ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ – АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ ИЛМИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАНДУРУСТӢ
Дар шароити ҷаҳонишавии илму технология ва афзоиши мушкилоти глобалии тандурустӣ, нақши илм, дониш ва таҷрибаи таърихии инсоният беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти хосса касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва вориси арзишҳои бузурги илмиву фарҳангии ниёгон имрӯз ба муаррифии мероси гаронбаҳои таърихии миллат дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.
Ин ташаббуси сатҳи байналмилалӣ на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти нобиғаи илму тиб Абӯалӣ ибни Сино мебошад, балки қадами муҳиме дар самти эҳёи арзишҳои илми тибби тоҷик, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии олимону мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин мутафаккирон, табибон, файласуфон ва донишмандони башарият маҳсуб гардида, осори ӯ дар рушди илмҳои тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ ва дигар соҳаҳо саҳми беназир гузоштааст. Асари машҳури ӯ – «Ал-Қонун фи-т-тиб» – тӯли чандин аср ҳамчун китоби асосии тиббӣ дар муассисаҳои илмии Шарқу Ғарб истифода мегардид.
Мавқеи марказӣ дар осори илмии ибни Сино масъалаҳои саломатии инсон, беҳдошт, пешгирии бемориҳо ва муҳити зистро дар бар мегирад. Ӯ ҳанӯз дар асрҳои миёна зарурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагӣ, ғизои солим ва пешгирии бемориҳои сироятиро таъкид намуда буд. Имрӯз бисёр назарияҳои илмии ӯ тавассути усулҳои муосири тиббӣ тасдиқи илмии худро пайдо намудаанд.
Аз ин лиҳоз, Абӯалӣ ибни Сино танҳо мутафаккири таърихӣ нест, балки донишманде мебошад, ки афкору осори ӯ то имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти илмӣ ва амалӣ доранд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аҳаммияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дорад. Ин ҷоиза пеш аз ҳама барои қадрдонӣ намудани хизматҳои арзандаи олимон, табибон ва муҳаққиқоне таъсис дода шудааст, ки дар рушди тандурустии ҷаҳонӣ ва пешрафти илми тиб саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамзамон, ҷоиза воситаи муҳими муаррифии таърихи куҳан ва мактаби илми тибби тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Зеро миллати тоҷик аз қадим соҳиби фарҳанги баланд ва анъанаҳои бойи илмӣ буда, Абӯалӣ ибни Сино яке аз дурахшонтарин намояндагони ин тамаддун ба шумор меравад.
Бо таъсиси чунин ҷоиза Тоҷикистон бори дигар худро ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ муаррифӣ менамояд. Ин иқдом метавонад барои густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни кишварҳо, табодули таҷриба ва таҳқиқоти муштарак дар соҳаи тиб мусоидат намояд.
Имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни тандурустӣ, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, пандемияҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит ҳавасмандсозии олимон ва дастгирии таҳқиқоти илмӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад ба рушди таҳқиқоти илмӣ, кашфи усулҳои нави табобат, беҳтарсозии хизматрасониҳои тиббӣ ва рушди технологияҳои муосири тандурустӣ такони ҷиддӣ бахшад. Инчунин, чунин иқдом барои муттаҳид намудани ҷомеаи илмии ҷаҳон дар роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.
Муҳим он аст, ки ҷоиза на танҳо ба олимони дохили кишвар, балки ба муҳаққиқону мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ равона гардидааст. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешрафти илми ҷаҳонӣ мебошад.
Таъсиси ин ҷоиза бозгӯи эҳтироми давлат ва миллат ба фарзандони фарзонаи тоҷик мебошад. Имрӯз дар Тоҷикистон номи Абӯалӣ ибни Сино ба муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва маҳалҳои аҳолинишин гузошта шудааст. Ҳар сол 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад, ки ин низ нишонаи эҳтиром ба мероси илмии шайхурраис мебошад.
Ин гуна иқдомҳо барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву илмдӯстӣ аҳаммияти бузург доранд. Зеро миллате, ки аз таърихи илмии худ ифтихор мекунад, метавонад дар рушди ҷомеаи муосир низ нақши фаъол дошта бошад.
Боиси таъкид аст, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб яке аз муҳимтарин иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илм ва тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус на танҳо барои бузургдошти хотираи нобиғаи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино хизмат мекунад, балки барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, дастгирии олимон ва ҳалли мушкилоти глобалии тандурустӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бешубҳа, ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибтамаддун ва пуштибони илму фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир мегузорад. Ҷоизаи мазкур боз як далели равшани он аст, ки мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино имрӯз низ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши бузурги маънавӣ ва илмӣ дошта, номи ӯ ҳамчун рамзи дониш, хирад ва инсондӯстӣ ҷовидона боқӣ мемонад.
Номи Сино то абад равшангари дунё бувад,
Илми ӯ чун нури хуршед раҳнамои мо бувад.
Алиматова Умедахон,
муовини декан оид ба тарбияи факултети телекоммуникатсия ва
технологияҳои иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»