ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябр-декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор шуд, барои кишвар на танҳо роҳбари тозаинтихоб — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуд, балки Парчами давлатии навро низ эҳдо кард. Ин парчам ба рамзи истиқлол, озодӣ ва рушду пешрафти давлат табдил ёфт. Мардум таҳти ин парчам муттаҳид гардида, барои сулҳу субот, зиндагии осуда ва созандагӣ фаъолияти босамар оғоз намуданд. Дар ҷараёни иҷлосия вакилони мардумӣ бо хулосаҳои комиссияи махсус ошно шуда, тарҳи кунунии Парчами давлатиро расман қабул карданд.
Гарчанде Парчами давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ қабул шуда бошад ҳам, рангҳо, тоҷ ва ситораҳои он маъниҳои амиқи фарҳангӣ ва фалсафиро дар худ ҷой медиҳанд, ки решаҳои онҳо ба умқи таърих мерасад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки миллати шарафманди мо аз оғози ҳастии худ то имрӯз суннати парчамдорӣ, дирафшдорӣ ва давлатдориро пос дошта, онро ҳамчун арзиши бебаҳо идома медиҳад.
Бори нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳангии хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев барафрошта шуд. Вакилони мардумӣ онро бо эҳсоси баланди ифтихор истиқбол гирифтанд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун нишони арҷгузорӣ парчамро бӯсида, баъдан иҷрои вазифаро ба зимма гирифтанд. Роҳбари навтаъйини кишвар дар зери ҳамин парчами давлатӣ савганд ёд намуда, ваъда доданд, ки ба халқ ва миллат содиқона хизмат хоҳанд кард.
Пешниҳод ва баррасии тарҳҳои гуногуни рамзҳои миллӣ дар тӯли як муддати нисбатан тӯлонӣ дар саҳифаҳои матбуот ва барномаҳои телевизионӣ идома дошт. Комиссияи масъули ин кор, ки ба он чеҳраҳои маъруфи ҷумҳурӣ — аз ҷумла академик Муҳаммад Осимӣ, шоири бузург Мӯъмин Қаноат ва дигарон шомил буданд, борҳо ҷамъ омада, фикру назар, пешниҳод ва дархостҳои сершумори шаҳрвандонро ҳамаҷониба омӯзиш ва таҳлил намуданд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсули андеша, ормон ва завқи ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар мебошанд. Дар рамзҳои давлатӣ ҳам анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳангию таърихии тоҷикон ва ҳам таҷрибаи давлати тули ҳафтод соли охир инъикос ёфтаанд.
Рӯзи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонд.
Ҳар як ранги Парчами давлатии Тоҷикистон дорои маънои махсус ва решаи таърихист.
Рахи аввал ранги сурх – ранги шуои офтоб, ранги равшанӣ, сурхрӯйӣ, ҳаёти ҷовидон, фатҳу нусрат, ифтихор, матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолӣ аст. Парчами Коваи оҳангар низ аз чарми сурх буд.
Рахи дуввум ранги сафед – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи саодати зиндагӣ ва беѓубории рӯзгор, рамзи сулҳ, шири поки модар, одоби ҳамидаи инсонӣ, виҷдону дили пок, имони комил, эътимоди қавӣ аст.
Рахи сеюм – ранги сабз аз қадимулайём рамзи ҳаёт, табиати ҳамешабаҳор, Наврӯз, бародарию рафоқат, файзу баракат, ҷавонӣ ва зебоӣ мебошад.
Тоҷ рамзи истиқлолу озодии кишвар ва рамзи давлатдорист. Тоҷикон ва аҷдоди онҳо дорои анъанаҳои бойи давлатдорӣ мебошанд.
Ситораҳо рамзи бахт ва пайвастагӣ бо кайҳон аст. Муссалам аст, ки ниёгони мо дар рушди илми ахтаршиносӣ нақши мунире доштанд. Рақами ҳафт дар байни халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикон, рақами бахосият, сеҳрангез ба шумор меравад.
Ҳамасола 24-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад. Ин сана тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 ҳамчун иди расмӣ сабт шудааст ва ба рӯзи расмии тасдиқи Парчами давлатӣ — 24 ноябри соли 1992 рост меояд.
Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеа ба рамзҳои давлатӣ — Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ — бештар гардид. Насли ҷавони кишвар ба омӯзиши таърихи рамзҳои миллӣ, ки гузашта ва ҳастии миллатро дар худ таҷассум мекунанд, рӯ оварданд.
Ин мавзуъ дорои аҳамияти бузурги тарбиявист. Зеро донистани таъриху мазмун ва моҳияти рамзҳои давлатӣ ба мо имкон медиҳад, ки бо мероси гаронбаҳои ниёгон ошно шавем, арзишмандии кишварро дарк намоем ва эҳсоси муҳаббат ва ифтихорро нисбат ба Ватан тақвият бахшем. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаҳоро чунин баён кардаанд: «Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлоли давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд».
Яке аз хусусиятҳои муҳим ва ба худ хоси давлатҳои муосир мавҷудияти рамзҳои милливу давлатӣ – Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ мебошад. Рамзҳои давлатӣ моҳиятан анъанаҳои таърихӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангии давлат ва халқиятҳои дар ҳудуди он маскун, муносибату равобити байни давлатҳо, ҳамгиройии анъанаҳои байни миллатҳо ва фарҳангҳоро дар худ инъикос мекунанд.
Рамзҳои давлатӣ ҳамчун ҳориқа (феномен)-и иҷтимоиву сиёсӣ мақоми махсусро касб намуда, дар шакли дастаҷамъӣ тасвиркунандаи рамзҳои табиату ҷамъият, макон ва замони муайяни таърихӣ ба шумор рафта, барои муайян кардани дараҷаи тараққиёти ҷамъият, вазъи имрӯзаи он, омӯзиши таърихи гузашта, пайдо намудани тасаввурот доир ба маданияти халқ, дарки хусусияти ҳокимияти сиёсӣ ва ѓайра мусоидат мекунанд.
Рамзҳои давлатӣ на танҳо доир ба ташаккули шаклҳои муайяни зоҳирии давлат, ки ҳамчун марҳилаи баитмомрасии давлатдорӣ маҳсуб меёбанд, далолат медиҳанд, балки моҳияти ботинии онро, яъне стратегияи амалӣ намудани равандҳои сиёсӣ, муттасилии анъанаҳои таърихиву фарҳангии халқҳои маскуни он давлатро инъикос мекунанд.
Рамзҳои давлатӣ таҳаввулоти мафкура (идеология)-и милливу давлатӣ, таѓйиротҳои мазмуну моҳияти давлатдориро бо роҳи дигаргуншавии шакли рамзҳо дар худ муҷассам месозад. Ҳар як давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тавоноии хеш, қудрати ҳарбӣ, иқтидори сиёсиву иқтисодӣ ва дигар хусусияту сифатҳои мусбиашро тавассути рамзҳо ифода намояд. Рамзҳои давлатӣ, бахусус дар сиёсати хориҷӣ, дар густариши робитаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар гӯшаю канори мамлакат майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки ҳамаи ин ба хотири боло бардоштани ҳисси ифтихори миллии насли наврас мебошад. Бесабаб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид накардаанд: «Мо ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ бояд ҳамеша талқин намоем, ки парчами давлатӣ шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва рӯйи сурху сари баланди ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Имрӯзҳо гулгаштҳо ва ё майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳраку ҷамоатҳо бунёд гашта истодаанд ва аксар вақт ин гуна иншоот бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ мегарданд.
Гузашта аз ин, Парчами давлатӣ рамзи пирӯзиҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳам ҳаст. Барҳақ Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти парафшонии Парчами давлатии худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳдӯст муаррифӣ гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтикороти моро ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим ва дигар масъалаҳои мубраму доғи рӯз дастгирӣ мекунад».
Парчам нишонаи дастовардҳои миллат аст, ки таҳти он амалӣ гардиданд. Корномаҳо дар ҳар ҷабҳаи кишвар амалӣ мегарданд. Парчами давлатӣ илҳомбахши ҳар пешрафт дар кишвар аст ва иқдомҳои шоиста таҳти парафшонии он амалӣ мегарданд. Боварӣ дорем, ки таҳти Парчами давлатӣ миллати тоҷик ба комёбӣ ва муваффақиятҳои азим ноил хоҳад гашт.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ на танҳо рамзи истиқлолу озодӣ, балки омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ва нишондиҳандаи дастовардҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Парафшонии парчам дар фазои кишвар ғояи созандагиву субот, худшиносии миллӣ ва руҳияи пешравиро таҷассум менамояд. Парчами давлатӣ ба сифати нерӯи маънавӣ имрӯз ва фардои давлатро ба ҳам мепайвандад ва рамзи пойдории миллати тоҷик дар арсаи таърих боқӣ хоҳад монд.
Азиза Ҳодибоева,
номзади илмҳои фалсафа, ходими илмии
Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»