Танқиди Илҳом Ёқубов ва зишткориҳои ў.

Илҳом Ёқубов, имрӯзҳо бо эътирози ҷиддӣ эълон мекунад, ки дигар аз аъзои ин гурӯҳ нест ва сабабҳои аз ин ҳизб даст кашиданашро як ба як баён медорад: аввал ин, ки раҳбари имрӯзаи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тамоми ойинномаву барномае, ки ҳизб дошт, поймол намуда, дар атрофи худ ҷавонони бесаводу беэътиқодро, ки онҳо таълимоти шиагароии Ҷумҳурии исломи Эронро гирифтаанд, ҷамъ кард. Дигар ин ки Муҳиддин Кабирӣ аслан шахси мазҳабӣ нест, мақсади ӯ, ҳатто хизмати дини ислом нест, барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан яъне ба мақсадҳои тиҷоратии худ расидан ҳизбро як василаи зинапоя ташкил дода, мехост бо тавассути воситаи номи ҳизб ва байрақи исломї ба мақсадҳои тиҷории худ бирасад, миллионҳо долларҳоро ҷамъ карда, бозорҳо, қасрҳо сохт, мошинҳои қиматбаҳо харидорї намуда ва имрӯз ҳам бошад, дар хориҷи кишвар, аз он ҷумла дар канори Туркияву Аврупо ҳама шароитҳои худро муҳаё кардааст, яъне зиндагї ва ояндаи авлоди худро хуб ба роҳ мондааст.

Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани ин зуҳуротҳои нангин, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамдастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат бо терроризм аз тарафи тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳониён дастгирӣ ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудааст, ки сулҳу суботу осоиштагӣ тамоми оламро фарогир бошад.

Тааҷҷубовар аст, ки бо ин ҳама аъмоли ғайриинсонӣ, имрӯз фирориёни наҳзатӣ ва пайравонашон аз минбарҳои баланд аз озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсон сухан мегӯянд, дар ҳоле, ки дасташон олудаи хун асту тавони дидани дигарандешон, аққалиятҳои миллиро надоранд ва аз ҳеҷ як амали зишт худдорӣ накардаанд ва намекунанд.

Шокирова И. сармуаллими кафедраи электроника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ