Сулҳбадбинони асри технологияи муосир ва нанотехнология

Вақте ки дар дохили сарлавҳаи ба мақолаи мазкур номгузоригардида калимаи “сулҳбадбинонон”- ро мехонед, албатта дар назаратон ташкилотҳои замони муосир, ки чашми дидан ва гӯши шунидании оромиву осоиштагии сайёраро надоранд, ба мисли лентаи кино мегузарад. Дар он лентаи кино хоинону душманони инсоният, қатлу ғорати беисботи он малъунони ҷамъияти муосир, бехонаву бедарони тарки ватан намудаву сарсонгашта, залилгардидагони гумроҳгардида, беваю кӯдакони ятим ва албатта майдонҳои ҳарбу зарбро бо ҷӯйҳои саршори хун мебинед.

Ташкилкунандагони ин нобасомониву сарсониҳо албатта аъзоён ва ташкилкунандагон, думравон ва лагандбардорон, ба пули бедардимиёни хоҷагони аблаҳашон одатнамуда - яъне ҳизбҳои ба ҷамъияти муосир бегона мебошанд. Онҳо хоинони ҷамъиятҳои инсонии қарни нав буда, ба хотири мансаб ва пулу мол ҷаҳони муосирро зери арсаи ҷангу куштор расонандаҳо мебошанд.

Пӯсти онҳо аз пӯсти даранда ҳам сахт мебошад, ки маломатҳои нисбати худ шунидаашонро умуман дарк наменамоянд.

Бешууронанд онҳо! Танҳо афти андоми одамиро дороанду хислату кирдорҳои дарандагонро такрор мекунанд.

Ин бешарафон ва беномусони наҳзатӣ барои ба ин ном сазовор гардидан чӣ қадар номаъқулиҳоро дар сайёраамон ба амал овардаанд, ки хеле бешумор буда, ҳар як кирдору рафтори онҳо аз якдигар бо намудҳои қатлу ғорат ва куштори инсоният фарқ доранд.

Онҳо номи террорист ва экстремистони наҳзатиро бо шарофати хунхориашон нисбати оромии олами муосир сазовор гардидаанд. Хуб мешуд, ки номи сазовореро нисбати худ доро мегардиданд.

Варақаҳои таърихи тамаддуни инсоният бо сиёҳ будани онҳо пур гардида истодааст. Онҳоро мардуми сулҳдӯсти олам кӯчактарин инсонҳо мешуморанд, барои он ки онҳо барои ба ин ном доро гардидан ҷамъиятҳои солими дунёро носолим намудаанд ва намуда истодаанд.

Онҳо рӯйсахтон ва беибоёни замонамон ба ҳисоб рафта душмани ашаддии ҷонӣ ва нонии мардуми оламанд. Он теократҳо аз номи дини мубораки “Ислом” баромад намуда халқро аз гумроҳии худ бехабар гумроҳ карданианд. Ҳамеша даст ба дуо мебардорем ва дуо мегӯем, ки тахрибкориро он наҳзатиён пешаи худ нагардонанд ва баръакс амалҳои манфури худро ба амалҳои мусбат табдил диҳанд.

Гарчанде дар ҳаққи онҳо мо суханҳои бефаровезу қабеҳ нависем ҳам онҳо бетаъсиранд, зеро қудрати майнаи онҳо нисбати илмҳои замони муосир кунд аст.

Мо омӯзгорон мебояд ба он кундзеҳнон роҳ надиҳем то, ки шогирдони моро тӯъмаи навбатиии ҷоҳилияти худ нагардонанд. Ба ҷои он на танҳо ба ҷавонон, балки ба гирду атроф ва муҳити ишғолнамудаамон мафҳумҳои терроризм, экстремизм ва наҳзатиҳо ва мисоли инҳо барин истилоҳҳои замонамонро дарк кунонем.

Мо соҳибтамаддунем, ки инро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо дастрас намудааст.

Мо бояд ба худ рӯзгореро фароҳам орем, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Он рӯзгори барпонамудаистодаи мо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаест барои пойдории миллати тоҷик мебошад.

Бобоева З.Ҳ.-дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ