​​ҶОИЗАИ ИФТИХОР ВА ЭЪТИБОР

(дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣибни Сино дар соҳаи тиб)

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи арҷгузорӣ ба хидматҳои ин фарзанди барўманди миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ таъсис ёфт, ибтикори муҳим дар масири мусоидат ба рушди илми тиб дар Тоҷикистон ва саросари олам маҳсуб меёбад. Ин ҷоиза дар канори ин ки барои шинохти ҳарчӣ бештари манзалати маънавӣ ва касбии ибни Сино дар ҷодаи табобат ва таъмини саломатии инсоният шароит фароҳам меоварад, дигарбора собит месозад, ки миллати тоҷик дар таҳкими низоми илми ҷаҳонӣ, ба вижа улуми табиатшиносӣ, тиб ва дақиқ саҳми бузург гузоштааст. Махсусан, аз он ки соҳаи тибби ҷаҳонӣ маҷмуи дастовардҳои хешро ба номи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино нисбат медиҳад, ин шарафи бузург мояи ифтихорва сарфарозии тамоми мардуми тоҷик ва меросбарони пири табибони олам ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ин ҷоиза ҳам ифтихори миллати тоҷик аст ва ҳам эътибори ҷаҳонии илми тоҷикону Тоҷикистон.

Аз рӯзгори ибни Сино то айёми мо равшану маълум аст, ки Абуалӣ ибни Сино бунёди назарии соҳаи тибро тавассути таълифи асарҳое чун “Қонуни тиб”, “Китоб-уш-шифо” ва монанди ин истеҳком бахшид, ки онҳо асос барои тадриси улуми табиатшиносӣ ва тиб дар марокизи илмӣ ва донишгоҳҳои Аврупо ва татбиқи назариёти илмии Сино ва дигар донишмандони ин ришта дар амалияи табобат гардид. Дар тасдиқи ин нукта донишманди олмонӣ Макс Майерҳов фармудааст, ки “Қонуни Ибни Сино то асри XVII дар донишгоҳҳои Аврупо китоби асосии омӯзиши тиб буд». Рамзи ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки олими тавонои дигари олмонӣ Бурхард Брентес бо шинохти хидматҳои бузурги ин фарзанди миллати мо таъкид доштааст, ки«тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд».

Таълифоти Абуалӣ ибни Сино, ки бар пояи мундариҷа ва муҳтаво онро донишмандон дар чаҳор бахш: асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ; асарҳо оид ба тиб; асарҳо доир ба илмҳои дақиқ; асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат қисмат кардаанд, дар асл ба ду масир табобати ҷисмониву саломатии руҳониву маънавии инсон равона шуданд. Мусаллам аст, ки ӯ дар заминаи таҷрибаҳои соҳибшуда ва иншои бахши муҳимми осори хеш равишҳои муҳимми таъмини саломатии ҷисмонии инсонро муқаррар намуд ва бар асоси таълифоташ муваффақ шуд, ки бевосита ҳамчун табиб барпоии солимии ҳамзамонони хешро таъмин созад ва ин таҷоруби вай то кунун дар бузуртарин марокизи табобатии олам татбиқ мешаванд. Афзун бар ин, чун яке аз бунёдгузорони насри фалсафӣ, ахлоқӣ ва ҳикматӣ назариётеро ҳам матраҳ сохт, ки ҷавҳари онҳо ба такмилу таҷдиду саломатии маънавӣ ва низоми ахлоқии инсон равона шуданд. Ӯ дар таълифоташ маҷмуан бар ин натиҷа расидааст, ки табибон посбони ҷисму шоирону аҳли мусиқӣ нигаҳбони руҳи инсонанд. Бар ин асос, тавассути таълифоти пурдоманаи хеш Шайхурраис ибни Сино, воқеан, дар ҳар ду арсаи табобат тавфиқ ёфт ва ҳамчун табиб ва ҳам шоиру суханвару суханшинос назариётеро бунёд гузошт, ки барои солими фикрӣ, ақлӣ, маънавӣ ва ҷисмонии ҷомеа равона шудаанд.

Тааллуқ гирифтани 240 асар ба қалами Ибни Сино, ки 33 адади онро ба забони модарии худ-тоҷикӣ навиштааст, худ нишонаи бузургиву азамати маънавӣ ва қудрати зеҳнии ӯст, ки бештари ин осор ҳамон ҷодаи аслии ӯро дар ростои такмили маърифати тандурустӣ ва саломатии фикр, андешаву ахлоқ ва маънавиёт пайгирӣ намудаанд.

Дар канори ин, ҳарчанд соли 1984 ҳазорсолагии Абуалӣ Ибни Сино дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардиду Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон номи ин абармарди роҳи илмро гирифт, замони Истиқлоли миллӣ аз баракоти ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат ҷиҳати тақдир аз заҳамату хадамоти ин фарзанди арҷманди халқи тоҷик тадбирҳои муҳим аз сар гирифта шуд. Ноҳияе дар маркази шаҳри Душанбе номи Абуалӣ ибни Синоро гирифта, тасвири ин абармарди миллат дар пули қоғазии миллии бист сомонӣ ҷой пайдо кард. Чандин муассисаҳои тиббии тозатаъсиси ғайридавлатӣ низ номҳоеро ба худ гирифтанд, ки пайванд ба номи Сино доранд. Дар тақвими ҷашну идҳои миллии тоҷикӣ санаи 18 август ҳамчун зодрӯзи ин абармарди бузурги таърихи миллат ворид гардида, ҳамасола баробар ба ин, рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда шавад.

Ҳарчанд тарҷума ва нашри осори комили ибни Сино аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта шуруъ шуд ва таъсисёбии маркази Синошиносӣ ин равандро суръат бахшид, аммо муҳимтарин падидае, ки дар даврони Истиқлоли миллӣ дар муносибат ба ибни Сино ба анҷом расид, ба сурати комил ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидани асари маъруф ва муътабари “ал-Қонун- фи-т-тиб” мебошад. Тарҷума бо номи “Қонуни тиб” дар ҳаҷми 1536 сафҳа анҷом ёфта, ба қалами донишманди соҳибноми кишвар Саиднуриддин Шаҳобиддинов тааллуқ дорад. Яке аз зарфиятҳои муҳимми ин асар дорои ҷанбаи қавии миллии дарунмояи он аст, ки мутарҷими муҳтарам ин вежагиро бисёр муҳим ва қобили таваҷҷуҳ тавзеҳ медиҳад: “Фалсафаи Юнон, асосан, баъд аз ислом ва ба воситаи забони арабӣ паҳн шуда, дар миёни мардумони мо ривоҷ ёфт. Аз ин рӯ, он ҳодисаи бесобиқа буда, ҳанӯз дар замони Ибни Сино ҳам сумоти юнонӣ ва бегонагии худро маҳфуз медошт. Вале тибби Юнон қабл аз ислом ба тавассути ҷаҳду кӯшишҳои фарҳангистони Ҷунди Шопур ва ба иллати қавӣ будани анъанаҳои тибби маҳаллӣ омезиш ёфта, ҳазм шуд ва дар миёни мардумони мо кайҳо боз ба сурати як тибби асили қавмӣ даромада буд. Ба ҳамин сабаб, агар мо дар осори фалсафии Ибни Сино бисёр ба нудрат ба муарработи форсӣ дучор мешуда бошем, дар «ал-Қонун» муарработи форсӣ ба дараҷаи муарработи юнонӣ мерасад, албатта, бо назардошти он, ки бисёр калимаҳои юнонӣ низ аз тариқи забони форсӣ муарраб шудаанд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки забони форсӣ дар тиб барои забони арабӣ яке аз манбаъҳои асосии истилоҳсозкунӣ ба шумор меравад ва ҳатто баъзе калимаҳои забони мо дар адабиёти хаттӣ танҳо ба шакли муарраб ва истилоҳӣ боқӣ мондааст”.

Муаллиф барои намуна ин ҷо ба шарҳи вожаи “байрам” чун истилоҳи тибби руҷуъ карда, чунин меафзояд: “Масалан, калимаи «байрам» дар «ал-Қонун» ҳамчун истилоҳи техникии шикастабандӣ омадааст. Дар тарҷумаи русии «ал-Қонун», (яъне он чӣ ки ба мо дастрас аст) асли ин калима маҷҳул мондааст ва тарҷумон бо айнан овардани он дар матни русӣ ва эзоҳи мухтасаре оид ба маънои луғавии он дар забони арабӣ кифоят кардааст [9, IV, 377]. Аммо бино ба маълумоти муаллифи луғати «Тоҷу-л-арус» калимаи мазкур муарраби форсӣ ва ба ривояти забоншиноси араб Абуубайда (728–825 м.), асли форсии он ба тафхими ҳарфи «бе» будааст [5, VIII, 198]. Агар мо калимаи «байрам»-ро (\text{بَيرَم}) ба тафхими ҳарфи «бе», яъне «бойрам» (\text{بَيرَم}) хонем, агар ҳарфи «бе»-ро муарраби ҳарфи «п»-и форсӣ ба эътибор гирем, дар он сурат шакли аслии форсии он «пойрам» (\text{پَيرَم}) хоҳад буд”.

Ба таъкиди мутарҷими китоб ҳарчанд ин калима ба сурати муарраб дар Қонуни тиб маҳфуз монда, вале асли тоҷикии онро ба сурати “порам” ё “орам” метавон дар лаҳҷаҳои мухталифи забони тоҷикӣ дучор омад, ки ба маънии фишанг ва лом маъруф аст. Бар ин асос хулосаи дуруст ва мантиқии ин олами соҳибноми кишвар дар иртибот ба матни аслии китоби мавриди назар чунин аст: “Хулоса, нуфузи забони тоҷикӣ дар тиб низ яке аз далелҳои асоса (асолат)-и тоҷикии ал-Қонун мебошад”.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ҷанбаи муҳимми забонии осори фалсафии Ибни Синоро дар мисоли “Донишномаи Алоӣ” бо такя бар андешаҳои ховаршиноси маъруф Анри Массе дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” шарҳу баён доштаанд: “Гуфтан бамаврид аст, ки дар бобати назарияи

истилоҳсозии Ибни Сино ба забони тоҷикӣ (форсӣ) дар заминаи «Донишномаи Алоӣ» чандин таҳқиқоти ҷолиб ба миён омадааст, аз ҷумла синошиноси маъруф Анри Массе дар мақолаи ба ҳамин мавзуъ бахшидааш ба нуктаҳои асосии зерин ишора мекунад:

1. Ибни Сино хостааст бо имконот ва абзорҳое, ки забони тоҷикӣ дар ихтиёраш гузошта буд, «Донишнома»-ро бинависад;

2. Ӯ дар навиштан ба забони модарии хеш забардаст аст ва арабидонии ӯ дар насри тоҷикиаш таъсир надорад;

3. Аз ин китоб маълум мешавад, ки забони фалсафии тоҷикӣ тавоноиҳои бепоёне дорад;

4. Бисёре аз истилоҳоти тоҷикии ӯ аз муодили арабиашон рӯшантаранд (масалан: «бурҳони чароӣ» ба ҷойи «бурҳони нима»);

5. Вай ғолибан муодили арабии истилоҳоти тоҷикии худро овардааст;

6. Бархе аз истилоҳоти тоҷикӣ (форсӣ) бо истилоҳи арабӣ баробар нестанд (масалан: «андар расидан» ба ҷойи «тасаввур»);

Ҳамчунин Анри Массе дар масъалаи нисбат додани он, ки ҳамаи ин истилоҳоти тоҷикии сохтаи завқи худи Ибни Синост, эҳтиёткор аст ва таъкид мекунад, ки пеш аз забони илм шудани арабӣ забони фалсафии паҳлавӣ ривоҷ дошт ва медонем, ки нахустин китоби мантиқ аз ҳамин забон ба арабӣ тарҷума шуд”.

Бо такя бар чунин рисолати бузурги забони осори тоҷикӣ ва арабии ибни Сино метавонем бар ин нукта умед ҳам бубандем, ки дар раванди таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино раванди пажуҳиши истилоҳоти тиббии тоҷикии осори дар ин бахш таълифнамудаи ӯ, бахусус асари панҷҷилдаи “Қонуни тиб” таҳқиқу тавзеҳ ва дар заминаи он фарҳангномаи ҷадиди истилоҳоти тиббӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Аз нигоҳи дигар, дар ин илми истилоҳотшиносӣ тамоюлҳои дигари ин самти фаъолияти фарзанди арҷманди миллати тоҷик дар иртибот ба улуми табиатшиносӣ, нуҷум, фалсафа, ҳикмат, мусиқӣ ва амсоли ин низ ба зуҳур хоҳад расид, чун дар ин ҷода, тавре аз таъкиди Пешвои миллат бармеяд, донишмандони ҷаҳон қадамҳои мустаҳкаму устуворе аллакай гузоштаанд.

Агарчӣ ҳанӯз соли 1967 дар худи Тоҷикистон ҷоизаи миллии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҷодаи илм таъсис ёфта буд, ки хидматҳои донишмандону олимони тамоми риштаҳоро тақдир менамуд ва барандагони ин ҷоиза ҳамеша аз соҳибияти он парчами тафохур меафрохтанд, таъсиси ҷойзаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дарсоҳаи тиб баробари тақдир аз ин хидматҳои бузурги нобиғаи миллати мо барои рушди илми тибби олам ҷоизаи ифтихор ва эътибори миллати мо дар ақсои олам чун миллати тамаддунсоз, илмпарвар ва кашшофи дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Нуралӣ Нурзод,

доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори институти

илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ