Технологияи компютерӣ дар омӯзиши фанни физика
Чунин ном дорад китоби тозанашр, ки дар матбааи “Нури маърифат” чоп шудааст.
Дар васоити таълими мазкур яке аз масъалаҳои ҷузъии технологияи информатсионӣ – татбиқи барномаҳои компютерии математикӣ нисбат ба омӯзиши фанни физика мавриди таҳқиқ қарор дода шуда,тафсири корҳои хатми бакалавриат ва магистрантҳо оид ба истифодаи технологияи компютерӣ дар омӯзиши фанни физика оварда шудааст.
Васоити таълими мазкур барои донишҷӯён ва магистрантон дар омодасозии корҳои курсӣ, рисолаҳои тахассусии хатм тавсия карда мешавад. Дар он оид ба технологияи информатсонии муосир, роҳҳои истифодаи он дар таълим, барномаи математикии Маткад, Ҳалли масъалаҳо аз физика дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, коркарди таҷрибаи физикӣ маълумоти муфассал оварда шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил