​Мо намегўем, ки ў аз дори дунё рафтааст...

Реҳлати профессор, доктори илмҳои филологӣ Абдуқодиров Абдусалом барои ҷомеаи меҳнатии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” талафоти бузург аст.

Наздик ду моҳ мешавад, ки дигар инсони некном, устоди асил -Абдуқодиров Абдусалом байни шогирдон нест ва ҷойи ӯ акнун дар дидаҳо холист...

Онҳое, ки ҳаёти худро сарфи хидмат дар тарбияи насли ҷавон намудаанд, аз дори дунё намераванд, фақат ҷой иваз мекунанд. Ҳамакнун ному ёди устод Абдуқодиров Абдусалом низ дар дилҳо мондагор аст.

Муаррифинома:

Абдуқодиров Абдусалом19 сентяри соли 1949 дар ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст. Соли 1974 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти ӯзбек хатм кардааст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои филологӣ.

Мавсуф фаъолиятро соли 1966 ба ҳайси мудири китобхонаи мактаби ҳаштсолаи №7-и н.Ғончӣ (Деваштич) оғоз намудааст.

Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Абдуқодиров Абдусаломзинаҳои гуногунро, шуруъ аз Сарлаборанти кафедраи адабиёти ӯзбек то мудири кафедраю ҷониши декан оид ба корҳои таълим факултети филологияи ӯзбек ва профессор самаранок ва муваффақона

Шуруъ аз соли 2018 то нафаси вопасин номбурда дар вазифаи профессор-мушовири кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он-и факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошт.

Хидматҳои арзандаи профессор, доктори илмҳои филологӣ Абдуқодиров Абдусалом номи ӯро ҷовидон зиндаву ҷовид нигоҳ медорад.

Ёдат ба хайр, марди хирад ва инсони шариф!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ