Таҷлили Рӯзи байналмилалии тақдими китоб

Аз соли 2012 инҷониб рӯзи байналмилалии тақдими китоб ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ин идест, ки муҳаббатро барои мутолиа намудани китоб бедор мекунад. Он инсонҳоеро сарҷамъ мегардонад, ки китоб тақдим мекунанд, махсусан, ба кӯдакон ва ё нафароне, ки бо ин ё он сабаб ба китоб дастрасӣ надоранд. Ин ҷашн аз тарафи Эмми Бродмури амрикоӣ бо хоҳиши фарзандаш, ки мехост барои одамоне, ки битавонанд ба ҳамдигар китоб тақдим кунанд, рӯзи махсусе вуҷуд дошта бошад, пешниҳод гардида, аз ҷониби умум пазируфта шуда буд.

Бахшида ба ин рӯз раҳбарияти Китобхонаи марказии МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабинии идона баргузор намуд. Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабуров Х.М., оид ба тарбия Давлатзода Рухсора, устодону донишҷӯён ва дигар дӯстдорони китоб ширкат варзиданд. Масъулини китобхона ба маҳфил донишҷӯёни фаъоли китобдӯсту китобхонро ҷалб намуда, озмунҳои мухталиф гузарониданд. Дар озмунҳо донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ ва филологияи тоҷик фаъолнокӣ нишон дода, ҷойҳои ифтихориро бештар сазовор гаштанд. Аз тафари раёсати донишгоҳ ва ҳам китобхонаи марказӣ ба 60-нафар донишҷӯён тӯҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои мухталиф тақдим карда шуд.

Дар ҷамъбаст, Дилбар Самадова – Директори Китобхонаи марказии донишгоҳ аз суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд, чунин ёдовар шуд: “Дар ҷаҳон миллати моро ҳамчун мардуми китобдору китобдўст, фарҳангпарвару фарҳангсолор ва соҳибмаърифату мутамаддин эътироф кардаанд. Ва рисолати таърихии равшанфикрони мо дар гузашта, имрўз ва оянда низ бо таълифу таснифи осори илмиву адабӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида, ба роҳи рост раҳнамоӣ кардани ҷомеа ва эҳтироми фарҳангу ойини халқу миллатҳои дигари ҷаҳон марбут мебошад.” Бо таъкиди ин суханони арзишманди Пешвои миллат директори китобхона даъват ба амал овард, ки ҷавонони мо рӯ ба китобхонӣ оварда, соҳиби маърифати баланд бошанд ва дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳиссагузор бошанд.

Боиси зикр аст, ки барои бедор намудани шавқу завқи донишҷӯён барои китобхонӣ дар назди Китобхонаи марказии донишгоҳ бо ибтикори китобдори факултети забонҳои шарқ Шаҳноза Раҳматова маҳфили “Баҳори дониш” таъсис ёфтааст. Маҳфили мазкур кори худро аз моҳи октябри соли 2018 оғоз карда буд. Ҳафтаи дуюми ҳар моҳ маҳфили мазкур баргузор мегардад. Дар ҳар як маҳфил муаррифии асари бадеӣ, озмунҳо, саволу ҷавоб ва дигар чорабиниҳои шавқовар барои ҷавонон ташкил карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ