Таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Субҳи имрӯз бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамчунин роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва сокинон чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта,аз корномаи иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарф зад ва таъкид намуд, ки хотираи неки онҳо дар дилу дидаи мо абадӣ маскан гирифтааст.

Сипас, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Хуҷанд гулчанбар гузошт.

Маврид ба зикр аст, ки дар қатори кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар чорабинӣ ширкат варзида, бар пояи муҷассамаи шаҳидони ҷанг ба хотири арҷгузорӣ ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчамбар гузоштанд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ