ТЭТ ҲНИ нисбати миллату давлат бадгумонӣ, тухми кинаву адоватро мекоранд.

Имрузҳо ТЭТ ҲНИ нисбати миллату давлати азизи мо Тоҷикистон бадгумонӣ, тухми кинаву адоватро мекоранд.

Мо ҷавонон зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвар амалҳои бадхоҳонаи ТЭТ ҲНИ ва ҳаммслакони ин ташкилоти террористиро маҳкум намуда аз мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз даъват ба амал меорем, ки ҳушёрӣ, зиракии сиёсиро аз даст надода ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаҳои душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷидолҳо кашида шавад.

Имрузҳо дар сомонаҳои интернетӣ матлабҳои ивғоангез аз тарафи ташкилотҳои террористӣ ва экстромистӣ мунтазам паҳн карда шуда истодааст, ки мақсади асосии ин ташкилотҳои террористӣ пас задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар аз ҷониби террорист Муҳидин Кабирӣ бо сенарияҳои хоҷагони хориҷиаш ба назар мерасад.

Ҳарчанд ин мухолифин ба монанди террорист Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерназаров, Шарофиддин Гадоев, Сулаймон Давлатов ва дигар косалесонӣ хоҷагони хориҷӣ, ки зодаи Тоҷикистон ҳастанду бо амру супориши хоҷагони хориҷиашон ба давлату миллати азизи мо аз хориҷи кишвар дурӯғу буҳтонҳо, санги маломат зада истодаанд. Хоинони миллат бо ҳаргуна дурӯғу буҳтонҳо, савсатагӯиҳои худ дар шабакаҳои иҷтимои мехоҳанд давлати азизи моро дар назди аҷнабиёни худ сиёҳ намоянд.

Натиҷаҳои нохалафиву ватанфурӯшии ТЭТ ҲНИ бори дигар моро ҳушёр месозад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилоангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем ва ватанро ба дасти нерӯҳои бадкор биспорем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари миллати мост бикӯшем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ