Тарҷумаи ҳоли раҳбарияти ТЭТ ҲНИ мунташир шуд

Дар таърихи 2-юми октябри соли ҷорӣ ифротии наҳзатӣ бо номи Сиддиқи Акбар дар яке аз сомонаҳои ТЭТ ҲНИ матлаберо мунташир кард, ки бештар ба тарҷумаи ҳоли худу раҳбарони ифротияш монанд аст. Дар ин мақолаи худ вай кушиш кардааст фарқи байни раҳбарони Осиёи Марказиро рӯӣ қоғаз биёрад. Вале дар натиҷа ин матлаб хислатҳои шахсии худаш ва раҳбарашро инъикос менамояд.

Он чор хислате, ки дар матлаби Сиддиқи Акбар омадааст махсусан хоси раҳбарони худи вай мебошад. Ҳарчанд номи раҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказиро овардааст, вале дар воқеъ он ҳама хислатҳои Муҳиддин Кабирӣ мебошанд.
Якум хислати раҳбари Сиддиқи Акбар ин тамаъварзӣ ва дунёдӯстию қудратталабӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ёронаш, ба монанди Сиддиқи Акбар, ҳамарӯза тамаъварзиву қудратталабӣ мекунанд. Онҳо тамаъи расидан ба қудрати сиёсиро доранд ва дар ҳама конфронсу нишастҳо аз дар нашуд аз тиреза дохил мешаванд ва туҳмату буҳтонҳои зиёдро рӯи номи Тоҷикистон ва ҳукумати он мерезанд. Мақсади онҳо пеш аз ҳама дастрас кардани пули хоҷагони аҷнабияшон мебошад. Баъдан онҳо бо хислати қудратталабии худ умед доранд баргарданд ва қисме аз ҳукуматро соҳиб шаванд. Аммо ин ҳама талоши онҳо натиҷа надода истодааст ва шикасти шармандавори онҳо дар нишасти САҲА далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарфи онҳоро ҷиддӣ намегирад. Ҳама медонад, ки онҳо қаллобу мардумфиреб ҳастанд.
Дуюм хислати онҳо белаёқатӣ ва ноуҳдабароӣ аст. Сабаби асосии даст задани онҳо ба ин ҳама туҳмату иғвоангезӣ маҳз ҳамин хислаташон мебошад. Онҳо қобилияти сохтани ҳеҷ барномаи солими рушду пешрафти як кишварро надоранд. Ноуҳдабароӣ онҳоро маҷбур месозад аз дунёи воқеӣ ба фазои маҷозӣ гурехта бо туҳмату таҳқири шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик машғул шаванд. Кушиш мекунанд бо ин роҳи номардона шуҳрат ба даст оваранд. Вале натиҷаи ин ҳама фаъолиятҳо ҳама вақт бар зиёни ин гуруҳ будааст ва обуруи онҳоро ба замин афтондааст.
Сеюм хислати онҳо тарсончакию буздилӣ мебошад. Маҳз ҳамин хислат сабаб шудааст, ки онҳо ёрони худро тарк карда ба Аврупо гурезанд ва аз дурӣ монанди шағол доду вой мекунанд. Ҳатто як маротиба ҳам наомаданд ва ёрони зиндонии худро аёдат накарданд. Мардона омадан ва ҷавоб гуфтан ба ҷиноятҳои худ кори шермардон аст. Вале аъзои фирории ТЭТ НҲИ тарсончаку буздиланд ва ҳаргиз баргашта намеоянд. Онҳо ҳеҷ дилсузие ба ёрони дирӯзаи худ надоранд.
Чорум хислаташон хиёнат ба худиҳо ва хидмат ба бегонагон аст. Ин хислат буд, ки ин гуруҳ аз рӯзи пайдоишаш аз хоҷагони хориҷии худ пул гирифта, хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд. Онҳо манфиатҳои ватани худро мефурӯшанд, бародарони худро мефурӯшанд ва ҳатто насиҳатҳои падару модарашонро ба эътибор намегиранд. Ин фаъолияти маккоронаашон сабаб шудааст, ки имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон чеҳраи сиёҳи онҳоро шинохтааст ва дигар бозгашти онҳоро қабул надорад. Мардуми озодаи Тоҷикистон аз чунин гуруҳи тарсончаку буздилу нолоиқе безор аст ва хостори парокандагии онҳо аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ