​Реҳлати ҷуғрофишиноси маъруфи кишвар

Даргузашти Саттор Худойбердиев, ҷуғрофишиноси маъруф, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ки дирӯз дар синни 82-солагӣ ин оламро падруд гуфт, барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров талафоти гарон аст.

Марги ӯ на танҳо устодону донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин тамоми ҷомеаро андуҳгин намуд.

Ба дурустӣ:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Маҳз аъмоли наҷиб, сифатҳои нек ва хидматҳои шоистааш имрӯз номи Саттор Худойбердиевро зинда нигоҳ медораду зикри хайраш вирди забони мардум ва рӯйи сафҳаҳои нашрияву дигар расонаҳои хабарист.

“Даргузашти профессоре, ки бо пули худаш дар мактабҳо стипендия таъсис дода буд”, Марги ҷуғрофишиноси маъруфи кишвар”, “Боз як хуршед моро тарк гуфт” – ин ҳама сархати маводи воситаҳои ахбори оммаи кишвар аст, ки дар бораи реҳлати устод Худойбердиев бо андуҳи гарон иттилоъ дода, аз саҳму нақши марҳум ҷиҳати тарбияи насли ҷавон зикр намуданд. Хелеҳо бештар аз сифоти одамият ва некназарии ӯ ёд намуда, кирдору пайкори Худойбердиевро намунаи ибрат ва пайравӣ унвон намуданд.

Саттор Худойбердиев дар баробари донишманди саршиноси ҷуғрофиё дар Тоҷикистон будан, бештар бо иқдомҳои шоиставу арзандаи шахсиаш маъруф буд. Аз ҷумла, марҳум дар се мактаби зодгоҳаш барои хонандагони шоиста аз пули шахсии худаш стипендия таъсис дода буд.

Саттор Худойбердиев муаллифи 50 китоб, аз ҷумла "Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон", “Географияи Тоҷикистон", "Вилояти Суғд ба 1000 савол ҷавоб", "Оё Шумо шаҳри Хуҷандро медонед?", "Аввалин китоби география дар Тоҷикистон" ва мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ буд.

Ҳамкасбону шогирдон ҳамакнун мегӯянд, ки “Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст”.

Равони устод Саттор Худойбердиев шод ва манзили охираташ обод бошад!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ