​Як ғунча роз ё ҳарфе аз Фарзона

Фарзона (Хоҷаева Иноят Юнусовна) (3.11.1964, д. ш. Хуҷанд), шоир. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), Шоири халқи Тоҷикистон, Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1995), Ҷоизаи ҷавонони ҶТ (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(2008), Ҷоизаи “Килки заррин”-и вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, дорандаи ордени «Шараф».

Дастпарвари ДДОЛ ба номи С. М. Киров(1985) корманди шуъбаи адабӣ ва фарҳангии рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», маҷаллаи «Хуҷанд», рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” ва узви ҳайати таҳрири чанд рӯзномаву маҷаллот. Омӯзгори кафедраи байнифакултавии психология ва кафедраи адабиёти классикии ДДХ, котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров, мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҶТ ва маҷаллаи «Паёми Суғд».

Силсилаи таронаҳояш дар маҷаллаҳои "Дружба народов" (Москва), "Пар" (Лос Анҷелос), "Шеър", "Кайҳони фарҳангӣ"(Теҳрон), "Паёми Ироқ" (Бағдод), маҷмӯаҳои дастаҷамъии "Молодая гвардия" (Москва), "Истоки" (Москва), матбуоти даврии адабии Амрико, Париж, Ҳуланд ва ғ.

Осор: Тулӯъи хандарез.-Душанбе:Адиб,1989, Шабохуни барқ.-Душанбе:Адиб, 1989, Двацать лепестков.-Москва:Советский Адиб,1990, Ояти ишқ.-Душанбе:Адиб, 1994, Паёми ниёгон.-Теҳрон:Суруш,1996, Меъроҷи шабнам.-Душанбе: Адиб, 2000, Қатрае аз Мӯлиён.-(дар 3 ҷилд) Хуҷанд, 2003, Як ғунча роз.-Хуҷанд, 2005, Сӯзи нотамом.-Хуҷанд, Теҳрон, 2005, Муҳри гули мино.- Хуҷанд:Ношир, 2006, Сад барги ғазал.-Хуҷанд, 2008,Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ.-Инглистон, 2008,Гузидаи ашъор.-Белорус, 2009,Саду як ғазал.-Душанбе:Ирфон, 2011, Себарга.-Хуҷанд:Ношир, 2011, Парниёни ҷон.-Душанбе:Маориф ва фарҳанг, 2011, Набзи борон.-Теҳрон, 2013, Сояи ғазал.-Самарқанд, Ҳама гул, ҳама тарона.-Хуҷанд:Ношир, 2014, Дарёи сӯзон.-2014 ва ғ.

Ашъори Фарзона дар Амрико, Инглистон, Олмон, Фаронса, Финлонд, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва аксари ҷамоҳири шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ