Тренинги психологӣ: Ҳадаф дуруст ба роҳ мондани муошират аст!

Дар доираи маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" тренинги психологӣ доир гардид.

Дар тренинг аз ҷониби ҳайати маҳфил ва донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бозиҳо ва машқи психологӣ, аз қабили азхудкунии 12 мисраъ ғазал дар муддати 10 дақиқа, ба хотир гирифтани 20 калима дар 3 дақиқа бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ, дуруст ба роҳ мондани муошират дар ҷомеа ва мустаҳкамии хотира сурат гирифт.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия, доктори илмҳои таърих, Аюбҷон Усмонов сухан намуда, афзуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар солимии рӯҳии донишҷӯён нақши муассир мегузорад, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани қобилият, худташаккулдиҳӣ, дуруст ба роҳ мондани муошират ва рафтор бо ҷалби доираи васеи устодону донишҷӯён ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ