Азизов А.А., Азизов Ш.Ю. Кулолгарӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ / А.А. Азизов, Ш.Ю. Азизов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. - 84 саҳ.
Андозаи А5, муқоваи нарм,
теъдод 100, ҷ.ш.ч 5,25
Китоби мазкур баҳри омӯзиш ва тарғиби санъати аҷдодии миллӣ - кулолгарӣ муфид буда, дар он оид ба таърих ва инкишофи кулолгарӣ, таҷҳизот, мавод ва асбобҳо, намудҳои дастгоҳҳои кулолгарӣ, риояи техникаи бехатарӣ, марҳилаҳои омода намудани маҳсулоти кулолӣ, технологияи кулолгарӣ, кулолгарони машҳури кишвар ва саҳми онҳо дар рушди ин намуди санъати миллӣ ва дигар равандҳои муҳимияти санъати кулолгарӣ маълумот дарҷ ёфтааст. Ин китобро омӯзгорон ва роҳбарони маҳфилҳои ҳунармандии муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёну устодони риштаҳои санъат, ҳунармандон, худомӯзон ва ҳаводорони санъати аҷдодии миллӣ ҳамчун китоби рӯимизӣ метавонад васеъ истифода намоянд.