КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1991 ба даст омад, барои халқи тоҷик саҳифаи нави таърихро боз намуд. Дар тӯли 35 сол мардуми кишвар зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбари давлат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Тоҷикистони азиз ба марҳилаи рушди устувор ворид шуд. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намуданд. Сохтмони роҳҳои замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, биноҳои маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, иншооти фарҳангӣ ва манзилҳои истиқоматӣ далели равшани ин раванд мебошанд.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд мушарраф гардидем.
Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва миллати соҳибихтиёру шарти бақои соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши Пешвои муаззами миллат мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем.
Сарвари давлат дар баромадҳои худ чунин қайд кардаанд: "Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад". Ҳақиқатан дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 35 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Маҳз самараи Истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор муаррифӣ намуд.Бешубҳа оромиву шукуҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдоди ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем.
Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар тӯли солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. Ҳамзамон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат эълон намудани соли 2003 - соли «Оби тоза», соли 2013 - соли «Ҳамкорӣ дар соҳаи об», таҳияи барномаи дарозмуддати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), ки аз тарафи СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бурд.
Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд. Аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо - “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Яъне “Фалак” мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин тадбир эътирофи шоистаи давлату миллати тоҷик дар арсаи олам аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд”.
Мо ба он рӯз расидем, ки Истиқлол аст,
Мо ҳамон манзара дидем, ки Истиқлол аст.
Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,
Чун дили хеш тапидем, ки Истиқлол аст.
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ, анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Дар хақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Пешвои миллат соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз дониста, чунин қайд кардаанд: «Халқи тоҷик тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст. Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».
Бо сарварию ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтани халқи тоҷик – ғалабаи бузурги ҳикматпарвари миллати мо буд.
Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мешуморем”. Дар ин раванд моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ кунем ва дар ҳифзи истиқлолияти хеш саҳм гузорем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаҳои илму маориф кӯшиш ба харҷ медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилот дар макотиби миёнаву олӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, баланд бардоштани малакаи тахассусии омӯзгорон барномаҳои гуногунро амалӣ месозад. Бо дастури Пешвои муаззами миллат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва "Шоҳнома"-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз баргузор кардани озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Пешвои муаззами миллат моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст». Насли ҷавон имрӯз масъул аст, ки на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт кунанд, балки масъул аст, ки он ҳама корҳои неки анҷомдодаи падарони шарафмандамонро дар ҷодаи дӯстӣ ва иттиҳоду ягонагӣ бо халқҳои сулҳпарвару тараққихоҳи олам ба тамоми ҳастӣ ҳифз намоянд. Мо набояд ба мероси беназири гузаштагон носипосӣ кунем. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати озод ва мустақил аст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддун мебошанд.
Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Шукргузори онем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Танҳо якдилона бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бигзор Истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад!
А.Бердишукуров,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ