​ХУДШИНОСӢ – ПОЯИ МАЪНАВИИ ТАРБИЯИ ФАРД

Дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории миллӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавӣ, масъалаи худшиносӣ на танҳо як мафҳуми фалсафӣ ё ахлоқӣ, балки пояи асосии суботи маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Худшиносӣ − ин дарки амиқи ҳувият, таърих, забон ва рисолати инсон дар назди ватан ва миллат аст.

Барои мо, омӯзгорон, бахусус мутахассисони соҳаи забон ва методикаи таълим, ин мавзуъ аҳамияти зиёд дорад, зеро забон на танҳо василаи иртибот, балки оинаи худшиносӣ ва хазинаи хотираи таърихии миллат мебошад.

Асоси худшиносии ҳар як фард аз эҳтиром ба забони модарӣ оғоз мешавад. Забони тоҷикӣ барои мо танҳо маҷмуи калимаҳо нест, балки он адабиёт, таърих, фарҳанг, низоми тафаккур, яъне тамомии ҳастии миллати мост.

Тавассути омӯзиши осори классикӣ ва муосир, донишҷӯ на танҳо қоидаҳои сарву наҳви забонро аз худ мекунад, балки бо ҷаҳонбинии ниёгон, арзишҳои ахлоқӣ ва фалсафаи зиндагии тоҷикона ошно мешавад.

Дар кафедраи мо кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки методикаи таълими забон бо мафҳуми ахлоқии хештаншиносӣ пайванди қавӣ дошта бошад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як дарси забон ба дарси ватандӯстӣ ва худшиносӣ табдил ёбад. Барои мо таълими забон танҳо омӯзонидани қоидаҳои имло нест, балки ин раванди ташаккули маънавияти инсон ва бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ дар замири шогирдон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ, бахусус «Забони миллат – ҳастии миллат», пайваста таъкид мекунанд, ки бидуни донистани гузаштаи худ, хусусан таърихи забону адабиёт ва фарҳанги ғаниямон наметавонем ояндаи дурахшон созем, зеро «Забон хишти нахустини девори кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустин нишонаи худогоҳиву худшиносии миллат аст».

Аз дидгоҳи илми педагогикаи миллии муосир хештаншиносӣ се хел мешавад: фардӣ (дарки қобилиятҳо ва масъулияти шахсӣ); миллӣ (ифтихор аз гузашт ва ҳисси эҳёи маънавияти миллат, эҳтироми муқаддасоти миллӣ); башарӣ (арҷгузории арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангҳои ақвому миллатҳои дар заминаи ҳувияти фардиву миллӣ). Ин се хели худшиносӣ вақте дар вуҷуди як фард, хусусан насли ҷавони кишвар гирд ояд, мояи тафаккури гуманистии вай мешавад. Фарди ба тамоми маънӣ худшинос тарбия кардан вазифаи донишгоҳҳои омӯзгорӣ, аз ҷумла донишгоҳи мо ба ҳисоб меравад. Равшантар карда гӯем, донишгоҳ ҳамчун макони илму маърифат вазифадор аст, ки ҷавонони на танҳо соҳибихтисос, балки соҳибватану худшиносро ба воя расонад.

Дар навбати ху ҷавонон низ бояд дарк кунанд, ки худшиносӣ танҳо бо суханҳои пуробуранг ва шиоргуна ифода намешавад ва дар воқеият татбиқ намеёбад. Худшиносии воқеӣ вақте таҳаққуқ мепазирад, ки донишҷӯ аъло хонад, ба дараҷаи касбият расад, аз муҳофизати марзу буми кишвар саркашӣ накунад ва аз ҳимояти манфиатҳои миллӣ дар фазои иттилоотӣ дурӣ наҷӯяд, дар пок нигоҳ доштани забони модарӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамчун фард саҳми арзанда гузорад.

Худшиносӣ аз худсозӣ оғоз мешавад. Агар мо хоҳем, ки миллати худшинос бошем, бояд аз ислоҳи пиндор, гуфтор, рафтори худ оғоз кунем. Номутобиқативу ноҳамоҳангии ин се мақулаи ташкилдиҳандаи тафаккури миллӣ-башарӣ дар вуҷуди афрод ба он оварда мерасонад, ки пояҳои маънавии ҷомеа сусту заиф шаванд ва тарбияи худшиносӣ фақат аз пиндор ба гуфтор гузашта, байни назария ва амалия муаллақ монад.

Худшиносӣ − ин чароғест, ки роҳи моро дар зулмоти ҷаҳони пуртазод равшан мекунад. Мо, омӯзгорони кафедраи назария ва методикаи таълими забони тоҷикӣ, рисолати худро дар он мебинем, ки ба донишҷӯён на танҳо илм омӯзонем, балки дар қалби онҳо шуълаи худшиносиро фурӯзон нигоҳ дорем.

Зарипов Саидмоил,

омӯзгори кафедраи назария ва методикаи таълими

забони модарии факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва

педагогикаи махсуси Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ