Тo абад бо дӯстон осудагист…

Мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми мавҷудияташон дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст, ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад.

Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад, зеро дона танҳо хирман намегардад, нони танҳо файзи дастурхон намешавад, шукуфтани муғҷае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад.

Аз касе пурсидаанд, ки дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст, ҷавоб дода: «Бародар хуб аст, агар дӯст бошад»

Аз ин суханон бармеояд, ки ҳатто бародарон низ душман буда метавонистаанд. Ин гуна бародароне, ки бо бародарони худ кинаву адоват доранду душманӣ меварзанд, албатта дар муҳити носолим ба воя расидаанд. Дар оилае, ки дӯстию рафоқат вуҷуд надорад, ягонагиву якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ҳамин фарзандон низ чун меваи дарахти пурбору бешафоат ба воя мерасанд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо халқи қирғиз дӯстӣ доштанд, дӯстиитоҷикону қирғиз дар асарҳои қадим инъикос гардидааст. Дар эпоси машҳури «Манас»- и қирғизҳо , кизавҷаи Манаси қаҳрамоняке аз намояндагони Сомониён будааст.Азҳаминдавра байни тоҷику қирғиз дӯстивухешутаборӣ пайдо гардидааст.

Арбобони давлат Бобоҷон Ғафуров ва Исҳоқ Раззоқов, шоирон Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов байни ҳамдигар дӯстии беандоза доштанд. Доир ба ин масъала маводизиёд дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои интернетӣ дарҷ гаштааст. Имруз дида мешавад, ки дар хуни мардуми қирғизбахусус онҳое, ки дар минтақаҳоиназдисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, хуни бедодгарӣ, хуни ваҳшоният, хуниноодамӣ ҷӯш мезанад ва ба назар мерасад, ки аз марзи одамӣ убур кардаанд.

Воқеаи санаи 16-уми сентябр сар зада, аз ҷониби афроди номаълум аз тарафи Қирғизистон ба ҳудудиҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низомиён даромада тирпаррониданд. Ин тирпарронӣ рахнаебарои дӯстии чандинасраи сокинони ин маҳал гардид. Бархе аз нафарон дӯстии ин ду кишварро дида наметавонанд, бинобар ин кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар гуна роҳу амал байни халқи тоҷику қирғиз низоъ андозанд. Лекин нияти онҳо ҳаргиз амалӣ намегардад. Ончунон ки Ҳофизи бузург фармуда:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, киранҷи бешумор орад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ