ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ: таъсисёбӣ ва таназзул

Таҷрибаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи ташкилотҳои сиёсии исломии арзи ҳастӣ намуда, решаҳои худро дар гуруҳҳои худтаъсиси пинҳонӣ ё нимпинҳонӣ пайдо кардааст.

Ҳанӯз соли 1978 дар Тоҷикистон Созмони Ҷавонон таъсис дода шуда буд, ки он пинҳонӣ амал мекард ва роҳбарии онро Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба зимма дошт. Яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мусоҳиба бо рӯзноманигори «Чароғи рӯз» иқрор шуда буд, ки сарварони Созмони Ҷавонон ба таблиғоти фаъол шурӯъ намуда буданд. Онҳо бо кӯмаки донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамуданд, китобҳо ва дастурҳои гуногунро дастрас мекарданд, ба омӯзиш ва тарғиб намудани мероси пешвоёни ҳаракати исломӣ: Шайх Ҳасан Банно, Саид Қутб ва Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдулаъло Мавдуди машғул буданд. Ин ба онҳо имконият додааст, ки роҳи худро интихоб кунанд, шаклу усулҳои муборизаро омӯзанд. [13]

Минбаъд ин тағйири ном кард. «Бо мурури замон, - қайд намудааст Саид Абдуллоҳи Нурӣ, - мо ба он «Наҳзати Ҷавонони исломии Тоҷикистон» унвон гузоштем, ки ин ном ба ҳамагон писанд омад. Воқеан, номи рӯзномаи «Наҷот» - нашрияи ҲНИ аз ҳарфҳои аввали арабиаслу кӯтоҳшудаи ин калимот гирифта шудааст ва он як номи рамзист». [14, 13]

Наҳзати Ҷавонони исломии Тоҷикистон асоси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гардида буд.

9-уми июни соли 1990 дар шаҳри Астрахани Федератсияи Россия Анҷумани мусулмонони Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид. Дар он Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд. Барнома ва Оинномаи ҳизб тасдиқ ва мақоми олӣ – Шӯрои Уламо интихоб гардид. [2]

Иштирокчиёни Анҷуман Давлат Усмонов ва Саидиброҳим Гадоев баъди бозгашт ба Ватан ба Шӯрои Олии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки барои гузаронидани конференсияи муассисони минтақаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ иҷозат диҳад.

5-уми октябри соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор «Дар бораи мактуби Гадоев С. ва Исмонов Д. (Давлат Усмон)»-ро ба тавсиб расонид, ки мувофиқи он қайди ҲНИ ва фаъолияти ҳизб дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълом гашт. Чунки он хилофи Конститутсия ва Қонун «Дар бораи озодии виҷдон дар ҶШС Тоҷикистон», ки дар он бо таври возеҳ навишта шудааст, ки ба ташкилотҳои динӣ иштирок дар фаъолияти сиёсӣ манъ аст, мебошад». [12]

Новобаста ба ин 6-уми октябри соли 1990 гуруҳи ташаббускорон дар масҷиди деҳаи Чортути ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) Конференсияи шӯъбаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравиро доир намуд. Мувофиқи қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 14-уми декабри соли 1990 «Дар бораи пешгирӣ намудани фаъолияти ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тибқи қонунҳои ҶШС манъ шуда», ташкилотчиёни конференсия ҷарима карда шуданд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зодаи «демократияи митингӣ»-и ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Маҳз зери фишори митингбозон 22-уми октябри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи бекор кардани баъзе санадҳои Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳизбҳои характери динӣ»-ро қабул кард ва ба ташкил намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иҷозат дод. [11]

26-уми октябри соли 1991 Анҷумани нахустини Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ Хонаи маорифи сиёсии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Анҷуман Муҳаммдшариф Ҳимматзодаро раис, Давлати Усмон ва Саидиброҳим Гадоевро муовинони раис интихоб намуд. [9, 28]

Таъсисёбии ҲНИ аз як тараф иҷрои рисолати ҷомеаи демократӣ бошад, аз тарафи дигар роҳбаронаш баҳри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ кӯшишҳои мақсаднок анҷом доданд. Хеле бамаврид аст, ки андешаҳои собиқ муассис ва узви фаъоли ҲНИТ Мулло Абдураҳим Каримовро мавриди таҳлил қарор диҳем. Ӯ менависад: ҲНИ низ аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии динӣ ҳаст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин шуда, аз ҳастии худ дар қаламрави Осиёи Миёна хабар дода буд. Яъне ҲНИ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Аммо, мутаассифона, бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла банда, дар бораи барномаи сиёсии пинҳонпажуҳишхоҳонаи ҲНИ огаҳӣ надоштанд. Аслан ҳизб барои ислом бегона аст. Бунёд кардани ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон, ки қариб сад дар сади сокинони он мусулмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмони кишварамон мебошад. Аз ин ҷост, ки мардуми мусалмон ва аз ҷумла, рӯҳониён машҳури тоҷик ҲНИ-ро намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобия донистанд, фаъолияташро номашруъ ҳисобиданд. Аммо ҲНИ бар иродаи мардуми мусалмон ва рӯҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда, бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. То имрӯз ин рақобати рӯҳониёни исломи асил бо ҲНИ боқӣ мондааст ва онро онҳо эътироф намекунанд». [5, 313]

Соли 1992 ҷанги таҳмилӣ ва шаҳрвандӣ Тоҷикистонро фаро гирифт. ҲНИ асосгузори ин ҷанги таҳмилӣ ва шаҳрвандӣ буд ва бо ишораҳои сохтаи ба ном исломӣ ва бегона ба фарҳангии миллии мо вориди майдон гашт. Омили мазкур ва надоштани ҷаҳонбинии сиёсию маълумоти кофии динии аҳли ҷомеа боиси он гашт, ки душманони миллати тоҷик заминаи ҷанги шаҳрвандиро ба таври комил барномарезӣ ва ҷангро оғоз намуданд.

Дар тақвити ин гуфтаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд». [1]

Аммо дар роҳбарияти ҲНИ шахсоне низ буданд, ки хатоҳою иштибоҳҳояшонро ба гардан мегирифтанд ва аз он дарси сабақ меомӯхтанд. Раиси вақти ҲНИ Муҳаммадшариф Ҳимматзода иброз менамояд: «Башар дар корҳояш аз хато ва иштибоҳ наметавонад худро дар амон бидонад. Ҳар касе коре мекунад хато кардани ӯ аз эҳтимол дур нест. Аз рӯи ин қоида мо ҳам худро аз иштибоҳ ва хато маҳфуз намедонем. Ба назари ман иштибоҳҳои асосии мо таҳозуротҳои пай дар пайи соли 1992 буд, ки аҳзоби мардумӣ ва исломӣ онҳоро роҳандозӣ карданд. Инро ман ба он хотир намегӯям, ки дар он вақт раиси ҲНИ будам ва мухолифи чунин таҳозурот, балки аз он ҷиҳат мегӯям, ки ҳизби мо тасмим гирифта буд ва қарор ҳам қабул карда буд, ки дигар дар ҳеҷ як таҳозурот иштирок намекунад, вале гурӯҳе аз аъзои раёсати ҳизб дар ғиёби раис (ман дар сафари хизматӣ дар хориҷи Тоҷикистон будам) бар хилофи тасмимҳои қаблан қабул карда ҲНИ устод Нуриро барои пайвастан ба таҳозурот мутақоид карданд ва ба таҳозурот ҳамроҳ шуданд. Ман баъд аз ин воқеа дар бисёр мавридҳо ин назари худро иброз доштам». [4]

Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки дар соли 1992 роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони оппозитсия, умуман қувваҳои солими ҷомеа баҳри ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсии ҷумҳурӣ дар Хоруғ, Сайёд ва Калинииобод мулоқот доир намуда буданд. Вале ӯҳдадориҳои дар ин мулоқотҳо қабулшуда аз тарафи оппозитсия риоя намегардиданд.

Дар моҳи июни соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ манъ карда шуд.

Тибқи хулосаи таҳлилгарони сиёсӣ ҲНИ аввалан ба ихтилофи рӯҳониёни исломӣ, сониян тамоми ҷомеа боис гардид. Бинобарон роҳбарияти ҲНИ баҳори соли 1993 дар Афғонистон маҷбур шуд, ки ба ҷои Ҳизби наҳзат, Ҳаракати наҳзати исломиро таъсис намояд.

Аҳли башар шоҳиди он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани сулҳу амонӣ дар кишварамон аз ҳама воситаҳои сулҳофарин истифода мебурданд. Шаклу усуслҳои ҳамкории сохторҳои давлатиро бо ҳизбу ҳарактҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Яке аз чунин иқдомҳо ба имзорасии Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки онро рӯзи 9-уми марти соли 1996 Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони 30 ҳизбҳои сиёсию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба тавсиб расонида буданд. Моҳи апрели соли 1996 бо мақсади таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ, барои ба даст овардани таносуби манфиату ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокдорони Аҳднома Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон созмон дода шуд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани ин вазифаҳо як гурӯҳ ходимони илм ва фарҳанги мамлакат, роҳбарони оппозитсиониро даъват намуданд, ки ба Аҳднома ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба комёб шудан ба ризоияти воқеӣ дар ҷумҳрӣ ҳамроҳ шаванд. Дар нома аз ҷумла чунин қайд шудааст: «Аз ҳад нагузарем, аз ду ҷониб ҳам гуноҳҳои зиёде содир шудаанд, аммо Ватан яктост ва он Ватани ягона ҳам дар партгоҳи мухлиқ қарор дорад. Пас замони мусоид фаро расидааст то дар чеҳраи якдигар гунаҳкору бадхоҳу душман наҷӯем, балки мисли фарзандони як модари бузург ба шифо бахшидани ҷароҳатҳои пайкари ӯ сари маслиҳат биёем, Ватани ормонии худро бисозем ва дар канори он сар бифарозем, ҳама парешониҳоро пушти сар бигзорем, аз ақсои ҷаҳон дар канори Ватан ҷамъ оем, як рӯзи Тавбаи бузурги умумитоҷикӣ эълон намоем ва аз кирдорҳои носавоби худ дар пешгоҳи Худованд тавба кунем ва ба ёдгории он ҳама қурбониёни ин ҳаводиси нангин Муҷассамаи болобаланде бисозем, то имрӯзиён ва фардоиён ба он бингаранд ва барои худ панд бигиранд!». [6, 127-128]

Барои дастрас намудани номаи мазкур ба роҳбарони оппозитсион 5 майи соли 1996 ходимони илму фарҳанг ба унвонии ҷонишини намояндаи хоси муншии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Дарко Шилович бо мазмуни зерин муроҷиат карданд:

«Ҷаноби олӣ!

9 марти соли 1996 дар ҳузури Шумо ва намояндагони сафоратхонаҳо, расонаҳои хабарии хориҷӣ, аҳли ҷамоатчигии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, марказҳои миллию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва илмӣ «Аҳдномаи ризоити ҷомеаи Тоҷикистон»-ро имзо карданд.

Ин иқдоми ҷиддиест барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, таҳкими ягонагии кишвар ва сулҳу ризоият дар Тоҷикистон. Аҳднома бо назардошти талаботи Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иншо шудааст. Дар асоси ҳамин Аҳднома Шӯрои ҷамъиятие барпо гардид, ки он ба талаботи мухолифин дар барои ташкили Форуми халқҳои Тоҷикистон низ мутобиқат мекунад.

Аз Шумо, ҷаноби олӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки номаи моро бо матни Аҳдномаи мазкур, ки аз ҷониби сарварони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, илмӣ, муассисаҳои динӣ имзо гардидааст, ба роҳбарияти мухолифини тоҷик расман барои шиносоӣ, баррасӣ ва имзо пешниҳод намоед.

Осимӣ М.С., Лоиқ Шералӣ, Диноршоев М.Д., Масов Р., Шукуров М., Абдураззоқов Ҳ.». [6, 128]

Вале боиси таассуф аст, ки роҳбарияти Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ин таклифро рад намуд. Дар номаи ҷавобӣ, ки онро роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо намудааст, аз ҷумла омдааст: «Бародарони зиёӣ, агар қазияи Тоҷикистон ва авзои шадиди сиёсию иҷтимоии он, ки ба эътирофи худашон ҳоло дар партгоҳи муҳлик қарор дорад, бо ба имзо расонидани як чунин аҳдномае дар байни тамоми созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҳаллу фасл ва беҳтар мегардид. Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик ба сифати як нерӯи сиёсию низомии шинохташуда ва фаъол дар қатори дигарон бедаранг ба он имзо мегузошт. Аммо афсӯс, ки бо ин содагӣ наметавон ба ҷое расид. Масъалан хеле мушкилтар, доманадортар ва ҷиддитар аз он аст, ки шумо мепиндоред. Дуруст аст, шояд ин аҳднома мушкили шуморо бо ҳукумат ҳал кунад. Зеро шумо бо ҳукумати кунунӣ ҳеҷ гуна мухолифати ҷиддие надоред. Аммо аз нигоҳи мо чизеро ҳал нахоҳад кард». [5, 24-25]

Новобаста ба монеаҳои сунъиэҷод, марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо намуданд. Дар асоси Созишномаи мазкур Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.

«Бисту ҳафтуми июни соли 1997, - қайд менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид.

Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Ба шарофати ҳамин сулҳу суббот буд, ки мо тавонистем қувваҳои мухталифи сиёсиро ба ҳам оварда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким бахшем ва бо нияти нек, имони комил ва иродаи қавӣ ба бунёди давлатдориву давлатсозии навини худ оғоз намоем.

Бо шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон буд, ки мо хатари аз байн рафтани Ватани азизамон - Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем». [8, 61-62]

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз анҷоми марҳилаи якум ва дуюми протоколи низомӣ бекор намудани манъи ҳизбҳою созмонҳои шомили ИНОТ-ро муҳимтарин пешрафт дар кори татбиқи сулҳ мешуморид. 11-уми августи соли 1999 Президенти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сар то сари қаламрави мамлакат иҷозат дод.

Ҳамин тавр, ҲНИ аз нав ба ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат ворид гардид.

11-уми марти соли 2002 аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни нави Аҳдномаи ризоияти Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

«Аҳдномае, ки бо ташаббус ва дастгирии Шӯрои ҷамъиятӣ ба имзо расид ва мӯҳлати амали он номаҳдуд эълон шудааст, - қайд менамояд Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, - ифодаи майлу иродаи неки ҳамаи онҳое мебошад, ки барои тақдири ояндаи миллати кишвар, оромӣ ва сулҳу суботи комили ҷомеа масъулияти бузурги муштаракро ба зимма гирифтаанд». [3]

Боиси зикр аст, ки ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеа ҲНИ низ ҳамроҳ гардид. «Тоҷикистон, - навишта буд раиси ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, - монанди як қолинест, ки онро ба қисмҳо набояд тақсим кард. Ин қолин бояд ободу зебо бошад. Баракати сиёсии давлат ва ҳизбҳо ҳаст, ки дар Точикистон сулҳ шуд. Ман фарҳанги бисёрҳизбиро чунин мефаҳмам, ки сиёсати дурусти Ҳукуматро дастгирӣ кунад, на ин ки ҳизбҳо зидди Ҳукумат мубориза баранд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон узвияти худро ба Аҳдномаи ризоияти Тоҷикистон эълон мекунад. Мо ба хотири манофеъи миллат ва ободии мамлакат аз ҳама чиз бояд бигзарем ва мехоҳем Тоҷикистон мамлакати зебо бошад». [7, 157]

Вале баъди вафоти Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар дохили ҲНИ парокандагии ақидавӣ ҳукмфармо гардид. Роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои Шӯрои Олии ҲНИ васияти устодашонро дар бораи мамлакати зебо будани Тоҷикистон аҳдшиканона поймол карданд. Қолини зеборо ба қисмҳо тақсим кардан хостанд.

Тоҷикистониён ифтихор доранд, ки тамоми нуктаҳои Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҳаёт амалӣ гаштаанд.

Мутаасифона Раёсати Шӯрои Олии ҲНИ аз сари нав ба таҳриф кардани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ кӯшиш намуда истодааст. Онҳо фаромӯш накунанд, ки Созишнома дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик баста шудааст, на ин ки миёни Ҳукумати Точикистон ва ҲНИ.

Дар урфият мегӯянд, ки «Офтобро бо доман пӯшида намешавад». Беҳтараш ба далелҳои таърихӣ рӯй оварему ҳақиқати ҳолро ифшо намоем.

Ҳанӯз ибтидои соли 2000-ум яке аз чеҳраҳои сиёсӣ ва рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар мақолааш «Разве ислам - это только партия возрождения?» (Народная газета. – 2000. – 25 фев.) навишта буд: «Ҳизби наҳзат надоштани комёбиҳои ҳақиқиашро дарк карда кӯшиш намуда истодааст, ки дастовардҳои Иттиҳоди оппозитсиони тоҷикро, ки ба комёб шудан ба Созишномаи умумии сулҳ, баргардонидани гурезагон ба Ватан, кафолатҳои қонунии фаъолияти ҳизбҳое динӣ, бунёди истиснои нави интихоботи демократӣ оварда расонид, ба худ нисбат диҳад. Аммо ба ҳама равшан аст, ки ин комёбиҳо ба ҳизби наҳзат ягон муносибат надорад. Барои мисол додани саволи «Чанд нафар иштирокчиёни гуфтушуниди сулҳ аз Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик, ки дар комёб шудан ба сулҳ нақши муҳим бозидаанд аъзои ин ҳизбанд ва чанд нафар қумондонҳои саҳроӣ аъзои мебошанд?» кифоя аст. Дар ҳар ду ҳолат ҳам шумораи онҳо ангуштшуморанд».

Баъди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ даъвати чаҳорум ҲНИ бо нишони эътироз дар Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон фаъолиятро қатъ кард. Канорҷӯӣ аз ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, зоҳирпарастию мутеъ будан ба хоҷагони хориҷӣ коста гардидан эътибор ба собиқадорон, қонуншиканиҳои узви раёсати Шӯрои Олии ҳизб обрӯю нуфузи ҲНИ-ро дар ҷомеа паст гардонид. Ҳамаи ин ба нокомии ҲНИ дар интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар моҳи марти соли 2015 оварда расонид.

Бо таври оммавӣ аз сафи ҲНИ баромадани аъзоёнаш, ихтиёран қатъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои ҲНИ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки мардуми Тоҷикистон роҳи дунявии пешрафтро авлотар медонанд.

Аммо, Ҳизби наҳзати исломӣ корашро бо фиребу дурӯягӣ пеш мебурд. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад, вале дар маҷлисҳои махфӣ ва дар ҳисобот бо хоҷагони хориҷӣ, мақсади ҳақиқии худро ташкили давлати исломӣ меномад.

Таҳлили фаъолияти ҲНИ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапӯшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ҲНИ барои алоқамандӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, ин ҳизб зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ, ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст. [10]

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвари худ генерал ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ кардани шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт.

22-уми сентябри соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ҲНИ, қатъи фаъолият ва барҳам додани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон расман террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд. [15]

Моҳи октябри соли 2017 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай тасдиқ кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст. Ташкилоти мазкур рӯзи 28-уми июли соли 2017 бо нашри изҳороте гуфт, ки ҲНИ дар қатори беш аз 100 созмони террористиву ҷудоихоҳ ва ифротгаро ворид шуда, ҳамчун созмони ифротиву террористӣ эътироф гардидааст. [10]

Айни ҳол, ин ҳизби мамнуи террористӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд, ки зеҳнҳоро мағшуш намояд.

Тоҷикистониён сабақҳои таҳаввулоти сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ-ро фаромӯш намекунанд ва намегузоранд, ки ташкилоти таназзулшуда – ҲНИ сулҳу амонӣ, ваҳдати миллиро халалдор намояд.

Адабиёт:

  • Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, 19 ноябри соли 2017 // Садои мардум. – 2017. – 21 ноябр.
  • Лукин А., Ганелин А. Подпольный обком действует: Властъ Таджикистана запретили Исламскую партию возрождения // Комсомольская правда. – 1991. – 23 марта.
  • Минбари халқ. – 2005. – 23 феврал.
  • Муҳаммадшариф Ҳимматзода: Иштибоҳ ҳанӯз дар митингҳои 1992 рух дод (Мусоҳиб А.Мирзо) // Миллат. – 2009. – 25 июн.
  • Набиев В. Ваҳдат – мароми олии миллат. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. – 400 с.
  • Набиев В., Мухторов М. Ризоияти сафобахши миллат // Даҳ соли ҳамдилӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2006. – С.120-145.
  • Нурӣ С.А. Қолин бояд ободу зебо бошад // Даҳ соли ҳамдилӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2006. – С.156-157.
  • Раҳмон Э. Чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди равшандилу солимфикри Тоҷикистон мебошад: Суханронӣ дар маҷлиси бошукӯҳ бахшида ба 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ // Э.Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. – Душанбе: Ирфон, 2009. – С.61-73.
  • Ризоев Б., Набиев В. Политические партии Таджикистана в современных условиях. – Худжанд, 2001. – 60 с.
  • Саидаҳмад С. ҲНИТ ва терроризм // Минбари халқ. – 2017. – 1 ноябр.
  • Хасанов К. Как это было: Истина о регистрации устава Исламской партии возрождения // Народная газета. – 1993. – 27 апреля.
  • Хасанов Р. «Подпольный обком» … под знаменем ислама // Правда. – 1991. – 16 мая.
  • Худо бо мост, пирӯзӣ низ: Мусоҳибаи хабарнигори «Чароғи рӯз» Абдуқаюми Қаюмзод бо раиси ҲНИТ домулло Муҳаммадшарифи Ҳимматзода // Чароғи рӯз. – 1992. - №24.
  • ҲНИТ – зодаи ормони мардум. – Душанбе, 2003. – 410 с.
  • Ҷумҳурият. – 2017. – 31 ноябр.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ