнат” ва унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Ҳарчанд имрӯз устод Латипов дар қайди ҳаёт нестанд, ҳамоно ҷойи эшон дар дилҳост.

Ёдашон гиромӣ ва руҳашон шод бод!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ