Варзиш гаравӣ саломатӣ!

Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеи ҳар давру замон, бахусус, имрӯз аст, зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Бояд зикр кард, ки варзиш дар саломатии инсон аҳамияти бузург дорад. Тавре Абӯалӣ ибни Сино фармудааст, «агар солиму бардам, тавонманд будан хоҳед ва агар нахоҳед, ки ба муоинаи табибу истеъмоли дору ниёз дошта бошед, пайваста ба варзиши бадан машғул шавед».

Факултети геоэкология дар толори варзишии факултети тарбияи ҷисмонӣ бо роҳбарии Шӯрои занон ва духтарон Ҳайдарова М.М. ва якҷоя бо занҳои факултет баҳри солимӣ, бардамӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим таҳти унвони “Варзиш гаравӣ саломатӣ” -дар як ҳафта як маротиба аз рӯи намудҳои варзиш ба монанди шашка, шоҳмот, волейбол ва тениси рӯи миз баргузор менамояд.

Биёед, аз шароити фароҳамоварда самаранок истифода бурда, ба варзиш, машқи бадан, ки шарти асосии тарзи ҳаёти солим аст, машғул шавем, то солимии худу фарзандонро таъмин созем. Фаромӯш набояд кард, ки саломатӣ гавҳари ноёб аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ