Тарғиби мероси маънавӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ

Бо ташаббуси садорати факултети филологияи рус дар хобгоҳи №1-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабинии фарҳангиву тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯдухтарон малакаву маҳорати хешро аз рӯйи намудҳои пазандагӣ, ороиши мӯй, сурудхонӣ, шеърхонӣ, миниатюра ва рақси миллӣ муаррифӣ намуда, табъи иштирокдоронро болида намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷамъомади мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил ва баргузор гашта, мақсад тарғиби ҳунару мероси маънавӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ