Асосҳои касбинтихобкунӣ
Чунин ном дорад дастури методии тозанашр, ки муаллифи он Азизов буда, дар нашриёти “Нури маърифат” ба чоп расидааст.
Дастури методии мазкур ба таҳлилу баррасии як бахши муҳимми мавзӯи рушди шахсият бахшида шуда, ҳадафи он шинос намудани хонанда бо асосҳои касбинтихобкунии муосир мебошад. Зеро интихоби воқеии касбӣ, хусусан дар синни наврасӣ ба худ хос муаммову мушкилот дорад. Чун наврас ҳанӯз омода нест, ки тамоми паҳлуҳои зиндагии ояндаи худро пурра дарк кунад, аз ин рӯ, ӯ дар ин марҳила ба машварату дастгирии калонсолон (психологҳо, омӯзгорон, падару модарон ва кулли ҷомеа) ниёз дорад.
Дастур барои донишҷӯён, омӯзгорони ҷавон ва дигар алоқамандон ҳамчун маводи методӣ пешниҳод мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил