​Ҷойи ӯ акнун ба дилҳо рафтааст...

Чунон боядтариқи зиндагонӣ,

Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ.

Агар ба зиндагиномаи профессори кафедраи физикаю техникаи донишгоҳ Масаид Шерматов назар афканем, мисоли ин мисраъҳоро шоҳид мешавем. Воқеан тариқати зиндагонии устод Шерматов чунин буд, ки ҳамакнун баъд аз марги эшон низ ному ёдашон дар дилҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ зиндаву ҷовид мондагор аст.

Масаид Шерматов профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 20 майи соли 1944 дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Таҳсили ибтидоиро нахуст дар мактаби ҳафтсолаи №13 ва баъдан дар мактаби №7 ба номи устод Садриддин Айнӣ дар деҳаи Бободархон давом додааст.

Соли 1961 ба факултети физика ва математикаи Институти давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (алҳол МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби №1-и шаҳри Қурғонтеппа, ҳозира Бохтари Хатлон оғоз намудааст.

Дертар ба факултети физикаю математикаи донишгоҳ ба кор даъват шуда, аз ҳамон замон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мешавад.

Номбурда соли 1978 устод Шерматов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Хосиятҳои махсуси деформатсионӣ ва вайроншавии полимерҳои самтнокшуда дар шароити сохторашон ноустувор" аз рӯи ихтисоси физика-математика дифоъ намудаанд.

Масаид Шерматов муаллифи 34 ихтироъи илмӣ буда, ба ин далел ӯ аз муваффақтарин олимони тоҷик ба шумор меравад. Тадқиқотҳои ӯ аз ҷумла ба наххои табииӣ - пахта, абрешим ва пашм нигаронида шудааст.

Соли 2009 Шерматов ба гирифтани унвони “Беҳтарин ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф шудааст.

Мавсуф соҳиби унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи муҳандисии кишвар ва аъзои фахрии Академияи улуми Ню-Йорки ИМА, сарвари ихтироъкорони Донишгоҳ, раиси Шӯрои собиқадорони факултети физикаю техника буд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз марги олими муваффақ, устоди асилу фарҳехта Масаид Шерматов андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон ва ҳамкорону шогирдон сабри ҷамил мехоҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил




МАРКАЗИ ИТТИЛООТ