Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза

Ифротгароӣ имрўз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурўҳҳои ифротгарон, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан, таҳдид мекунад.

Имрӯз баъзезанону духтарон сатрпӯширо орзу мекунанд ва ба занони аҷнабӣ тақлид менамоянд. Баъзе аз занону духтарон дониставу надониста худро сатрпӯш карда, худро пайрави асили дини мубини ислом меҳисобанд.Дар асл мусулмони комил будан ҳаргиз ба сару либос вобаста нест. Ҳар ҷомеа тарзи либоспӯшии худро дорад.
Дар кишвари мо занону духтаронро чун кишварҳои исломӣ маҷбурӣ зери сатр намекунанд, чунки Тоҷикистон ҷумҳурии озоду демократӣ аст. Дар баъзе Ҷумҳуриҳои Исломи занону духтарон аз сатр озод шудан мехоҳанд.Баъзе аз занону духтарон бошанд, шояд ба филмҳои хориҷӣ тақлид карда ба таври ихтиёрӣ худро чодарпеч менамоянд. Фикр кунанд, ки барои ба чунин рӯзҳо расидан чӣ қадар занони ҷавон ҷонбозӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз занону духтарон бояд, ки ин озодии худро ҳифз намуда, тақлиди кур-кӯрона ба дигарон накунанд.

Муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии

информатика Ҳасанова М.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ