ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР
Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 - солагии Истиқлолияти давлатии хешро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифт. Сиёсати пешгирифтаи давлат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди устувори кишвар, некӯаҳволии мардум ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардида, ҷумҳурӣ тадриҷан мавқеву манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Таърихи 34 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷии давлат муваффақона фаъолият намуда, дар роҳи афзоиши эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ саҳми босазоеро соҳиб гаштааст.
Дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ – бартараф кардани низои дохилӣ тавассути ҷараён додани гуфтушунид бо мухолифин, аз байн бурдани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи берунӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир дорад.
Моҳи сентябри соли 1991 - вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба даст овард, таҳия ва амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ самти барояш тамоман нав буд. Шурӯъ аз декабри соли 1991 давлатҳои хориҷӣ пайи ҳамдигар ба эътироф намудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пардохтанд, моҳи январи соли 1992 дар Душанбе нахустин сафорати кишвари хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуд, дар муддати кӯтоҳ ҷумҳурӣ узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ - Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гардид. Вале сарфи назар аз ҳамаи ин бетаҷрибагии сиёсӣ дар баробари омилҳои дигар боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар шуд.
Раванди музокироти сулҳи тоҷикон низ яке аз саҳифаҳои махсус дар таърихи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гуфтушунидҳои миёни тоҷикон байни ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик таҳти сарпарастии Созмони Миллали Муттаҳид сурат гирифтанд. Дар ин раванди мураккаб Намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаи Тоҷикистон хизматҳои миёнаравӣ мерасонд, инчунин бо хоҳиши ҷонибҳои алоқаманд дар ҷаласаҳо раисӣ мекард. Дар вохӯриҳо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дӯст, аз ҷумла, Россия, Эрон, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сифати нозир ширкат меварзиданд.
Бо имзои Созишномаи сулҳ ва тадриҷан пиёдашавии рукнҳои он робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфта, эътибору нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста афзуд. Заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои гуногуни дунё, созмонҳои мухталифи байналмилалӣ таҳким ёфта, дар мавриди роҳандозӣ ва инкишофи беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобилан судманд қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дастовардҳои музокироти сулҳи тоҷикон барои пешрафти сиёсати хориҷии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард, зеро қаблан вазъи номуътадил ва номусоиди кишвар барои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, бахусус дар бахши ҷалби сармояи берунӣ ба иншоотҳои муҳим халали ҷиддӣ эҷод мекард. Аз ин рӯ, бо барқарор шудани сулҳу оштӣ дар кишвар таваҷҷӯҳи ҳамёрони хориҷӣ ба Тоҷикистон бамаротиб афзуд.
Ҷои таъкид аст, ки дар таърихи СММ сулҳи тоҷикон воқеаи нодир ба ҳисоб рафта, оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил ҳамчун намунаи дастоварди дипломатияи боздоранда барои кишварҳое, ки низоъҳои дохилӣ доранд, шуда метавонад.
Дар баробари ин, пойгоҳи назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, ҳамқадам бо равандҳои тағйирпазири ҷаҳонӣ такмил меёфт.
Сиёсати хориҷӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои худро ёфт, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар ин маврид муайян гардид. Соли 2007 дар заминаи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи таҷдиди сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон 31 августи соли 2007 бо қарори №448 қабул гардид. Дар ҳуҷҷати мазкур таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама ба тақвият ва таҳкими сохтори дастгоҳи марказии Вазорат, муҳайё намудани захираҳои кадрӣ, инчунин сафарбар намудани имкониятҳои ақлонӣ ва моддӣ барои иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки аз ҷониби Роҳбарияти давлат дар назди Вазорат гузошта шудаанд, равона карда шуд. Ҳамчунин, Қонун дар бораи хизмати дипломатии Тоҷикистон қабул шуда, чанд фармони Президент ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияту ваколатҳои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, сафорату консулгариҳо дар кишварҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ҷумҳуриро дар назди созмонҳои байналмилалӣ муайян намуданд.
Ба раванди ҳамкориҳои фаъолонаи Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ сиёсати «дарҳои боз», ки оғози соли 2003 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълом дошта шуд, суръати нав бахшид. Дар баробари ин, теъдоди боздидҳо аз Тоҷикистон хеле зиёд гардида, кишварҳои ҳавасманд пайи ҳам дар Душанбе намояндагиҳои дипломатии худро кушоданд.
Сиёсати бисёрсамта ба ҷумҳурӣ имкон дод, ки доираи робитаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ намуда, сафи ҳамёрони анъанавӣ ва доимиашро афзоиш диҳад.
Дигар самти муҳим – иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ комёбиҳои ҷумҳурӣ чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвар, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои об ва энергетика, илавгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дар Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд.
Хамин тариқ, имрӯз сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои бобарори фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуд дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз роҳу равиши муносиби ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Точикистон тавонист, ки бо доираи васеи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ робитаҳои худро вусъат бахшад.
То имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 179 кишвари хориҷӣ муносибати дипломатӣ барқарор намуда, бо аксари онҳо созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонидааст ва ҳамкориҳоро фаъолона ривоҷ дода истодааст. Ба хотири таҳкиму тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо ва дар тамоси доимӣ қарор доштан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, Тоҷикистон мақсад дорад, ки тадриҷан теъдоди намояндагиҳои хориҷии худро зиёд намояд.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосаи худро дорад. Агар Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бо Хитой, Афғонистон, Эрон, Туркия, Покистон ва Ҳиндустон барин кишварҳо муносибатҳои ҳамёриро ба роҳ монда бошад, пас бо кишварҳои арабӣ робитаҳои фаъол аз соли 2007 шурӯъ шуданд, муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷануби - шарқӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ором бошад дар оянда рушду нумуъ хоҳанд ёфт. Дар ҳар сурат, ҷумҳурӣ бо даст додани имкони муносиб сатҳи ҳамкорию муносибатҳояшро бо ин кишварҳо тақвият мебахшад.
Амалӣ шудани ҳадафҳо, ки аз он вазъи кунунии ҳамкориҳо дар доираи ИДМ шаҳодат медиҳанд, ба рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар самтҳои мухталиф вобастагӣ доранд. Миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Тамосу вохӯриҳои доимии сарони давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои ду кишвар худ баёнгари ҷараёни робитаҳои неку густардаи Тоҷикистону Россия мебошанд. Ҳамкории ду кишвар пеш аз ҳама соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро дар бар мегиранд. Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши табодули мол, суръат бахшидан ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарду истихроҷи газу нафт, канданиҳои фоиданок ва фарҳангӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор доранд. Бо иштироки Россия лоиҳаҳои бузурги муштараки иқтисодӣ амалӣ мешаванд ва яке аз онҳо сохтмони НБО - и Сангтӯда - 1 мебошад, ки ҳоло бо иқтидори пуррааш кор карда истодааст.
Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва уқёнуси Ором дар давоми солҳои истиқлоли давлатӣ барқарор карда шуда, дар таваҷҷӯҳи афзуни сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ин кишварҳо барои пешрафти ҷумҳурӣ аҳамияти хоса дорад. Дар муддати 34 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тавонист, ки бо аксарияти давлатҳои дуру наздики Осиё муносибату ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногуни иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, маориф натиҷаҳои муайянро соҳиб шавад.
Муносибатҳо бо ҳамёрони анъанавӣ аз миёни кишварҳои арабӣ ва шимоли Африка мӯътадил идома дошта бошанд ҳам, ҳодисаҳои сиёсии нимаи аввали сол ба онҳо бетаъсир намонданд. Сарфи назар аз ин бо Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср робитаҳо ривоҷ доштанд.
Густариши муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо аз самтҳои афзвлиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, он дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ ва шарикӣ сурат мегирад.
Аз ҳама рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба ва Созишномаи шарики ва ҳамкориҳо ин санади бунёдгузор хамкори байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аст, ки моҳи октябри соли 2004 дар Люксембург ба имзо расидааст.
Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки муносибатҳои дарозмуддати шарикиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо Тоҷикистон дар пояи ҳадафу вазифаҳои муштарак оид ба таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, риояи ҳуқуқи инсон, рушди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ бунёд намояд. Вобаста ба он моҳи октябри соли 2008 ҷаласаи якуми Муколамаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Моҳи феврали соли 2009 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ба Парламенти он созмон дода шуд. Ин сафар ба густариши бештари муносибатҳою ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ ва муҳокимаи масъалаҳои амниятии минтақа байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо такони тоза бахшид. Сафари расмии Роҳбари Тоҷикистон ба шаҳри Страсбурги Фаронса (июни 2011) ҷиҳати мулоқот бо роҳбарияти Парлумони Аврупо ва суханрони аз минбари яке аз бонуфузтарин мақомоти қонунгузорӣ, руйдоди муҳими сиёсӣ буд.
Инкишофи муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди Аврупо, махсусан Фаронса, Олмон, Белгия, Австрия, Италия, Швейтсария ва Британияи Кабир барои Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷа доранд.
Давраи мухим дар таърихи хамкории Тоҷикистон ва СММ қабули қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳодшуда оид ба эълон намудани 2003 Соли байналмилалии Оби тоза мебошад, ки дар натиҷаи баргузории он Дабири кулли СММ Шӯрои машваратӣ оид ба захираҳои об ва беҳдоштро таъсис додааст. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015" ва “Даҳсолаи амали об барои рушди устувор 2018-2028”, мутмаин аст, ки зимни ҷаласаҳои сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҷалб кардани таваччухи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои афзалиятноки оби тоза, таъмини вазъи устувори экологӣ бо мудирияти захираҳои об мумкин аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон Ичлосияи 64 - уми Маҷмаи Кулли Созмони Миллали Муттаҳид доир ба 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз қатънома қабул кард, ки аз ин пас иди миллии тоҷикон Наврӯз расман ҳамчун иди бузурги байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Умуман, Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он дар масъалаҳои сиёсии глобалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва гуманитарӣ ҳамкории фарогирро ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг низ ҳамкориҳои судманд дорад.
Ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО 1150 - солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, 100 - солагии шоир ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода ворид гардиданд, мусиқии классикии Шашмақом шоҳкории шифоҳӣ ва мероси гаронбаҳои инсоният шинохта шуда, дар Тоҷикистон ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад, пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо мукофоти ЮНЕСКО «Шаҳри сулҳ» сарфароз гардидааст. Рӯйдоди муҳиме, ки дар ин самт ба вуқӯъ пайваст ин ворид гардидани якумин ёдгории таърихии Тоҷикистон «Capaзм» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад.
Солҳои ҳамкорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нишон медиҳанд, ки ҷонибҳо на фақат ба ислоҳи вазъ дар равобиташон муваффақ шуданд, балки Созмони мазкур тавонист симои мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Аврупо ва созмонҳои байналмилалии аврупоӣ нишон диҳад. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки вазифаҳои дарпешистодаро бо назардошти манфиатҳои худ ҳал намояд ва ин созмонро ба ҳамёри стратегии худ табдил диҳад.
16 декабри 2010 Маҷмаи Умумӣ лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони хамкории исломӣ», ки онро Тоҷикистон, ба сифати раиси Гурӯҳи Созмони ҳамкории исломӣ дар СММ, аз номи 57 кишвари узви СҲИ пешниҳод карда буд, қабул намуд.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои фаъол ва судманд бо Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 таъкид намуданд: «Чун сухан дар бораи минтақа рафт, ташкилоти калонтарини он - Созмони ҳамкории Шанхай ба мадди назар меояд, чунки он аз рӯзи таъсисаш барои ҳаллу фасли масоили минтақавӣ, ташкили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв дар асосҳои усулан нав ва дигар бахшҳои хамкорӣ, ки тадриҷан тамоми соҳаҳои хаёти хамарӯзаи моро дарбар мегиранд, корҳои зиёдеро анҷом додааст”. Сарвари давлат зикр карданд, ки дар доираи фаъолияти созмони мазкур дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди дорои хислати умумимиллӣ бунёд шудаанд.
Дар давоми фаъолияти пурсамари худ Созмони ҳамкории Шанхай худро ҳамчун фазои босамари мубодилаи афкор, таҳияи мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дод. Бояд қайд кард, ки соли 2022 рузи ташкил гардидани ин созмон таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дуҷониба ва бисёрчонибаи мутақобилан судмандро бо кишварҳои дигар хамеша бо назардошти манфиатҳои миллӣ, дар асоси принсипи баробарӣ инкишоф медиҳад. Табиист, ки сатҳи муносибати ҳар давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон бо субъектҳои дигари байналмилалӣ яксон набуда, майлу алоқамандии ҷонибҳо бо таваҷҷӯҳ ба манфиати тарафайн онро муайян месозад ва вусъат мебахшад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори роҳандозии робитаҳои неку созанда бо ҳама кишварҳои дунё ва созмонҳои гуногуни минтақавиву байналмилалӣ буда, бо қаноатмандӣ метавон таъкид кард, ки сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина зина ба зина амалӣ мегардад.
Бинобар ин, дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчун идораи асосии татбиқкунандаи сиёсати хориҷии давлат, намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, дигар сохторҳои давлатие, ки бо роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳамёрони хориҷӣ сару кор доранд, вазифаҳои зиёде истодаанд. Дар марҳилаи ҳозира истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои ҳамшарикони хориҷӣ дар амалӣ намудани вазифаи стратегии давлат - таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд. Ҳангоми комёб шудан ба ин хадафҳои тақдирсоз Тоҷикистон сатҳи тамоман нави пешрафтро соҳиб хохад шуд.
Дар тӯли 34 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дипломатияи тоҷик таҷрибаи бузурге ҳосил кард. Аз ин рӯ бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки бо такя ба ин таҷриба сохторҳои марбута ва дипломатҳои тоҷик дар иҷрои вазифаҳои худ - ҳифзи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ минбаъд низ саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Исмоилова Машҳура,
муаллимаи калони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»