Рисолати ҷавонон дар амнияти ҷомеа
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли истиқлолияти давлатии худ дар миёни мамолики мутараққии дунё бо ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи худро басо муассир пайдо намудааст ва имрӯз аз ҷониби наздик 150 давлати ҷаҳон кишвари мо расман эътироф шудааст. Таъсиси Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани робитаҳои судманди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати дарҳои кушод ва баррасӣ гардидани масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷаҳонӣ нишонаи муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нақши созгор гузоштани он дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ва ба миён гузоштани яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ дар ҷаласаи сатҳи баланди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар пешбинӣ намудани Конфронси байналмилалӣ бо ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, доир гардидани Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби глобалӣ ва иқдомоти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҷавононро ҳамчун самти калидӣ ва дурбинона пеша намудаанд ва ҷавононро ҳамчун қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб медонанд.
Дар баробари рушду тавсеа ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз тамоюлҳои манфию ғайриахлоқӣ миёни ин қишри аҳолӣ дарак медиҳад, ки он давлату ҳукумат ва ҷомеаи кишварро ба ташвиш овардааст. Дар солҳои 2015 ва 2016 ба қайд гирифта шудани 11692 ҷинояти мухталиф аз ҷониби ҷавонон содиргардида ва ба 1293 нафар расидани шумораи шомилшудагон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар соли 2016 ҷомеаи моро ором гузошта наметавонад.
Мавҷудияти муаммои зикргардида дар пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони халқи тоҷик халал ворид мекунад. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, нашъамандӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, тамокукашӣ, оворагардӣ, ба марказҳои дилхушӣ рафтан, шабгардиҳо, даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо задан, дур шудан аз анъанаҳои неки илмомӯзӣ ва гаравиш ба экстремизму терроризмро номбар намудан мумкин аст. Ин муаммоҳо ҳамчун доғи рӯз дар ҷаҳони имрӯза муаррифӣ гардида, аз ҳама хавфноку хатаровари он шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз амалҳои террористиву экстремистӣ муаммои сатҳи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, беш аз 100 давлати дунёро ба ташвиш овардааст.
Бо дарки муҳиммияти ин масоил Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” зикр доштанд, ки «Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд» [5]. Рӯ овардан ба ин муаммои муҳим дар самти мубориза ва пешгирии таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо хоса байни ҷавонону наврасон хеле зарур арзёбӣ мешавад.
Аз ин лиҳоз, яке аз ин муаммоҳо ва доғи рӯзи ҷаҳони муосири кишварҳоро экстремизму терроризм метавон унвон кард. Ин мафҳумҳоро ҳар инсони поктинат ва эҳсоси давлатдориву ватандӯстӣ дошта, ҳамчун “зӯроварӣ”, “сӯхтору таркиш”, “қатлу ғорат”, “кушторҳои бераҳмона”, “даҳшату ваҳшоният”, “гумроҳӣ”, “тарсу ҳарос”, “амалҳои ғайриинсонӣ”, “фиреб” ва “беимониву бевиҷдонӣ” фаҳмида, онро маҳкум мекунанд.
Ин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиву террористӣ худро бо номҳои “Ал-қоида”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷараёни ифротии Салафия”, “Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом”, «Давлати исломӣ» ДИИШ, «Ҷабҳат-ун-Нусра», “Бародарони мусулмон”, “Ҳизби исломии Ӯзбекистон” (собиқ ҳаракати исломии Ӯзбекистон), “Лашкари тайба”, “Ҳаракати толибон”, “Гурӯҳи 24”, «Гурӯҳи исломӣ», “Тоҷикистони озод”, “Ансоруллоҳ”, «Ҷамъияти таблиғ», «Созмони таблиғот» ва ғ. байни қишрҳои гуногуни ҷомеа муаррифӣ карданӣ мешаванд ва бо ҳар роҳу усул (тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, иштирок дар тӯю маъракаҳои оилавӣ, шабнишинию сайру гаштҳо, сӯҳбатҳои инфиродию дӯстона ва ғайраҳо) тарғибу ташвиқ намуда, ҷавонони бегуноҳ, заифирода ва дар чорроҳаи зиндагӣ муаллақро бо роҳи фиреб ба доми худ мекашанд. Новобаста аз ному барномаҳои гуногун ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъгардида, мақсаду маром ва ҳадафҳои муғризонаи ягона доранд. Мақсад ва мароми асосии терроризм, ё ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои зикргардида пеш аз ҳама халал ворид сохтан ба амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм, ба воҳима овардани аҳолӣ ва ниҳоят ба тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Ин ҳолатро танҳо шахсони ҳушёру зирак, соҳибмаърифат, инсони аз нишебиҳои зиндагӣ бархӯрдор ва аз таҷрибаи рӯзгору маслиҳатҳои волидайн, олимону шахсони муътабар, донишмандон ва пирони барнодил метавонанд эҳсос намоянд.
Масалан, ҳадафи ҷараёни «Салафия» инкор кардани мазҳабҳои чоргона, куфр донистани Конститутсия, нест кардани урфу одат, анъанаҳои миллии дигар қавмҳо ва фарҳанги бузургу таърихи мо бошад. Мақсади ҳаракати ифротгарои Ҳизби таҳрир бошад «бунёди хилофати исломӣ» аст... [11.С 15-16]. Созмони дигари «Давлати исломӣ» (ДИИШ) бошад аз даҳшатангезтарин ташкилот ба ҳисоб рафта, бо зӯрӣ ишғол намудани давлатҳои мусулмоннишин ва тобеи худ кардани онро ҳадафи худ қарор додааст. Таҷрибаҳои фаъолияти Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом нишон дод, ки бо тафриқаандозии хеш мардумро ба гумроҳӣ бурда, боиси ба кишварҳои ҷангзада раҳсипор шудани баъзе шаҳрвандон, ҳатто бо аъзои оилаашон гардид. Алҳол даҳҳо ва садҳо нафари онҳо ҷони худро дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия аз даст доданд. Барои ҳамин, аксарияти ин ҳизбу гурӯҳҳо бо шакли динӣ арзи вуҷуд кардаанд ва бештар аз номи ислом ва дину мазҳаб ҳарф зада, дар баъзан маврид оятҳои Қуръони карим ва сарчашмаҳои диниро ба мақсадҳои ғаразноки худ, чун «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва ғайраҳоро нодуруст шарҳу тавзеҳ ва сӯиистифода мекунанд. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид сохта буданд: «Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд» [4].
Дар маҷмуъ, фаъолияти ҳамаи ин созмону ташкилотҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон дар марҳалаҳои гуногун (аз соли 2006 то 2015) бо Қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, аммо то ҳол дар баъзан ҳолатҳо ҷавонон ба доми фиребу найрангҳои ин ҳизбу ҳаракатҳо афтида истодаанд. Ҳатто таҷрибаҳои давлатҳои ба ном «исломӣ» нишон дода истодаанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизб ё ташкилоти сиёсии динӣ арзи вуҷуд дошта бошад, дар он кишвар нооромӣ, бераҳмиву ваҳшоният, тафриқаандозӣ миёни мусулмонон, зӯроварию ноадолатиҳо ва дигар амалҳои номатлуб дида мешавад.
Инак, баъзан муаммоҳои мавҷудаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ки пешорӯ ё дар баъзан ҳолат садди роҳи ҷавонон гардида истодааст чанде аз масоили роҳҳои пешгирии онро аз ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мувофиқи мақсад шуморидем:
Якум. Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, силсилаи китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва истифодаи матни суханрониҳояшон аз ибтидои солҳои истиқлолият то ба имрӯз, ки пур аз таърихи воқеияти ҳаёти инсонии миллати тоҷик, таҳлилу муқоиса ва нишондодҳои бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвари Тоҷикистонро инъикос намудааст, назару меҳру муҳаббати ҷавонони моро ба Ватан ва Оила куллан тағйир хоҳад дод. Зеро, ҷавонон аз ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаҳои шадиди давлату ҳукумат дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва омилҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар Тоҷикистон сабақ гирифта, дар решакан намудани он тасмим хоҳанд гирифт.
Дуюм. Мусаллам аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аввал ҷавонони навроҳ ва дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайронро ба доми худ мекашанд ва дар навбати аввал кӯшиш менамоянд, ки сараввал симои зоҳирии онҳоро (тарзи либоспӯшӣ, риш мондан, сатру ҳиҷоб, амалу рафтори шубҳанок) тағйир диҳанд, баъдан дар вайрон кардани мафкураи ҷавонон ҳаракат месозанд. Ба доми ин бало асосан бекорон, ҷавонони сатҳи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динӣ дошта, аз оилаҳои камбизоат ва амсоли инҳо меафтанд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оила ва дигар шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба он бояд нигаронида шавад, ки дастаҷамъона пеш аз ҳама мафкураи ҷавонони худро солим нигоҳ дорем то ҷавонони мо ақидаҳои бегонаро напазиранд ва дар ҳизфи оила, ҷомеа ва давлати худ устувор пофишорӣ намоянд.
Сеюм. Барои рафъи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ моро зарур аст аз якчанд омилҳо ва сарчашмаҳои адабиётҳои илмиву адабӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиву динӣ истифода намоем. Масалан, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидани китоби муқаддаси «Қуръони карим» [10]. ва ройгон дастрас шудани он ба оммаи васеи мардум дар шинохти асолати дини мубини ислом нақши муҳим бозид. Ҳамчунин бо назардошти хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ баргузории Соли бузургдошти сарвари мазҳаби ҳанафӣ Ҳазрати Имоми Аъзам (соли 2009) аз зумраи тадбирҳои муҳимтарини тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавияти мардум, бахусус, таҳкими фарҳанги исломӣ ба шумор меравад. Дар ин асно, даҳҳо ва садҳо асарҳои илмию оммавӣ ва зиндагиномаи худи Имоми Аъзам таҳияю нашр гардиданд, ки мутолиаи онҳо аз ҷониби ҷомеаи имрӯза савияи дониши динию дунявӣ ва ҳуқуқии моро баланд мебардорад, аз роҳҳои ифротӣ бозмедорад, иродаи моро дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният ва пойдории сулҳу ваҳдат боз ҳам мустаҳкамтар месозад.
Чорум. Дигар муаммои асосӣ, ки роҳи ҳалли он бештар аз оила ва худи ҷавонон алоқаманд аст, таҳсилоти динии ҷавонони мамлакат дар донишгоҳҳои ғайриқонунии хориҷи кишвар мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ то ҳанӯз аз 3800 нафар таҳсилкунандагони ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар қариб 400 нафари дигар боқӣ мондаанд, ки бояд ба Тоҷикистон баргардонида шаванд [4]. Дар ин амали онҳо, хатари ҷавонон бештар мушоҳида гардида, имкони фирефта шудан, таъсири азхуд намудани фарҳанг ва ҷорӣ намудани ғояю идеологияҳои бегонаро пайдо намуданашон мумкин аст. Ҷавонон аз сабаби нокифоя будани дониши динӣ эҳтимоли ба гурӯҳҳои тундрав шомил шуданро доранд. Дар ҳоле, ки барои ҷавонон, умуман, барои шаҳрвандони мамлакат Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе дари худро боз намудааст. Бо дарки муҳиммияти илму фарҳанг ва ҷалби ҷавонон ба китобхонию донишандӯзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта, дар таърихи начандони дури Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сатҳе боло бардоштанд, ки ҷавонону наврасон дар зинаҳои гуногуни таълиму тарбия: кӯдакистонҳо, мактабҳои маълумоти миёна ва донишгоҳҳо сабақ мегиранд. Имрӯз дар Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба таҳсил додааст [1], Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ» [13] фаъолияти ҳамаи зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ ва донишгоҳҳои олии кишварро назорат ва ба танзим медарорад. Стратегия, Консепсия ва Барномаҳои дурамали Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди илм ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани ҳар як сокинони он нигаронида шудааст, ки сол аз сол нуфузи бештар пайдо менамояд.
Ҷорӣ намудани фанни «Таърихи дин» барои хонандагони мактабҳои маълумоти миёна ва фанни “Диншиносӣ” барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ маҳз ба хотири бархӯрдор гаштан аз таърихи дин ба ҷавонон кӯмак мерасонад. Ин тадбирҳои амалишудаистодаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро ҳушдор месозад, ки бо зуҳуротҳо ва ақидаҳои экстремистӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ғайриқонунӣ амал менамоянд, муқовимат нишон диҳанд, аз равияҳои бегона худдорӣ намоянд ва мавқеи худро муайян созанд.
Аз ин сабаб, ба мақсад мувофиқ ҳам ҳаст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати фанни таълими “Таърихи дин” дар мактабҳои маълумоти миёна ва ҳаҷми соатҳои фанни “Диншиносӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуда, ҳаҷми он зиёдтар карда шавад. Барои тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба низ дар заминаи яке аз Донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ё Академияи таҳсилоти Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани мутахассисон бо ҷалби коршиносони варзидаи соҳаи диншиносӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Панҷум. Барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ низ мавҷуд буда, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ таҳия ба тавсиб расидаанд, [2,6,7,8] ки барои мустаҳкам намудани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Чуноне ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» бармеояд, барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зарур аст, ки барои огоҳонидан аз тундгароӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон бояд баробари хонандагони синну соли томактабӣ ва мактабӣ, ки дар замири онҳо ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул меёбад, чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намуд. Дар муассисаҳои таълимӣ бояд фанҳое омӯхта шаванд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба инсон ҳамчун шахсият, новобаста аз мансубияти миллӣ ё мазҳабии ӯ тарбия намуда, шароит фароҳам оварда шавад, ки наврасону ҷавонон тавонанд ба селоби иттилооти манфӣ вокуниши дуруст нишон дода, аз таъсири он худро ҳифз намоянд [2].
Сиёсати дурбинона ва инсонпарваронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳатто ба шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар вуҷуд надошта бошанд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд [9.С.299-300].
Шашум. Тибқи маълумоти таҳлилгарон солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд [14]. Аъзоёни ин ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшуда пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “фейсбук”, “вайбер”, “одноклассники”, “твиттер” ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявӣ доштаро даъват намуда, ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд. Бештари ҷалб шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тариқи воситаҳои интернетӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, дар ин самт шаклу усулҳои нави корбарии мубориза бо гурӯҳҳои тундравро дарёфт намуда, ба суханҳои иғвоангези онҳо ҷавоби сазовор бояд дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз Конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм таъкид сохта буданд, ки «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад» [5]. Суръати баланди иттилоот ва технологияи интернетӣ дар муошират, дар фурсати кӯтоҳ дастрас, қабул ва ирсоли маълумоту иттилоот ва баланд намудани суръати кору фаъолият кӯмак расонида, ба шаҳрвандони чӣ дохилӣ ва хориҷи кишвар хизмат мерасонад. Аммо, баробари осон намудани кору фаъолият ва нишондодҳои мусбӣ таъсири манфӣ ҳам расонида метавонад. Чунончӣ, бо ҷустуҷӯи маълумотҳо ба сомонаҳои ғайрирасмӣ ворид шудан маълумотҳои бардурӯғу асоси воқеӣ надошта, даъват ба таҳсилҳои ғайриқонунӣ, ҷойи кор бо музди маоши баланд, кори музднок тавассути интернет ва дигар хабару маълумотҳои бардурӯғу шубҳанокро зиёд рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Роҳ ёфтани бештари ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки баъзан ҷавонон ҳанӯз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурӯғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд, ки боис ба шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд. Ҷавонони мо бояд дар навбати аввал фаромӯш насозанд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ хамсӯҳбат доранд ва чӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Вобаста ба таъсири воситаҳои иттилоотӣ ва рафъи ин муаммо дар Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон омадааст: “Бо дар назар доштани пешрафти замон, инкишофи техника ва технология, терроризм шакл, усул, восита ва тарзҳои навро ба худ касб менамояд. Ин ҳолат водор месозад, ки пайваста дар ҷустуҷӯи пайдо кардани шаклу усулҳои нав ва таъсирбахши муқовимат бо чунин падидаҳои ҷинояткорона, махсусан, механизми иттилоотонӣ ва пешгирикунанда ҳамчун як низоми пайваста мутобиқшаванда ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шавад» [3]. Дар ин ҳолат, танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ ва ғайра моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад.
Ҳафтум. Таҳлилҳо бозгӯи он ҳастанд, ки шомилшавии ҷавонони бекор, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ва сатҳи пасти маърифат дошта бештар ба чашм мерасанд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки баробари ҷалби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар ва ташкилоту муассисаҳое, ки зери назорати доимӣ ҳастанд, дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ин қишри ҷомеа, махсусан, бекорон, аз маҳбас озодшудагон, ҷавонони душвортарбия, аз таълиму тарбияи волидайн ва муассисаи таълимӣ дурмонда ва ҷамоату маҳаллаҳои осебпазир ҷалб карда шаванд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҳамсол ба ҳамсол, ҳамкасб ба ҳамкасб ва амсоли инҳо бо паҳн намудани варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда ва огоҳкунандаи терроризму экстремизм натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод.
Ҳодибоев Ф. - номзади илмҳои фалсафа