​Манобеи таъриху ватаншиносӣ!

Мусаллам аст, ки меҳру муҳаббат ба Ватани хеш ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва арзишҳои дигари олии инсонӣ аз илму дониш, маълумоти дақиқи таърихи миллат сарчашма мегиранд. Нафаре, ки аз таърихи авлоду аҷдод, макони таваллуду зист ва ғайра бохабар набошаду маълумоти муфассал надошта бошад, ҳеҷ гоҳ ватандӯсти комилу содиқ шуда наметавонад. Бинобар ин, барои дарки воқеиятҳои таърихии асли худ, фардро зарур аст, ки дар омӯзиши ин маълумотҳо ҳарчӣ пештар ва бештар саъю кӯшиш намояд.

Хушбахтона, барои тоҷикону тоҷикистониён чунин манбаи боэътимоди таърихӣ асари оламшумули алломаи қаҳрамон Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” мебошад, ки таърихи ташаккул ва рушди миллати тоҷикро аз давраҳои то милод ва то даврони муосир ба хонанда пешниҳод менамояд. Бо сабаби навишта шудани асари мазкур ба забони русӣ ва теъдоди норасои нашр каме пештар дарёфту омӯзиши он барои аксарияти мардум хеле душвор ва ҳатто имконнопазир буд. Иқдоми ватандӯстонаю дурандешонаи шахсияти хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки шоҳасари “Тоҷикон” бо забони равону шевои тоҷикӣ тарҷума ва ба ҳар оилаи тоҷикистонӣ тӯҳфа гардид. Ин тадбири оқилона имконияти барамандии оммаи васеъро аз ҳикматҳои таърихи миллат фароҳам оварду барои болоравии сатҳи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ мусоидат хоҳад кард.

Нашри шоҳасари безавол бо теъдоди зиёда аз 1,6 миллион адад ва ҳаҷми калони он баробар ба 976 саҳифа гувоҳӣ медиҳанд, ки гурӯҳи муҳарирону масъулони нашр, тарҷумонҳои тавонои забондон чӣ қадар заҳматҳо кашидаанд, ки ин китобро ба мардум саривақт ва бо сифати аъло дастрас намоянд. Хосатан, раванди тақсимоту дастрасии китоб ба оилаҳо худ нишонаи муташаккилонаи пурмаҳсули давлатдорӣ аст, ки сазовори сипоси беадад мебошад.

Мутоилаи шоҳасари безаволи “Тоҷикон” бо забони давлатӣ аввало боиси фараҳмандист ва ба одам забони китоб он қадар фаҳмою пурмантиқ аст, ки давоми хондани китоб ҳам аз таърихи миллат огаҳӣ меёбеду ва ҳам махзани луғавии хонанда бойтар мегардад. Алалхусус, истифодаи калимаҳои пурмаънои оммафаҳм дар девораи маънидодҳои калимаҳои суғдию бохтарӣ ва ғайраи шоҳасар манобеи бузурги илму дониш аст, ки ҷоизи шукргӯйи фард аз таърихи ниёгони худ мебошад.

Шукронаи сарзамини аҷдодӣ – Ватани маҳбубам, шукронаи давлатдорони навин, шукронаи замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мекунаму бо ихлоси бепоён ба ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона мекунам, ки бо ҳадяи бебаҳо - китоби “Тоҷикон”-иқиматбаҳо мардуми кишварро ба омӯзиши аслияти худ ҳидоят намудаанд. Итминони қавӣ дорам, ки иқдоми шоистаи мазкур заминаи боэътимоди болоравии меҳанпарастию худогоҳии мардум, алалхусус ҷавонон мегардаду сипари шикастнопазир бар зидди душманҳои дохиливу хориҷӣ хоҳад буд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ