​Тозанашр: Армуғони наврўзӣ

Дар арафаи Наврўзи оламафрўз хабар расид, ки асари нави номзади илмҳои филология, дотсент, декани факултети забонҳои шарқ Исломҷон Раҳимов таҳти унвони «Ҷустуҷўҳо дар фарҳанги мардуми Хуҷанд» дар нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе, дар ҳаҷми 13 ҷузъи чопӣ ба нашр расид. Дар арафаи Наврўз чоп гаштани ин китоб ҳам рамзӣ аст, зеро бахши якуми ин китоб «Нигоҳе ба ҷашнҳои анъанавии ниёгон» ном дошта, фарогири мақолаҳо доир ба ҷашнҳои Наврўз, Сада, Тиргон ва Сайри гули лола ва дигар ҷашнҳои анъанавӣ мебошад. Ба назар мерасад, ки аксари ин мақолаҳо дар такя ба фарҳанги мардумии Хуҷанд таълиф гаштаанд.

Бахши дуюми китоб «Роҷеъ ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ» ном дошта, доир ба таърихи китобдорию китобсозӣ, ҳавздории ниёгон, тарфгарӣ ва оши палав дар осори С.Айнӣ, таронаҳои мардумии Хуҷанд, суратҳои фалакӣ дар ашъори шоирони форсу тоҷик баҳс мекунад. Ин бахши китоб бештар ҷанбаи илмӣ дошта, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии муаллифро инъикос кардаанд.

Бахши сеюми китоб бошад, «Донишу таҷрибаи суннатӣ» ном дорад. Дар ин бахши китоб мақолаҳои илмӣ-оммавии И.Раҳимов доир ба таърихи атлас, таърихи истифодабарии харбузаву тарбуз, зардолу, оши кичирӣ ва фарҳанги беҳдоштии мардум ҷой дода шудаанд. Гарчанд ки ба назар мақолаҳо публисистӣ метобанд, аммо бо мутолиаи китоб дарк кардан мумкин аст, ки муаллиф барои таълифи ҳар кадоми онҳо чандин сарчашмаҳои таърихиро варақ задааст, таҳқиқоти майдонӣ гузаронида маълумот гирд овардааст.

Муҳаррири масъули китоб номзади илмҳои филология Дилшод Раҳимӣ буда, асар дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуд.

Асари номбурда барои шинохти мероси фарҳанги ғайримодии тоҷикон ва махсусан шаҳри Хуҷанд саҳифаи тозаеро боз мекунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ