ТОЗАНАШР: АЗ БЕДИЛ ТО ИМРӮЗ
Ин номи китоби тозанашри Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ мебошад, ки маҷмуаи мақолаҳоро роҷеъ ба шеъру андеша, сабки сухани Бедил ва бедилшиносӣ фаро гирифтааст.
Маҷмӯаи мазкур аз 296 саҳифа иборат буда, дар нашриёти “Нури маърифат” чоп шудааст.
Маҷмӯа фарогири мақолоте мебошад, ки давоми солҳои мухталиф муаллиф роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни шеър, андешаву афкори Бедил ва бедилшиносӣ, мактабҳои шарҳнависӣ ва бедилхонӣ дар Фароруд, нусхаҳои хаттии шуруҳи девони шоир дар китобхонаҳои ҷаҳон, таъсирпазирии суханвар аз шоирони пешин ва таъсиргузорӣ ба шоирони баъд аз худ то замони муосир ба қалам омадаанд. Ҳамзамон ба маҷмӯа як пешгуфтор ба китоби гузидаи ғазалиёти Бедил, ки бо эҳтимоми Анҷумани дӯстдорони Бедил нашр гардидаст, инчунин шарҳи як байти шоир ҳамроҳ шудааст. Китоб ба доираи васеи хонандагон манзур мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил