НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки бо тақозои сарнавишт давраи хунини ҷанги таҳмилии бародаркушро аз сар гузаронидаанд, дар мисоли рӯзгори пуртаззоди худ итминони комил ҳосил кардаанд, ки шахсиятҳои бузург раҳнамои қавму халқҳои раҳгумзада ва ё фирефтагашта шуда метавонанд. Ҷомеаҳои муҳтоҷи ҳидоятгари асил дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ маҳз ба абармардони нотакрори миллат умед мебанданд ва ба шарофати хидматҳои таърихии онҳо роҳи наҷотро ба даст меоваранд. Алалхусус, нақши инсонҳои бузург дар лаҳзаҳои фоҷиабори таърихи халқу миллатҳо басе назаррас ва муассир воқеъ мешавад ва, албатта, абадӣ дар лавҳи хотири миллат боқӣ мемонад.

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно дошт. Ба хотири хушбахтӣ ва саодатмандии халқи азизамон аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Бо шукрона ва ифтихор мегӯем, ки ин фарди наҷотбахш фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд Тоҷикистони мо пора пора мегардид.

Наслҳои калонсолу миёнсоли мо фаромӯш накардаанд, ки дар ибтидои солҳои навадум, алалхусус дар нимаи дуюми соли 1992, дар кишварамон беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ пурра ҳукмрон гардида буд. Мутаассифона, қисмати назарраси ҷануби Тоҷикистон ва пойтахти Ватани азизамон дар дасти гуруҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд ва ба ном ҳукумати қонунӣ ба касофати фалаҷии худ пеши вайроншавии сохтори давлатиро дошта наметавонист.

Хизмати бузурги Пешвои миллат дар назди мардуми шарифи худ ва таърихи Тоҷикистон дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити даҳшатбор ва сарнавиштсоз давлатдории тоҷикон ва бақои миллатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз карда тавонистанд. Ин қаҳрамони асили халқи тоҷик бо мардонагӣ ва шуҷоати фавқулодда бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифтанд.

Марҳилаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси раиси он интихоб шудани фарзанди шоистаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Барқарор ёфтани ҳукумати қонунӣ, кӯшиши ба роҳ мондани гуфтушуниди байни ҳукумат ва мухолифин, ниҳоят Изҳороти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар роҳи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд.

Талошҳои пайгирона ва ҷаҳду кӯшишҳои устуворонаи Сарвари ҷавони давлати тозабунёди Тоҷикистон марҳила ба марҳила кишвари моро ба сӯи мақсуд раҳнамун месохт. Он кас бо камоли дурандешӣ ба хулоса расида тавонистанд, ки дар навбати аввал якпорчагии мамлакатро таъмин намуда, баъдан ба роҳҳои пешбурди дигар қадам ниҳодан имконпазир хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар навбати аввал, вазифаи муҳимтарини хешро низ дар он медиданд, ки ҳуввияти дар натиҷаи ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардуми мамлакатро баргардонанд, ваҳдату пайванди пойдори аҳли ҷомеаро эҷод намоянд ва бо баҳрагирӣ аз ин ягонагиву ваҳдат тавсеаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозанд ва дигар ҳеч гоҳ нагузоранд, ки бадхоҳони миллати тоҷик тақдирсози халқу Ватани мо шаванд. Иҷрои муваффақонаи чунин рисолати муқаддас роҳбари хирадманди кишварамонро водор намуд, ки таъҷилан ба хотири пиёдасозии барномаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мутамаддин камар бубанданд. Мусаллам аст, ки муҳимтарин марҳилаи амалӣ сохтани ин гуна барномаи стратегӣ қабули Конститутсия ба шумор мерафт. Имрӯз мо - тоҷикон ифтихорманд аз он дорем, ки Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз беҳтарин ва мукаммалтарин санадҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосир эътироф гардидааст.

«Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеамонро бо роҳи зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас»- чунин изҳор дошта буданд Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тарафҳои мухолифи давлати ҷавони тоҷиконро ба музокира даъват намудан. Аз рӯи адолат бояд гуфт, ки ин ғояи олитарини инсонпарварона ба ҳисоб меравад. Дар ёд дорем, ки музокироти тоҷикон, ҳарчанд ки мушкил ва тӯлонӣ гардид, барои Тоҷикистон марҳилаи тақдирсозе буд. Он 40 моҳ идома ёфта, хушбахтона, нуқтаи фарҷом 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд ва бо ҳамин Рӯзи Ваҳдати миллӣ давраи сифатан тозаеро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон оғоз бахшид. Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ афзун намуд ва барои ҳукумат имконият фароҳам гардид, то ки ҳамкориҳои бештару густардатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд.

Тантанаҳо ба шарафи 34-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда шаҳодат аз он доданд, ки кишвари аз ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ба вартаи ҳалокатрасида, иқтисодиёташ бештар аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёндида баробари фароҳам гардидани имкониятҳои мусоид ва ба шарофати заҳматҳои мардуми шарафманди тоҷик бо ҳидоятҳои рӯзафзуни роҳбари оқилу доно ба арсаи бунёдкорӣ бо қадамҳои баҳодурона ворид гардиданд. Пас аз пурра татбиқ шудани нуктаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне соли 2000-ум Ҳукумати ҷумҳурӣ дар натиҷаи ба кор бурдани имкониятҳои мавҷуда ба бунёди як идда иншооти барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумла роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷ ва истифодаи конҳои гуногун, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқ, нақбҳо ва корхонаҳои зиёде оғоз намуда, аксари онҳоро муваффақона ба анҷом расонид. Дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи Стратегияи миллии рушд сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тадриҷан хеле паст гардида, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии миллионҳо нафар сокинон беҳтар карда шуд.

Ҳамагӣ 34-сол муқаддам дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ давлате бо номи Тоҷикистон вуҷуд надошт. Таърих гувоҳ аст, ки ҳангоми вориди саҳна гардидан меҳани азизи моро ҷаҳониён саропо дар оташ диданд. Хушбахтона, халқи тамаддунофари тоҷик бо раҳнамоиҳои Пешвои тавонои худ Ватанамонро сари вақт аз коми оташ берун оварда, захмҳоро бо меҳру муҳаббати фарзандона марҳам ниҳода, дигарбора қобили нашъунамо намуданд. Дар кишвари маҳбубамон дар мушкилтарин вазъият ислоҳоти иқтисодии бозаргонӣ баргузор сохта, заминаи рушду пешравии бемайлон бунёд карда шуд. Тавсеа ва тараққии се бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон, яъне энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт моҳият ва мазмуни сиёсати иқтисодӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро бахубӣ муқаррар менамоянд.

Дар таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаеро бо камоли қаноатмандӣ ёдрас мешавам, ки ташаккул ва рушди ҳаққонии андешаи миллӣ ҳам бо исми мубораки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандии ногусастанӣ дорад. Воқеан, тибқи таъкиди муршиди комили халқамон, яке аз сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, таъмини ваҳдати миллӣ, рӯй овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад.

Илҳомбахш ва раҳнамои ҷумлаи падидаҳои созанда дар Ватани азизамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки он кас, бешубҳа, поягузори андешаи миллии тоҷикон дар даврони таърихи навини халқамон эътироф гардидаанд.

Маҳмудзода Маъруф Қаюм,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,

муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ